Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Мавқеъ ва нақши маорифпарварони тоҷик дар пешрафти фарҳанг.

Барои омӯхатни ҳар як миллату нажод мо бояд аввал аз фарҳангӣ он бо хабар бошем. Фарҳангу анъанаҳои миллии онро омӯхатн лозим аст. Мо тоҷикон бояд пеш аз ҳама ба фарҳанги бою ғании худ омӯзем ва сипас фарҳангӣ дигар халқу миллатҳоро. Мо низ дар ин мақола оид ба мавқеъ ва нақши маорифпарварони тоҷик дар пешрафти фарҳанг каме бошад ҳам таҳлил менамоемМавқеъ ва нақши маорифпарварони тоҷик дар пешрафти фарҳанг.

Нақша:

1. Сарсухан
2. Таҳқиқи фарҳангӣ тоҷик
3. Саҳми Аҳмади Дониш дар пешрафти фарҳангӣ тоҷик
4. Саҳми дигар маорифпаварон дар перафти фарҳангӣ тоҷик
5. Тараққиёти касбу санъат ва соҳаҳои муҳими рӯзгор

Сарсухан
Барои омӯхатни ҳар як миллату нажод мо бояд аввал аз фарҳангӣ он бо хабар бошем. Фарҳангу анъанаҳои миллии онро омӯхатн лозим аст.
Мо тоҷкион бояд пеш аз ҳама ба фарҳанги бою ғании худ омӯзем ва сипас фарҳангӣ дигар халқу миллатҳоро. Мо низ дар ин мақола оид ба мавқеъ ва нақши маорифпарварони тоҷик дар пешрафти фарҳанг каме бошад ҳам таҳлил менамоем. Халқи тоҷик аз қадиму айём фарҳангдӯсту фарҳангшинос буд, имрӯз мо насли ҷавони миллати тоҷик ин анъанаю гузаштагони худро аз даст надодаем ва то даме ҷон рамақ дорем мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳбон бошем.

Таҳқиқи фарҳангӣ тоҷик
Барои таҳқиқи фарҳангӣ нимаи дуюми асри 18 ва ибтидои асри 19-и халқи тоҷик асари машҳури Муҳаммад Яъқуб «Гулшан-ул-мулук» ба аҳамияти калон соҳиб аст. Асар аз он ҷиҳат пурқиммат аст, ки муаллифаш ба табақаи дорои манғития тааллуқ дошта, шоҳиди биср воқеъаҳо буд ва он камбудию воқеаҳоро ошкор тасвир кардасст.
Барои таҳқиқи фарҳанги мардуми тоҷик дар ин давра маълумотҳои М.Бекчурин, С. Бурнашев қайди Мирзошамси Бухороӣ ва тавзеҳотӣ В.В.Григорев ниҳоят бузург мебошанд. Барои омӯхтану аз худ намудани фарҳангу анъанаҳои мардуми Осиёи Мараказӣ дар асрҳои 18 – 19 дастовардҳои фарҳангии «Таворихи авоил ва авохир»-и Муинӣ, «Таърихи амир Ҳайдар»-и Мулло Ибодуллоҳ ва Мулло Муҳаммад, «Футуҳномаи»-и Бухороӣ, «Зафарнома»-и Хусравӣ, «Шоҳнома»-и Умархонд, «Таърихи муҳоҷирон»-и шоираи Дилшода ва дигарон ёрии калон мерасонанд. Ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъат ва адабиёт объективона мусоидат кард. Олимону рӯшанфикрону тараққипарвари Руссия дар бобати тадқиқи иқтисодиёти, мардушиносӣ, таърих, забон, адабиёт, истифодабарии сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Марказӣ хизматҳои зиёде кардаанд.

