Четверг, Август 22Вместе создадим светлое будущее!


Ёддоштҳо – и Садриддин Айнӣ

   Академик ва якум президенти (аз соли 1951) АФ РСС Тоҷикистон; академик АФ РСС Ӯзбакистон. Асосгузори адабиёти советии тоҷик ва таҳиягари адабиёти советии ӯзбак. Асари аввали – “Ҷаллодони Бухоро” (1920). Повести “Одина” (1924) ва романи “Дохунда” (1927-28, соли 1930 ба нашр расидааст) ва “Ғуломон” (1934) Муаллифи повести “Марги судхур” (1937, нашри коркарда баромадашуда соли 1953), ва “Ятим” (1940); “Ёддоштҳо” (дар 4 китоб, Ҷоизаи давлатии СССР (1950).
   Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.
Эчодиёти ӯ аз солҳои 90-уми асри 19 шурӯъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Садриддин Айнӣ дар ҳаракатҳои озодхоҳӣ ва инқилобии Бухоро иштироки фаъолона дошта аз аввалин касонест, ки дар мактаби ғайрирасми типи нав дарс медиҳад. Соли 1917 дар рӯзи ҳуҷуми иртичоиёни амир Садриддин Айнӣ дастгир шуда, 75 зарби дарра ҷазо мегирад ва сипас ба обхонаи арк партофта мешавад. Ӯро аскарони револютсионии рус озод мекунанд ва 3-июни соли 1917 вай ба Самарқанд меояд.
   Садриддин Айни ба эчоди асархои илми хануз дар ибтидои асри XX шуруъ карда буд. Аввалин асархои илмии устод китобхои дарси буданд, ки барои мактабхои навтаъсис иншо гардидаанд. Яке аз онхо «Тахзибуссибён» аст, ки устод аз нигохи нав барои толибилмони хурдсол онро иншо кард. Дар китоб дар баробари додани коидахои забон хикояхои хурди пандомез, ки бештари онхо эчоди худи муаллиф буданд, дохил гардидаанд. Пас аз Инкилоби Октябр як гурух донишмандоне пайдо шуданд, ки мавчудияти миллати точик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба мукобили ин чараёни носолими пантуркизм бархоста, китоби «Намунаи адабиёти точик»- ро соли 1926 иншо намуд. Устод дар ин асар исбот кард, ки точикон мардуми тахчоии хамин сарзамин (Мовароуннахру Хуросон) буда, забону фарханг ва адабиёти кадима доранд. Устод дар асар намунахои зиёде аз эчодиёти адибони пешин ва хамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароги илму адабро кайхо дар ин сарзамин устод Рудаки, Кисоии Марвази, Абухафси Сугди ва дигар адибон фурузон карда буданд. Ба хамин тарик, дар асоси факту далелхои эътимодбахш таърихи кухан, фархангу адабиёти гани доштани точиконро собит менамояд.  Ахамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои мухаккикони оянда дар омузиши таърихи адабиёти точик маслихатхои муфид медихад, ки имруз хам «Намунаи адабиёти точик» басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рухияи худшиноси ва ифтихори милли тарбият менамояд. Пас аз ин устод Айни дар бораи симохои барчастаи фарханги ва адабии точик ба навиштани асархои илмию тадкикоти мепардозад Соли 1934 асари пурарзиши худ дар бораи Фирдавси ва «Шохнома»- и уро ба анчом мерасонад.
   Хамин тавр, пайдархам асархои «Шайхураис Абуалии Сино», «Шайх Муслихиддин Саъди Шерози», «Устод Рудаки», «Камоли Хучанди», «Алишер Навои», «Зайниддин Махмуди Восифи» ва амсоли инхоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асархои хеш бисёр масъалахои бахсталаб ва халнашудаи хаёту эчодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурхонхои котеъ хал менамояд. Чунончи, солхои тулони доир ба бисёр масъалахои мубрами хаёту фаъолияти эчодии Абулкосим Фирдавси, чи дар байни муаллифон сарчашмахо ва чи дар байни шаркшиносони шуравиву хоричи фикру мулохизахои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онхо ривоятхои афсонавиро хамчун факту далелхои эътимодбахш кабул намуда, ба галатхо рох дода буданд. Аз ин чихат хизмати устод Айни, пеш аз хама, дар он аст, ки ба тадкики хаёту фаъолияти Фирдавси ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва рохи ояндаи омузиши мухаккиконро муйян намуд.
   Ба хамин тарик, устод муддати тулони ранч кашида, аз нахли кухан боги зебое орост, ки имруз пажухишгарон аз буи гулхои муаттараш бахра мегиранд, асархои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тарики зайл баён кардааст:

