Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Таҳлили ашъори панду ахлокии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида будТахлили ашъори панду ахлокии Абуабдуллох Рудаки
Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд. Ва устод Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшӯҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаву маъхазҳо, баъзе тазкираву осори адабии то ибтидои асри XX ва пажӯҳишу таҳқиқоти илмии беш аз 200-сола роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ишораҳои ҷузъӣ Сар карда, то китобҳои алоҳида гуфтаниҳое гуфта шуда бошанд ҳам, доир ба ин мавзӯъ гиреҳҳои нокушода ва масъалаҳои ҳалношудаву баҳсталаб бисёранд, ки ҳанӯз ҳаллу фасли худро наёфтанд. Гузашта аз ин, муаллифони маъхазҳо ва дар ин замина баъзе рӯдакишиносони ватаниву хориҷӣ ҳатто ном ва ҷойи таваллуди ӯро ба тарзҳои гуногун навиштаанд. Омӯзиши илмии рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дар қарни XIX дар Урупо шуруъ шуд. Аз олимони Урупо номи ду нафар донишманд бо пажӯҳиши ҷиддии худ имрӯз ҳам дар рӯдакишиносӣ нақше дорад. Яке шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рузгори устод Рӯдакӣ навишта, бори аввал шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷӯҳ намуд, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рудакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Росс бори аввал ислоҳ намуд ва дар рӯдакишиносӣ донишмандонро огаҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст, на ҳама аз Рӯдакӣ ст.
Омӯзиши Рӯдакӣ дар диёри вай ва дар сарзамини иштиҳори ӯ дертар шурӯъ шуд. Дар соли 1926 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар маъракаи тарғиби мактабу маорифи нав рӯй ба мероси гузашта ва пеш аз ҳама ба шахс ва осори Рӯдакӣ овард. Вазорат аҳамияти Рӯдакӣ ва осори ӯро дар бой гардонидани ҷаҳони маънавии мардум таъқид намуда, яке аз Рӯзҳои Наврӯзро Рӯзи Рӯдакӣ ва таблиғу тарғиби эҷодиёти шоир эълон намуд. Устод Айнӣ барои мардуми Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон мероси гузаштаи адабиётамонро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гирд овард ва саҳифаи аввали онро аз шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва шеъри шоир оғоз намуд . Соли 1940 Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ рисолаи илмие навишта, бори аввал дар рӯдакишиносии мо диққати аҳли илмро ба ҷамъ намудани ашъори Рӯдакӣ аз маъхазҳои хаттӣ ҷалб намуд.

Дар Эрон дар авали солҳои сивуми қарни гузашта шодравон устод Саъид Нафисӣ ба тадқиқи ниҳоят амиқ ва доманадори муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва осори Рӯдакӣ шурӯъ кард. Се муҷаллади ин тадқиқоти Рӯдакӣ дар солҳои 1930-1940 аз Чоп баромад. Дар ҷилди севуми ин китоб қариб ҳазор мисраъ шеъри Рӯдакӣ гирд омада буд. Китоби Саъид Нафисӣ гутан метавон сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардид.

Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ дар мавзӯи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ монографияи Абдулғанӣ Мирзоев, китобҳои Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода ва чандин маҷмӯаи илмӣ ба чоп расид. Дертар дар бораи Рӯдакӣ монографияи устоди Донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи Петербург А. Тоҳирҷонов (1968), китоби устод И.С. Брагинский (1989) ва ниҳоят китоби адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003) ба Чоп расид.

Корҳои мутааддиди дигар, ки дар ин самти адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ анҷом гирифтаанд, асосан ба таҳқиқи матни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва тасвири баъзе ҷузъиёти рӯзгори ӯ алоқаманданд ва ҳар кадом дар ҷою мақоми худ дар рӯдакишиносӣ зина ба зина қадамҳои нав ва устувор ба шумор меравад.

