Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Рашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад

Ҳарчанд ки соли таваллуд ва вафоти ӯ маълум нест ва дар бораи вай маълумот хеле кам ва ноқис аст, вале аз шоирони маъруфи асри худ будааст. Рашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад ибни Муҳаммад яке аз шоирони форсу тоҷик аст, ки дар асрҳои ХI ва ибтидои асри ХII зиндагони кардааст. Дар Самарқанд илмҳои расмии замонаашро омӯхтаастРашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад

Тарҷумаи ҳол
Ҳарчанд ки соли таваллуд ва вафоти ӯ маълум нест ва дар бораи вай маълумот хеле кам ва ноқис аст, вале аз шоирони маъруфи асри худ будааст. Рашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад ибни Муҳаммад яке аз шоирони форсу тоҷик аст, ки дар асрҳои ХI ва ибтидои асри ХII зиндагони кардааст. Дар Самарқанд илмҳои расмии замонаашро омӯхтааст. Маълумоти нисбатан пурраро дар бораи Рашидӣ муаллифи «Таърихи адабиёти форсӣ» Ҳерман Этте додааст. Рашидӣ баъд аз хатми мадраса ва камолоти таҳсилу такмили маҳорати шоирӣ дар доираҳои адабии Карохониён ва Салҷуқиён хизмат кардааст. Шоири дарбори Хизрхони Карохонӣ (аввали асри XII ) будани вай ва дараҷаи саидашшуароӣ доштани ӯро нақле, ки Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола оид ба муносибати ӯ ба Амъақи Бухорои овардааст, тасдиқ менамояд Рашидӣ бисёр ҳозирҷавоб ва базлагӯй буд, ки махсусан барои шоири дарбор лозим буд. Боре Хизрхон дар сӯҳбат бо Амъақ пурсидааст, ки ӯ дар бораи шеърхои Рашидӣ чӣ мулоҳиза дорад. Амъақ ҷавоб додааст, ки «хуб аст, вале андак бенамак аст». Дар ин сӯҳбат Рашидӣ ҳозир набуд, вақте ки ҳозир шуд, подшоҳ ба ӯ гуфтаи Амъақро нақл карда, ҷавоб гуфтанро тақозо намуд. Рашидӣ бадеҳатан гуфтааст:
Шеърҳои маро ба бенамакӣ
Айб кардӣ, раво бувад шояд:
Шеъри ман ҳамчу шакару шаҳд аст,
Андар ин ду намак намебояд.
Шалғаму боқилост гуфтаи ту,
Намак, эй қалтабон, туро шояд.

Ровӣ нақл мекунад, ки шоҳ аз ин ҷавоб хурсанд шуд. Дар сӯҳбати ӯ одатан ҳар рӯз чор табақ тилло мегузоштанд. Он рӯз подшоҳ ҳар чор табақ тиллоро ба Рашидӣ бахшид. То кадом дараҷа дуруст будани нақлро тасдиқ кардан душвор аст, вале ин далели он аст, ки Рашидӣ маҳорати ҳозирҷавобӣ, латифагӯӣ ва табъи хуш доштааст. Хусусияти дигари ҷолиби диққат дар эҷодиёт ва ҳиссиёти Рашидӣ ватандӯстӣ ва ифтихори миллист. Масалан, дар замони ҳукумронии феодалҳои турк муносибат ба шоирони классики миллии давраи ҳукумронии феодалҳои тоҷик Сомониён тағйир ёфт. Баъзе шоирони дарбор аз қабили Муиззӣ ва.Хоқонӣ онҳоро ҳаҷву тамасхур карданд. Рашидӣ ҳамчун шоири ватанпарвар тарафи эшонро гирифта, эҷоди он шоиронро ҳимоя кардааст. Масалан, ӯ дар бораи миқдори мероси адабии Рӯдакӣ маълумоти қиматбаҳое дода, вайро зебандаи сарварии шоирон донистааст. Шояд аз сабаби барои шоирони ватандӯст номусоид будани шароити дарбори Карахониён бошад, ки Рашидӣ аз ватан ҳиҷрат карда, аз шаҳре ба шаҳре, аз дарборе ба дарборе гаштааст. Вай аз дарбори Карахониён ба дарбори Салҷуқиёни Хуросон Туғоншоҳ ( ҳукумрониаш байни 1174 – 1186) ва Мозандорон Ҳисомуддавла Ардашер ( 1172 – 1207) рафта, шоири дарборӣ шудааст. Рашидӣ асосан шоири қасидасаро мебошад. Қасидаҳои ӯро аз ҷиҳати шакл ба қасидаҳои Анварӣ баробар медонанд, вале аз ҷиҳати мазмун аз вай пасттар мешуморанд . Рашидӣ ҳам монанди Анварӣ илова ба шоирӣ, аҳли илм –мунаҷҷим ҳам будааст ва аз шоирони забардасти замони худ ба ҳисоб рафта, ӯро ба дараҷаи устодӣ мешинохтаанд. Қасидасарои моҳиру машҳур Заҳири Форёбиро шогирди ӯ медонанд. Рашидӣ дар охири умраш аз хизмати дарбор ва умуман дунёҷӯӣ даст кашида, гӯшанишин шудааст. Ниҳоят дар шаҳри Табрез вафот кардааст ва қабраш дар қабристони «Мақбаратушшуаро»-и Сухроб будааст.
Эҷодиёти Рашидии Самарқандӣ
Муҳаммад Авфӣ дар «Чаҳор мақола» ӯро аз шоирони машҳури замон донистаанд, Оид ба шарҳи ҳол ва тафсилоти зиндагиаш маълумоти кофӣ нест, Рашидии Самарқандӣ бо чанде аз шоирони давр мушоира ва мукотиба (бо Масъуди Саъди Салмон) доштааст, Осори Рашидии Самарқандӣ муқаттаот, порчаҳои пароканда аз маснавиҳо ва қасидаҳо мебошанд, ки тавассути тазкираҳо асарҳои адабиётшиносиву таърихӣ дастрас гардидаанд, Дар онҳо ахлоқи нек ва илму дониш васф шудааст, Ашъори Рашидии Самарқандӣ пуробуранг ва соддаву фасеҳ аст ( дар «Алмӯъҷам» -и Шамси Қайси Розӣ 26 байти ӯ ҳамчун намунаи санъати мувашшаҳ оварда шудааст), Манзумаҳои «Зинатнома», «Меҳру Вафо» ва чанд асарҳои мансур ҳам ба Рашидии Самарқандӣ, нисбат дода мешаванд, ки дастрас нагардидаанд. Мероси Рашидӣ то ба замони мо хеле кам омада расидааст. Қитъаи машҳури ӯ дар ҳаққи Рӯдакӣ гувоҳ аст, ки пайрав ва мухлиси боэътимоди устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ будааст. Вай шеърҳо Рӯдакиро хонда, аз бисёрии миқдори он ҳайрат намуда ва барои муайян намудани ададаш кӯшиш намудааст. Рашидӣ устод Рӯдакиро сарвари шуаро донистааст ва миқдори ашъори ӯро як миллиону сесад ҳазор мисраъ донистааст:

Гар саре ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Мутаассифона, осори Рашидии Самарқандӣ ҳамроҳи девони ашъораш нобуд шудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.