Саҳми Аҳмади Дониш дар пешрафти фарҳангӣ тоҷик
Аксари мутафаккирон ва рӯшанфикрони мардуми Осиёи Марказӣ аз намояндагони зиёиёни пешқадами Руссия сабақ мегирифтанд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафаккири бузурги он солҳо Аҳмади Дониш (1827-1897) таъсири маданияти пешқадами Руссия ниҳоят бузург аст. Аҳмади Дониш дар он замон яке аз фозилтарин фарди Бухоро ба шумор мерафт. Аҳмади Донишро бо сабаби озодфикриаш таҳқир намуда, «кофираш» хонда буданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам донишу маҳорат ва маълумотҳои ӯ амирро маҷбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Аҳмади Дониш ба сифтаи икотиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Ин шиносоӣ юо Руссия ва маданияти мардуми рус дар тамоми ҳаёт ва фаъолияти ӯ нақши ҳалкунанда бозид.
Ба ақидаи вай агар амирро бо фоидаи маорифи халқ бовар кунонида шавад, гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии мардуми Осиёи Марказӣ кофист. Рӯҳи тамоми гуфтаҳои ӯро меҳру муҳаббат нисбат ба халқ ва ғамхорӣ барои саодатмандии мардум Фаро гирифтааст. Муҳимтарин асари Аҳмади Дониш рисолаи «Наводир-ул-вақоеъ» мебошад, ки аз маҷмӯи порчаҳои илмии фалсафӣ, публисистӣ ва бадеӣ фароҳам омадааст. Аҳмади Дониш бо ақидаҳои фалсафии худ дар мавқеи идеалистӣ қарор дошта, монанди Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ба таълимоти абадияти олам ва офарида нашудани он мухлис будани худро низ изҳор доштааст. Ин дар шароити онвақтаи партаассуби Бухоро ҳамаи пояҳоро ба ҷунбиш медаровард. Ӯ дар рисолаҳояш камбудию ноадолатиҳои ҷомеаи худро баён намудааст.
Вай ҳамчунин пешбинӣ карда буд, ки бартараф намудани ин камбудиҳою ноадолатии ҷомеа фақат бо ёрии мардуми рус ба мо муяссар хоҳад шуд. Бо ин ақидаҳояш Аҳмади Дониш тарафдорони худро зиёд кард. Ин гунна муносибати ӯро устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ хеле таъсирбахш ба қалам медиҳад. Аз ин ҷиҳат фикру ақидаҳои Аҳмади Дониш бо вуҷуди он нисбат ба муносибатҳои синфӣ ақидаи пешқдам ва прогрессивӣ буданд.
Бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофии худ як гурӯҳ пайравон, рӯшанфикрон, маорифпарварони асри 19 ва ибтидои асри 20-и тоҷикро муттаҳид кунад. Яке аз инҳо Абдулқодирхоҷаи Савдо буда тақрибан дар байни солҳои 1823-1824 дар Бухоро таваллуд шудааст. Дар замони зиндагии савдо ақидаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбиши афкори сиёсиву иҷтимоӣ ҳанӯз дар аморати Бухоро интишор наёфта буд. Он бедории фикрие, ки дар байни илму адаб ба вуҷуд омада буд, пас аз охири солҳои ҳафтодум рост меомад, ки давраҳои баъди таълифи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро дарбар мегирад. Савдо дар ғазал ва манзумаҳои тақлидиаш баъзе фикрҳои танқидӣ ва тарғиби ахлоқи некро ифода намудааст. Ин гуна дар байтҳои дар байтҳои алоҳидаи ғазалҳои бедилона ва ҳофизонаи ӯ дида мешавад.