Номи ин шоири забардасти адабиёти орс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Вай тақрибан соли 858м. дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Аксари тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи ӯро дар яке аз деҳ ё қаряҳои атрофии Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанӣ соли 1940 дар натиҷаи сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва табиқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, чойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, ҳанӯз муаллифи «Китобу-л-ансоб» Тоҷулислом Абӯсайиди Абдулкарим ибин Муҳаммад ибни Мансур ибни Абӯбакр Муҳаммад Тамимии Марварзии Самъонӣ (506-565 ҳ. / 1113-1166м.) навишта буд: «Ал-Бунуҷӣ … нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рӯдак, ки Банҷрӯдакаш гӯяд. Ва ин қутб Рӯдак боша два шоири маъруф Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин деҳа бувад…». Аз ин рӯ, дар бобби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далойили собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд. Зеро гумон аст, ки санади радкункндае нисбат ба нигоштаи Самъонӣ ва баъдинагони ӯ минбаъд пайдо гардад.

Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои утод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипари шуда самои асосгузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бибинанд.
Солҳои кӯдакии Рӯдакӣ дар зодгоҳаш Панҷрӯд, дар кнори волидайн мегузарад. Вай хеле барвақт хатту савод бароварда, ба омӯзиши илмҳои замонаш машғул шуда будааст. Мегӯянд, ки дар ҳафтсолагӣ «Қуръон»ро азёд карда буд. Муаллифони таскираву маъхазҳо ва дар заминаи боэътимод муҳаққиқин тасдиқ мекунанд, ки шоир дар илми мусиқӣ ва шеър маҳорат ва маълумоти мукаммал доштааст. Ҳамин аст, ки ӯ аз устодони маҳаллӣ ҳатталимкон ҳунари мутрибиро омӯхта, барои такмили ҳунар ва дониш рӯ ба Самарқанд, ки ба зодгоҳи устод наздик ва маркази илму фарҳанги он замон буд, меравад. Дар ин ҷо вай пеш аз ҳама таҳти тарбияи устоди ҳунари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёр ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мегардад ва дар навохтани уд, руд, барбат, чанг, най ва ғайра ба дараҷаи устодӣ мерасад. Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд ҳамзамон ба омӯзиши таърихи кишвар, таърих ва адабиёти араб, фалсафаи Юнони қадим рағбати калон зоҳир намуда буд. Ривояту достонҳои паҳлавӣ суғдӣ, суриёнӣ, араби ва ғайраро ба шавқ азбар мекард. Ба китоби муқаддаси «Авасто» таваҷҷӯҳи махсус дошт.

Устод Рӯдакӣ дар Самарқанд рӯзгори хушеро ба сар бурдааст. Вай ҳамчун фарди соҳибистеъдод дар баробари машғулияти пайваставу фарогирии илмҳои замон дар манзили деҳқонони сарватманд ба сарояндагиву навозанданӣ ва шоирӣ машғул гардида, дар маҳфилу маҷлисҳои адабию илмии шаҳр иштирок мекарду шӯҳраташ рӯз ба рӯз боло мерафт. Овозаи ин мутрибу овозхон ва шоири баландистеъдод то ба дарбори Сомониён мерасад ва ӯ дар Самарқанд дар аҳди ҳукумронии Насри I ибин Аҳмад дар (ҳукумрониаш солҳои 865-892м.) ба хидмати дарбор даъват карда мешавад.

Ба дарбор омадани устод Рӯдакӣ, аз як тараф, бо таклифи амирони Сомонӣ бошад, аз ҷониби дигар майлу, хоҳиши ӯ низ буд. Ба дарбор майл кардани ин ҳунарманду суханвари дар касбу ҳунари худ баркамол сабабҳои муайян дошт.

Намояндагони сулолаи Сомонӣ бо ҳусни таваҷҷӯҳу дастгирии оммаи халқ дар муборизаи зидди истилогарон ва дар ҷангҳои дохилии байнихудӣ ғолиб омада давлати бузурги мутамаркази феодалиро ба вуҷуд оварда тавонистанд. Пас аз ташаккули ин давлат, дар давраи аввали ҳокимият худ Сомониён аз манфиати оммаи халқ бакуллӣ сарфи назар карда наметавонистанд. Ин сиёсати онҳо чи дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва чи дар ҳаёти фарҳангиву адабӣ нақши муайян дошт. Адабиёт ҳамчун давоми анъанаҳои беҳтарини эҷодиёти шифоҳӣ ва адабиёти хаттии пеш аз ислом бо равияю услуби нав инкишоф меёфт. Сомониён низ бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори худ ба пешрафти адабиёт ба ҳимояи намояндагони он мекӯшиданд.