Ин бог зи нахли кухан оростаам,
В-он нахл ба теги хона пиростаам.
Сайронгахе зиёда кардам ба шумо,
Харчанд зи умри худ басе костаам.
   Асосан устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айни эчод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоири ворид гардид. Таърихи эчоди шеъри мазкур хам ачиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири бахору зебоихои он ва ситоиши Гули сурх дар банди охири он аз муфлиси, нодорами ва кашшокии хеш дарду аламашро изхор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як мархаме медоштам,
Шиквахо мекардам аз гам хамдаме медоштам
Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам чудо
Гар ба каф чун ахли олам дирхаме медоштам

   Устод Айни пас аз Инкилоби Октябр рохбару сарвари адибони точик гашт ва худ ашъори рангин иншо кард. Аммо дар тули солхо мазмуну мундаричаи идеявии ашъори адиб комилан тагйир ёфт. Акнун ба мавзуъхои талаботи руз даст зада, дар бораи инкилобу озодии мардуми захматкаш сухан меронад. Шеърхои «Марши хуррият», «Ба шарафи инкилоби октябр», «Якуми май» ва гайрахо эчод намуд. Инчунин дар ашъораш мавзуъхои байналмилаллии дустиву рафокати мехнаткашони дуне мехнати софдилонаи мардуми точик мавкеи асоси дошт.
Соли 1923 дар Тошканд мачмуаи ашъори устод бо номи дар «Ахтари Инкилоб» аз чоп баромад. Вале устод Айни эхсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба душ дорад. Дар адабиёт образхои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша гуфстариши ходисаю вокеоти руз танги мекард. Ба ин маъни устод чунин ибрози назар кардааст:

Айни, ба як газал натавон арзи хол кард
Бояд ба инкилоб навишт китоби сурх.

   Баъдтар асархои устод Айни пайдархам ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд.Устод соли 1927- 1929 романи «Дохунда»-ро навишта ба охир мерасонад. Романи «Гуломон»- ро низ дар байни солхои 1932 – 1935 навишта онро ба забони узбеки бармегардонад. Ва онхо дар солхо 1934 ва 1935 чоп шуда дастраси хонандагон мегарданд.
Устод байни солхои 1936- 1940 повести «Марги судхур», «Ятим» , «Лугати нимтафсили забони адабии точик» «Шомили 15 хазор калима хаст», «Мактаби кухна» ва боз бисёр асархои дигарро офарид. Садриддин Айни дар давраи ЧБВ бештар асархои публисисти иншо кард. «Чингизи асри XX», «Деви хафтсар», «Хари бедум», «Шероз», «Талвосаи чонкании дарандаи захмдор», «Модар- Ватан» ва гайра, ки дар мачаллаю рузномахои давр ба табъ расида буданд, рухияи ватандусти ва дустии байни халкхоро таквият мебахшиданд. Чавононро алайхи душман – фашизм ба мубориза мехезониданд.
   Повести «Ятим» ба яке аз мавзуъхои мухими руз- ватандусти, садокат нисбати Ватан бахшида шудааст. Устод дар асари худ рузгори дардомези як чавони камбагал – Шоди Мурод (Ятим)-ро ба калам додаст. Яке аз асархои барчастаи устод, ки солхои дароз дар болои он кор кард, «Ёддоштхо» мебошад. У пеш аз маргаш тавонист, ки ин шохасарашро ба анчом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лаурети мукофоти давлати гардид. «Ёддоштхо» аз чахор чилд иборат буда , рузнигори якдавраи томи халки точикро фаро гирифтааст, ки кахрамони асосии асар худи устод мебошад. Ходисаю вокеахои солхои 80 то галабаи инкилоби, ки устод Айни яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд бисёр чозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст.
   Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти точик хамчун асари ёддошти ёд шудааст. Дар дохили «Ёддоштхо» бисёр кисса, новелла, хикоя ва повестхои алохида ворид гаштанд. Аз ин ру «Ёддоштхо» -ро метавон хамчун мачмуи осори насрии солхои охири устод ба калам дод. Хамин тавр, устод Айни асосан аз «Бадоеулвакоеъ» -и Восифи илхом гирифта, эчодкорона аз он истифода бурда, шохасари бузург «Ёддоштхо»-ро офарид, ки он ба аксарияти забонхои дуне тарчума шудааст.
   Осори бузурги Садриддин Айни, ки саросар зиндагиро вакфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар чахони маърифат тофт, ки харгиз фуру нахохад нишаст, дар миён хаст ва хохад буд ва човидон хохад монд. Имрузхо дар хама чо номи Айниро вомехурем.
Дар худи шахри Душанбе мучассамаи у гузошта шудааст, ба номи у театри опера ва балет инчунин кучаю хиёбон ва бог гузошта шудааст. Дар вилояти Сугд ба номи у нохия гузошта шудааст, ки як вактхо худи у дар он чо зиндаги карда буд. Дар Кулоб низ уро хама медонад ва мехнаташро кадр мекунанд.
   Яке аз калонтарин китобхонаи ш. Кулоб ва инчунин хиёбон ва куча низ ба номи Айни гузошта шудааст. Мо хеч гох кахрамони Точикистон С. Айниро фаромуш намекунем ва нахохем кард. Устод Айни таърихдон, забоншинос, лугатдон, мурабби ва омузгор, марди пуркору мехнатдуст буд. Хар гох, ки шахс бо мухаббат ба чини пешонии устод назар андозад, ба хотираш мавчхои дарёхои бузург ва рудхои шух меоянд. Он мавчхо хам васеъ, хам амик, хам мусаффо менамоянд.
Он мавчхо аз мехнати чандинсолаи ин адиби бузург шаходат медихад. Аз ин ру, асархои эчодкардаи устод оинаи дили халки мо шудаанд. Онхо орзу, умед ва муборизахои халки моро инъикос мекунанд.