Саҳми дигар маорифпаварон дар перафти фарҳангӣ тоҷик
Савдо аз банди тақлиду пайравии назми гузаштагон берун рафта, ба муқобили мавзӯи диниву тасаввуфии адабиёти замонаш, ба муқобили ҷаҳолат ва таассуботи динӣ дар лирикааш оҳанги некбинона ва хушнудонае дохил намуд. Ин оҳанг дар лирикаи Савдо дар образи ринди бебоке таҷассум ёфт. Савдо дар ғазал ишқи ҳақиқии инсониро, ишқеро, ки ба касс роҳату қувати рӯҳӣ мебахшад, тараннум мекард.
Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо вуҷуди душвории зиндагӣ ва ноҳамвории шароити рӯзгораш пайваста дар фаъолияти илмиву эҷодӣ буд, ки мутаасифона, имрӯз на ҳамаи онҳо ба мо расидааст. Ӯ соли 1886 ба сафари ҳаҷ мебарояд ва ба ин баҳона бо бисёр мамлакату кишварҳои пешқадам, бо бисёр олиму фозилони хориҷӣ шинос мешавад. Сафари ӯ аз шаҳри Бухоро сар шуда, тавассути Туркистон, Кавказ, Истамбул то Арабистони Саудӣ ва дар бозгашт бо тавассути Ироқу Эрон баъди як сол ба ватани хеш Бухоро баргашт. Баъди баргаштан ӯ хотираҳои роҳ ва мулоқотҳояшро бо олиму фозилон ва мардуми шаҳрҳои дидагиаш дар шакли китоб бо номи «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-улмамолик» («Воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои бийни кишварҳо») таълиф намуда, онро ба амир Абдулаҳад мебахшад. Номи дигари ин китобро «Огаҳиҳои ғариб аз аҷоиботи сафар» мегузорад. Возеҳ дар ин китоб нафақат сафари ҳаҷ ва шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро тасвир мекунад, балки аз бисёр воқеа ва шароити мамлакатҳои тараққикардаи Аврупою Осиё барои ҳамдиёронаш хабарҳои тозаву навин ва иборатбахш нақл мекунад ва ба ин восита вай мисли Аҳмади Дониш дидаи биниши аҳолии дар ғафлату ҷаҳолати асримиёнагӣ мондаро ба ҷаҳони фаррох мекушояд. Ғайр аз ин яке аз асарҳо ӯ «Тӯҳфаи амонӣ»- ном дошта, бевосита ба илми тиб бахшида шудааст.
Шамсиддин Махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари ӯ Мулло Амон аслан аз Кӯлоб буда барои аз бар намудани илму дониш ба Самарқанд ва сипас ба Бухоро меояд. Шоҳин ҳарчанд умри кӯтоҳ ва пур мусибату таҳлука дида бошад ҳам, аммо мероси хеле бой ва гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт. Ин мерос аз девони ғазалиёт, маснавии «Лайли ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Тӯҳфаи дӯстон», рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» иборат аст.
Шоҳин дар рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и худ иллату нуқсонҳои аоратро ниҳоят нозуксанҷона ва бо нафрату ғазаби пуршӯр нишон додаст. Ин ҳамон хулосаҳоест, ки Дониш дар «Рисолаи таърихӣ» пас аз таҳлили таърихию иҷтимоии аморат далерона ва ошкоро гуфта буд. Ҳамон ҳақиқати таърихӣ ва конкретӣ суханони Донишро Шоҳин дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» бо образҳои бадеӣ такрор ва тасдиқ намудааст. Бинобар ин маснавии «Туҳфаи дӯстон» ва рисолаи «Бадоеъ-ус-саноеъ» аз асарҳои беҳтарини адабиёти маорифпарварии нимаи дуюми асри 19 ба шумор мераванд. Исо Маҳмуди Бухороӣ, Ҳайрати Бухороӣ ва дигарон барин рӯшанфикрони забардасти охири 19 буданд, вале аз ҷиҳати ақидаву мафкура ба дараҷаи мутафаккири бузург Аҳмади Дониш расида натафонистанд.
Бо баробари ба Руссия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ дар он корхонаҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ таъсис дода шуда робитаи тиҷоратию фарҳангии мардуми маҳаллӣ бо мардуми русҳо пайдо шуданд. Дар байни онҳо роҳҳои оҳан сохта шуд, ки он ба зиёдшавии рафту омади мардуми тоҷику рус оварда расонид. Ин робита ба адабиёти маорифпарварони нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 19 хеле таъсир расонидааст.
Намояндагони пешқадами ин гунна адабиёт дар вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон Муқимӣ, Амбаротун, Фурқат, Ҳамза ва Дилшодӣ буданд, ки ба фарҳангу тамаддуни баланди мардуми рус ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, дӯстию рафоқати мардуми рус ва халқҳои Осиёи Марказиро дар маҳсули эҷодиёту ҳунари худ доимо тарғибу ташфиқ мекарданд. Эҷодиёти онҳо баъди инқилоби маданӣ хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Шиносоӣ бо эҷодиёти рӯшанфикрони рус ба эҷодиёти баъзе аз озодандешону рӯшанфикрон чун Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ ва Айнӣ таъсири бузург расонид.
Ҳайрат шоири боистеъдод ва ғазалсарои забардасти мардуми форсзабон буда, дар назм роҳҳои нав меҷуст. Ӯ шеърҳое, низ дорад, ки дар онҳо мардумро ба маърифатнокӣ даъват намуда, дар роҳи беҳбудии мадум ҷаҳд карданро сифати олии инсон мешуморад. Яке аз ҳамзамону ҳамфикри Ҳайрат Тошхӯҷаи Асирӣ мебошад. Ӯ шоири инсондӯст буд ва мегуфт, ки «вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст». Асирӣ мисли маорифпарварони ғарб ақидае дошт, к ибо роҳи маърифатнокӣ мардумро аз ҷаҳолат ва таасуби динӣ раҳо додан мумкин аст. Вай боварии комил дошт, ки мактабҳои дунявӣ, илму маърифат мардумро хушбахт карда метавонад.

