Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Боботоҳири Урён

Боботоҳири Урён, ки дар таърихи адабиёти форсу точик хамчун шоири ориф ва рубоисарои мумтоз шинохта шудааст, охири асри X ва ибтидои асри XI дар Ҳамадон умр ба сар бурдааст. Рочеъ ба соли таваллуд ва вафоти шоир дар сарчашмахо маълумоти сахех чой надорад. Боботохир аз аввалин суханваронест, ки ирфон ва сухану фалсафаи ирфониро ба адабиёти форсу точик ворид кардаастБоботоҳири Урён

Тарҷумаи ҳол
Боботоҳири Урён, ки дар таърихи адабиёти форсу точик хамчун шоири ориф ва рубоисарои мумтоз шинохта шудааст, охири асри X ва ибтидои асри XI дар Ҳамадон умр ба сар бурдааст. Рочеъ ба соли таваллуд ва вафоти шоир дар сарчашмахо маълумоти сахех чой надорад. Боботохир аз аввалин суханваронест, ки ирфон ва сухану фалсафаи ирфониро ба адабиёти форсу точик ворид кардааст. Эчодиёти ин суханвар аз бисёр чихат намунахои эчодиёти шифохии мардумро ба хотир меоранд. Зохиран мархилахои аввали пайдоиш ва густариши акоиди ирфони хамин чихатро такозо мекард. Як кисм суханони Боботохир ба шеваи гуфтори мардуми Хамадон таълиф шудаанд, ки аз иртиботи кавии эчодиёти шоир бо забони мардум гувохи медихад:
Яке барзигаре ногун дар ин дашт,
Ба чашми хунфишон олола мегашт.
Хамегашту хамегуфт: «Эй дарего,
Ки бояд киштану хиштан дар ин дашт».

Боботоҳири Урён асосан бо дубайтиҳояш шуҳрат ёфтааст, ки миқдори онҳо дар девони шоир ба 354 мерасанд.
Бештарини дубайтиҳои Боботоҳири Урён ба тасвири манозири табиат, ки шояд яке аз мавзеъхои музофоти Ҳамадон бошад, иншо шудаанд. Аксар дубайтиҳояш ишқию ирфонианд. Вале чун аз чиҳати соддаги ва тарзи баён бо эчодиёти шифоҳии халқ хеле наздиканд, дар байни оммаи мардум шуҳрати зиёд пайдо кардаанд.
Шоир шахси сӯфӣ буда, суханонаш дар пардаи тасаввуф баён шудаанд. Вале мақсади Бобо Тоҳири Урён шарҳу баёни тасаввуф набуда, бештар ифодаи эҳсосоти дили беқарораш мебошад. Дар дубайтиҳояш аз хусуси муаммои ҳасти, шикоят аз зиндагии вожгун, ишки сӯзон, розу ниёз ва ғайра сухан меронад. Дар ашъори шоир образи дил мавқеи муҳимро дорад ва ҳолату кайфиятҳои мухталифи қаҳрамони лирикиро ифода мекунад:
Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба мо доим бо чанги, эй дил, эй дил.
Агар дастам расад хунат бирезам
Бубинам то чӣ ранги, эй дил, эй дил.

Образи дигар дар дубайтиҳои ӯ дида ё чашм аст, ки бо дил дуст ва меҳрубон мебошад. Шоир аз фидокории дил дар ҳайрат мемонад:
Болоя дил, болоя дил болоя,
Куна чашмун, к-аз ун дил мубталоя.
Агар чашмун набинад рӯи зебо,
Ин гуна дил, ки хубон дар кучоя.

Боботоҳири Урён ранҷу машақат ва нохушиҳои ҳаёти худро аз гардиши чархи гардун медонад ва бо неруи идрок ва ҷаҳонбиниаш ба он муқобилат кардани мешавад:
Агар дастам расад бар чархи гардун,
Аз ӯ пурсам, ки ин чун асту он чун?
Якеро додаи сад гуна неъмат.
Якеро қурси чав олуда дар хун.

Дар бисёр дубайтиҳояш Боботоҳири Урён ишқро тараннум намудааст:

Насиме, к-аз буми он кокул ояд,
Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд,
Чу шаб гирам хаёлатро дар оғуш.
Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.

Шоир бештари рубоиёташро ба мавзуи шикоят аз замона, нобарори ва тангдасти, гаму андух ва шикоят аз номехрубонихои маъшуки якто бахшидааст. Ин мавзуъ хоси жанри хурди лирики буда, ба кулли рубоисароён ихтисос дорад:
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Каси бе кас тӯӣ, ман монда бекас
Ҳама гуянд Тоҳир кас надорад,
Худо ёри ман аст, чӣ ҳоҷати кас.
Сарам болин, танам бистар надорад.
Ба ҷуз шӯри ғамат дар сар надорад
Ниҳад дур аз ту ҳар кас сар ба болин
Илоҳӣ, сар зӣ болин барнадорад
Дило аз дасти танҳои ба ҷонам,
Зи оҳу нолаи худ дар фиғонам
Шавад дил тор аз дарди ҷудоӣ
Кунад фарёд мағзу устухонам

Дар девони шоир ба ғайр аз дубайтиҳо 4 ғазал ҳам мавчуд аст. Аз Боботоҳири Урён як маҷмӯаи суханони пурқимати арабӣ ба унвони «Калимоти қасорӣ» ҳам мерос мондааст, ки чанд нафар суханварони арабиву форсӣ ба он шарҳ навиштаанд.
Дар мавриди бузурги ва шухрати Боботохир ривоят мекунанд, ки дар айёми навраси шабе Хофиз бар сари гури Боботохир биёмад ва аз бебарории хеш дар боби эчод гилагузори кард. Бисёр гирист ва он чо хоб уро даррабуд. Дар хоб садои хазрати Алиро шунид, ки овоз медод: «Бирав, ки дарвозаи улум ба руи ту боз шуд». Бедор шуд ва ин газалро гуфт:
Душ вакти сахар аз гусса начотам доданд,
В-андар он зулмати шаб оби хаётам доданд…

Қабри Абусаиди Абулхайр дар Ҳамадон вокеъ буда, айни хол назаргохи ахли дил ва алокамандони шеъру сухан карор гирифтааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.