Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Аҳмади Дониш

Аҳмади Дониш нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хатоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри 19, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик аст. Номи ӯ Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ӯ лақаби Аҳмади Калларо низ додаандАҳмади Дониш

Аҳмади Дониш нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хатоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри 19, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик аст. Номи ӯ Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ӯ лақаби Аҳмади Калларо низ додаанд.
Аҳмад Махдуми Дониш тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Носир ном муллои қамбағал таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар пеши модараш, ки дар хонааш барои духтарон мактаби хусусӣ дошт, гирифта, баъди хатми маълумоти ибтидоӣ бо хоҳиши падараш ба дабистони қориён дохил шуд. Баъд аз он падараш ӯро ба мадраса монд, то ки писараш илмҳои маъмули замони худро аз худ намояд ва барои таъмини зиндагиаш ба ягон мансабеву мартабае расад.
Аҳмади Дониш берун аз программаи мадраса мустақилона аз рӯи китобҳои олимони бузурги Шарқ илми табииёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро меомӯзад. Дониш аз хурдсолӣ хати зебое ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулъодае дошт. Вай барои дӯстдорони китоб девону рисолаҳои илмиро китобат намуда, бо расму нақшу нигор зинат медод ва ба музди кори худ рӯз мегузаронд.
Пас аз хатми мадраса Аҳмади Дониш ба воситаи яке аз устодони санъаткораш ба сифати меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир Насруллоҳ тавсия шуд. Дар ин солҳо Дониш бо илми нуҷуми анъанавӣ машғул мешавад ва ин илмро, ки дар доираи дарбор ба он хеле эътиқод доштанд, нағз аз худ мекунад. Ҳунари хаттотӣ ва рассомӣ ва илова бар ин барои ин дониш дар илми нуҷум Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ соҳиби обрӯю мартабае гардонид. Амир Насруллоҳ соли 1857 барои таъзияи императори рус Николаи I ва ба тахт нишастани Александри II ба Петербург ҳайъати сафорате равон кард ва ба ин ҳайъат худаш шахсан Донишро ба сифати котиб дохил намуд. Ғайр аз вазифаи котиби амир ба Аҳмади Дониш махсусан фармуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии Русияро нағзтар омӯзад ва натиҷаи мушоҳидаҳои худро ба амир арз намояд. Ҳайъати сафорати Бухоро дар Петербург ду моҳ истоданд. Дар ин мудат ба ғайр аз гуфтугӯи расмии давлатӣ марказҳои илму маданият ва иншоотҳои Петербургро тамошо карданд.
Соли 1860 амир Насрулло вафот кард ва амир Музаффар ба сари тахт нишаст. Дар солҳои 1866-1868, ҳангоме, ки дар байни Русияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Хӯқанд низои ҳарбӣ ба вуҷуд омада, майдони ҷанг торафт вусъат меёфт. Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кӯшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни Русияву Бухоро муносибатҳои дӯстона барқарор гардад. Аммо ҷанг шиддат гирифта, охир бо мағлубияти аморати Бухоро тамом шуд. Пас аз имзои шартномаи сулҳи байни Бухорову Руссия амир маҷбур шуд, к ибо тарафдорони дӯстӣ ва сулҳ бо Руссия, аз ҷумла бо Аҳмади Дониш дар корҳои минбаъда машварат кунад.
Солҳои 1869-1870 амир Донишро ба ҳайъати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад. Пас аз ҷангу муҳориба ва зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни руссияву Бухоро аз нав муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намудан лозим буд. Бинобар ин дар ин сафари пурмасъулият ва бонуфуз мавқеъ ва таъсири Аҳмади Дониш хеле калон буд. Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар дар ивази хидматҳои шоистаи Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ӯ унвони фахрии илмии дарбор «Ӯроқ»-ро дод.
Баъди сафари Русия диду назари Аҳмади Дониш нисбат ба Аморати Бухоро ва сохти давлатдории он кулан тағйир ёфт. Аҳмади Дониш ҳангоми сафар бисёр навигариҳоро дидаву мехост самараҳои рушду инкишофи илмию маданӣ ва техники Русияро дар Бухоро низ ҷорӣ намояд.
Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия ҳамин шуд, ки дар вуҷуди ӯ ақидаҳои пешқадами маорифпарварӣ ба вуҷуд омаданд. Фикру андешаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар ҳаёти сиёсию маънавии он замон яке аз ҷараёнҳои тараққипарвона ба шумор мерафтанд. Дониш пас аз сафари Русия қафомондагӣ ва ҷаҳолату сохти иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти илмию мадании кишвари худро дарк намуд. Вай бо рушду нумӯи бузурги илмию фаннии Русия, инкишофи сохти сармоядорӣ ва ихтирооти илмии он кишвар аз наздик ошно пайдо кард. Ҳамаи ин диданҳову шуниданҳо ҷаҳонбинии Донишро хеле васеъ намуд. Дониш хуб дарк мекард, ки барои он ки аҳли илму адаб чунин пасмондагӣ ва қафомондагии кишварамонро бифаҳманд, чашми онҳоро ба сӯи кишвари Русия ва хориҷи он кушодан лозим аст. Аҳмади Дониш маданияти мардуми русро тарғибу ташвиқ намуда, мехост ба воситаи илму маданияти онҳо ҳаёти маънавии аморати Бухороро тағйир диҳад. Ин яке аз он ҷиҳатҳои муҳими афкори маорифпарварии Дониш ба ҳисоб мерафт. Аз ин бобат хусусияти асосии афкори маорифпарварии Дониш се нуқтаи барҷаста дорад.
Якум. Аҳмади Дониш дар осори илмию бадеии худ ба муқобили сохти пӯсидаи феодалӣ, тартиботи давлатӣ нафрати сахт дошт. Дуюм. Дониш омӯхтани илмҳои дақиқ ва дунявӣ, омӯхтани забон ва илму маданияти рус, аз худ намудани таҷрибаи тараққиёти мамлакатҳои пешқадами Аврупоро тарғиб ва усули кӯҳнаи таҳсили мадрасаро сахт танқид намудааст. Сеюм. Дониш дар асарҳои худ манфиати оммаи меҳнаткаш ва тамоми зулму ситамдидагонро самимона ва далерона ҳимоя кардааст. Ҳам дар осори илмию фалсафӣ ва ҳам дар қиссаҳои бадеӣ. Дониш ба намояндагони халқи оддии меҳнатӣ бо хусни таваҷҷӯҳ нигаристааст, қувваи бузург ва тавонои халқи ҷафодида ва мазлумро тараннм намудааст.
Ақидаҳои маорифпарварии Дониш барои тараққиёти афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоӣ дар нимаи дуюми асри 20 аҳамияти ниҳоят калоне дошт.
Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки дар низому тартиби ҷамъият ва давлатдории аморати Бухоро ислоҳоти шадиде ворид намудан лозим аст, ки ҳолу аҳволи мардум беҳтар гардад.
Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш тамоми фикру андешаҳо ва ақидаҳои маорифпарваронаи хешро ба тарзи ҳикояи бадеӣ ва бо забони содаву равон иброз намудааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.