Тараққиёти касбу санъат ва соҳаҳои муҳими рӯзгор
Садриддин Айнӣ дар пайравии маорифпарварон китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибён»-ро таълиф карда буд, ки он бештар ба масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеа бахшида шудааст.
Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Қуқанд, Ҳисор, Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ мавҷуд буд, ки фаъолияти ҳунармандони дар рисолаҳои косибии худ нафишта мешуд. Дар тӯли чанд вақт аҳли ҳар як ҳунар ҷамъ шуда, он рисолаҳоро мутолиа мекарданд ва ба шогирдоне, ки ин ва ё он ҳунарро пурра омӯхтаанд, маросими камарбандро гузаронида, ба онҳо ҳуқуқи кушодани устохонаҳои шахсӣ медоданд. Ҳар як ҳунармандони халқӣ шаҳрҳо ва гузарҳои худро доштанд. Ҳунармандони машҳур дар Хуҷанд – Неъматшайхи Наҷҷор, Мулло Шайхи наққош, Мир Ҳайдари наққош, дар Истаравшан – Мир Арбоби наққош, Бобоҷони наққош, дар Исфара – Мошариф оқсаққол, дар Конибодом – Боирҷони Кушкакӣ, Муҳаммад Шукури Наҷҷор, дар Балҷувон – Сафари Чӯбтарош, Усто Нур, Ҳакими заргар, дар Бухоро – Мулло Муҳаммадшароф, Усто Баротбой, Усто Ҳакими Бухороӣ, Усто Суфӣ, Усто Бегим, Абдураҳими Кӯлобӣ, Маҳмудхоҷаи Балҷувонӣ, Зокири Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Ҳоҷи муҳҳамиди Кӯлобӣ, Бисмили Ҳисорӣ, Саидвалии Ҳисорӣ, Карим Девона, Мавзуни Бадахшонӣ, Мусои Бадахшонӣ, Мулло Ёри Ванҷӣ ва даҳҳо дигарон буданд, к ибо ҳунари хеш машҳур шуда буданд.
Ҳар як касби пири худро дошт. Масалан: пири оҳангарон – Довуд, санъати тасвирӣ – Дониёр, дӯзандагию рассомӣ – Бибӣ Зӯҳро ва дигарон. Агар мардон маҳсули ҳунари худро дар меъморӣ, кулолгарӣ чӯбтарошӣ, ороишӣ, кандакорӣ тасвир намоянд, духтарону занҳои тоҷик завқи бадеӣ, орзую умеди худро ба рӯи матоъҳо, рӯймолҳо, тоққиҳо, чодар, борпӯшҳо, чойхалта, ҷияк, дастпонак, гилем ва ғайра мекашиданду медӯхтанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини фарҳанги ин давра дар он буд, ки олимону нависандагон ва шоирон, на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ, балки дар аҳрҳои дигар, марказҳои адабиро ташкил карда, асарҳои худро офаридаанд.
Масалан бузургтарин пайрави сабки Бедил ин Нақибхон Туғрали Аҳрори Валӣ мебошад, ки маҳсули маънавиёташ аз мухаммас, қасида, маснавӣ, достонҳои «Фироқнома» ва «Соқинома» боқӣ мондаанд.