Баъди дар Бухоро ба сари ҳокимият нишастани Исмоили Сомонӣ (ҳукумрониаш 892-907м.) устод Рӯдакӣ бо даъвати вазир Абулфазли Балъамӣ ба Бухоро меояд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда он айём вай дар байни хосу ом хеле шӯҳрат ёфта буд. Давраи ҷӯшу хурӯши ҳамаҷонибаи устод Рӯдакӣ замони ҳукумронии Насри II Аҳмади Сомонӣ (ҳукумрониаш солҳои 914-943м.) дар Бухоро будааст. Ӯ бо дастгририву пуштбонии дӯсти соҳибмансабаш Абулфазли Балъамӣ ба мартабаи баланд надимии Насри II Сомонӣ мерасад, дар дарбор ва на танҳо дар дарбор, балки берун аз он ҳамчун сарвари аҳли адаби занон пазируфта мешавад. Дар ин ҷода саҳми вазири дигари Сомониён Абдуллоҳи Ҷайҳонӣ (вафот 941м.) низ калон будааст. Дар атрофии устод Рӯдакӣ ва махфилҳои адабии ӯ суханварони маъруфе, моанди Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ, Фароловӣ, Абӯшакри Балхӣ, Абулмасали Бухороӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абӯзароъаи Гургонӣ Абуттаййиби Мусъабӣ, Абулҳасани Оғоҷӣ ва ғайра ҷамъ меомаданд, базмҳои адабӣ меростанд, аз дастовардҳои адабии худ ҳамдигарро воқиф менамуданд. Рӯдакӣ дар Балх ба дидори Робиаи Балхӣ расида ва онҳо бо ҳам аз боби шеъру шоирӣ сӯҳбатҳои хосса ороста будаанд. Дар тасвири ин дидору сӯҳбат Фариддудин Аттори Нишопурӣ (1145-1221м.) дар «Илоҳинома» ҳикояти ҷолиб дорад. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба унвони фахрии «Маликушшуаро» сазовор мегардад. Шоирони баъдӣ ӯро ба сифати «султони шоирон», «сари шоирон» «устоди шоирони ҷаҳон», «одамушшуаро», «соҳибкирони шоирӣ» ва ғайра зикр кардаанд.
Аз рӯи шеърҳои мадеҳавӣ ва ғаноии Рӯдакӣ ва навиштаҳои муаллифони тазкираву таърихномаҳо ҳукм кардан мумкин аст, ки вазъи зандагӣ ва мартабаву манзалати шоир дар дарбор ниҳоят хуб ва дар неъмату фаровонӣ мегузаштааст. Шоир таронаҳои ошиқона месуруд, қасидаву мадеҳаҳо дар ситоиши амирону вазирон иншо мекард ва аз қадр шиносии мамдӯҳон ҳамеша хурсанду мамнун буд. Дар қасидаи пирияш гуфтааст, ки сарвату моли ӯ бо давлати амирон баробарӣ мекардааст. Бо вуҷуди ин аз баъзе шеърҳояш бар меояд, ки дар баробари зиндагии осудаву пур аз ниам гоҳе лаҳзаҳои талхӣ доштааст, ки шояд дар асари бадгӯии ҳасудон ва иғвои бадхоҳонаш воқеъ мегардад. Чанд порчаи зеринро аз назар гузаронем:

Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!
Шод буда-ст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?
Дод дида-ст аз ӯ ба ҳеҷ сабаб
Ҳеҷ фарзона, то ту бинӣ дод?!
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи ба даст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.
Дониши ӯ на хубу чеҳра-ш хуб,
Зишткору хубдидор аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.