Хазорон хамчу булбул дар бахоре мешавад пайдо,
Навосанче чу ту дар рузгоре кай шавад пайдо?

Бузургӣ ва қувваи эҷодиёти С.Айнӣ

   Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғани гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи у сахт вобаста аст. Барои Айни ҳамчун барои тамоми сухансароён хақиқати воқеи сарчашмаи асосии эҷоди буд. Ба фарроши чашмгуруснаи дирузаи мадраса, ки бо як бурида нон қаноат карда, дониш андухтааст, моҳияти тағиротхои зиндаги на якбора равшан гардидааст.  Роҳи Айни бо суи комёбиҳои адабиёт аз зиндони амири Бухоро мегузарад. Нависанда ба гузаштаи таърихи халқи хеш ру меорад, то аз қуллаҳои музаффариятҳо дигаргуниҳои бузургро равшантар бубинад. Дар солҳои гуногун паси ҳам асарҳои ӯ, ки бо ҳаёти воқеи сахт алоқаманд буданд, хонандагони бешумореро пайдо намудаанд. Аввалин асархои илмии устод китобхои дарси буданд, ки барои мактабхои навтаъсис иншо гардиданд. Повесту романхои нависанда: Чаллодони Бухоро, Одина, Ятим, Дохунда, Гуломон, Ёддоштхо, Ахтари Инкилоб, Тахзибуссибён аз ҳаёти халқи азиятдида нақл мекунанд.
   Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию ичтимоии С. Айни эълон гардидааст, ин « Марсия» – и уст. Ин асар ба муносибати фочиаи кушта шудани бародараш Сирочиддин бахшида шуда буд:

Дустон! Фочиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фочиа рух аз тану нур аз басарам.
Чигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Чигарам, во чигарам, во чигарам, во чигарам!
Хохам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хохам, он махкамаи чабр мазористон бод!
Хохам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиях яксон бод!
Хохам он муфтию он козию он шоху вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон галтон бод!

   Шеърхои ба мактабу илмчуи бахшидаи Айни бо забони соддаю воситахои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяхои маорифпарварии у дар шеърхои Замзамаи дабистон, Суруди мактаб, Сахаргохон ва гайра боварибахш ва самимона эчод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:

Биёед эй рафикон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем,
Ба олам хар касе бекор гардад,
Ба чашми ахли олам хор гардад.

   Нахустин асари калони насрии Айни повести «Чаллодони Бухоро» дар соли 1920 эчод шудааст. Дар ин асар нависанда як катор эпизодхо, рафтору кирдори пурдахшати амир, вахшоният, фитнагари ва маккории амалдорони уро дар хикоя ва сухбатхои байниякдигарии персонажхои гуногун кушодааст. Повести «Одина», « Гуломон», « Дохунда» дар таърихи адабиёти советии точик хамчун эпопеяи (чангномаи) сегона таълиф шудааст.
Устод Айни, ки бештар ба мавзуъхои таърихи мурочиат мекард, орзу дошт дар асари мустакиле ба мавзуи вокеахои замони баъди революция хам ру орад. Бо ин максад у повести « Ятим»-ро (1940) ба 10-солагии Республикаи Советии Социалистии Точикистон бахшида буд. Мавзуи асар аз вокеахои солхои аввали баъди Революцияи Халкии Бухоро шуруъ мешавад: табакаи доро бо сохти нави Шурави созиш накарда, на факат худ бо молу давлаташ ба хорича хичрат мекард, инчунин зердастону хизматгоронашро бо фиребу найранг ба рохи галат андохта низ бо худ мебурд.


4 Комментарии

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.