Мавзӯъҳои бенавоӣ, қшшоқӣ, зулм, истибдод, меҳру муҳаббат дар эҷодиёти даҳонии мардуми тоҷик бештар ба чашм мерасид. Масалан: достони «Гуруғлӣ»-и тоҷикӣ аз дигар мардум бо хусусиятҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва қаҳрамононаш фарқ мекунад.
Гарчанде ки дар сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар асри 19 ибтидои асри 20 навовариҳои зиёде ва вуқӯъ пайваста бошад ҳам, мардум анъана, урфу одат ва маросимҳои милли худро давом медоданд. Масалан: тӯйҳои суннатӣ, иди рамазон, тӯйи арӯсӣ, иди қурбон, Наврӯз сурудҳои гаҳворабандон, сурудҳои аллаи модарон, базми гул, суруди ёр-ёри арӯсӣ, сурудҳои мавсимию маросимӣ ба монанди гулгардонӣ, наврӯзӣ, сайри лола, сумалак, суруд-ҳои марсиявӣ, гиря, чӯпонӣ, гандумдаравӣ, хирмакӯбӣ, бофандагӣ, силсилаи суруду оҳангҳои класикии шашмақом, суруду оҳангҳои тоҷик аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ ва ғайраҳо. Намояндагони соҳаи санъати мусиқӣ оид ба мақом бисёр рисолаҳои илмӣ навиштаанд. Яке аз он рисолаҳо «Рисолаи шашмақом»-и (1884) Мусохӯҷаи Туркистонӣ буда, дар бораи таркиби сохти шашмақом маълумотҳои муфид додаст. Дар соҳаи санъати театрӣ бошад театри халқии Лӯхтак, дорбозӣ, масхарабозӣ, ҳирсбозӣ, булбулбозӣ ва ғайра амал мекард.
Омӯхтани ин ва ё он илм ба будану набудани мударрисҳо вобаста буд. Оид ба фаъолияти мударрисҳо, таълиму тарбия ва зисту зиндагонии онҳо дар асри 19 ибтидои асри 20 –и мардуми тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар асарҳояш «Ғуломон», «Дохунда», «Мактаби кӯҳна», «Одина» ва «Ёддоштҳо» ошкору ҳаққони ва суфассал баён намудааст. Дар он давра мадрасаҳо маркази тайёр кардани аҳли илму фарҳанг буд ва ин гунна даргоҳ барои мардуми тоҷик муқаддас дониста мешуд.
Рӯшанфикрон ва ё маорифпарварони тоҷик

Аҳмади Дониш ва Тошхӯҷаи Асирӣ

Қорӣ Раҳматуллои Возеҳ

Шамсиддини Шоҳин

Муқимӣ ва Фурқат

Абулқодири Савдо

Ҳамза ва Дилшодӣ

Садриддин Айнӣ

Амбаротун

Хулоса
Хулоса маорифпарварони тоҷик дар перафти фарҳангӣ миллати худ саҳми босазое гузоштаанд, ки то ба имрӯз мо бо некӣ ёдашон мекунем. Халқи тоҷик тавонистааст ки аз дар солҳои ҳокимияти Шуравӣ низ фарҳангу анъанаҳои миллии худро пос дорад. Мо низ мо кушиш кунем ки фарҳангии ғании худро на бояд аз даст диҳем новобаста аз касбу ихтисос ва дар ҷомеъа дар чӣ зинае қарор гирифтанамон. Бояд фарҳангамонро аз ҷиҳати илму бо тамоми паҳлуҳояш омӯзем.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.