Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


Мирсаид Миршакар

Шоири халки Точикистон Мирсаид Миршакар суханвари бомахорати адабиёти точик дар асри 20 мебошад. Шоир соли 1912 дар дехаи Синдеви Вилояти Мухтори кухистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст. «Дехаи Синдев хеле хурд буд,- ёд овардааст адиб, – хамаги панч шаш хавли дошту халос, вале атрофи он харобахои чахор калъа сар ба фалак афрохта будандМирсаид Миршакар
Шоири халки Точикистон Мирсаид Миршакар суханвари бомахорати адабиёти точик дар асри 20 мебошад. Шоир соли 1912 дар дехаи Синдеви Вилояти Мухтори кухистони Бадахшон дар оилаи чорводор ба дунё омадааст. «Дехаи Синдев хеле хурд буд,- ёд овардааст адиб, – хамаги панч шаш хавли дошту халос, вале атрофи он харобахои чахор калъа сар ба фалак афрохта буданд. Баъд аз вафоти падарам, ки ман он вакт 7-8 сол доштам, модарам ба Поршнев, ба назди хешовандонаш кучида омад».
Мирсаид Миршакар аввал дар мактаби дехаи Поршнев ва баъд дар мактаб ва интернати шахри Хоруг тахсил мекунад ва солхои 1928-1930 дар мактаби хизбии шахри Душанбе тахсилро идома медихад. Соли 1929 Мирсаид Миршакар дар катори хонандагони пешкадами Точикистон дар мачлиси умумиитифокии пионерон дар Масква ширкат меварзад. Таасуроти неку фарахбахши шоир дар ин сафар дар достони «Мо аз Помир омадем» тасвир ёфтааст.
Мирсаид Миршакар солхои 1931-1934 дар муассисахои рузномаи «Комсомоли Точикистон», кумитаи комсомоли нохияи Шурообод ва сохтмони канали бузурги Вахш фаъолият менамояд ва соли 1934 ба хизмаи Ватан даъват мешавад. Шоир соли 1937 мухаррир ва котиби рузномаи «Васияти Ленин» таъин мегардад. Мирсаид Миршакар солхои 1940-1960 дар авзифахои масъули Иттифоки нависандагони Точикистон кор кардааст ва як муддат раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон будааст. Шоир аз соли 1966 то охири умр аввал ба сифати котиби масъул ва баъд чун раиси Кумитаи муковоти давлатии Точикистон ба номи Рудаки фаъолият намуд. Суханвар соли 1993 дар Душанбе вафот кард ва уро дар мазори Лучоб ба хок супурданд.

Мирсаид Миршакар соли 1950 барои достонхои «Кишлоки тиллои» ва «Панчи ноором» ба мукофоти давлатии иттиходи Шурави мушарраф гардидааст. Суханвар соли 1964 ба Чоизаи Давлатии Точикистон ба номи Рудаки ва соли 1972 ба Мукофоти комсомоли Точикистон сарфароз шудааст. Шоир инчунин ба як катор ордену медалхои хукумати кадр шудааст.
Мероси адабии Мирсаид Миршакар
Фаъолияти адабии Миршакар аз шеър нависи огоз гардидааст ва авалин шеъраш соли 1930 бо номи «Душманро кун торумор» ба табъ расидааст. Нахустин достони шоир «Ливои Зафар» (1934) ном дошта, дар он мехнати бунёдкоронаи халки точик дар водии Вахш ва дустхои халкхои Иттиходи Шурави тараннум мешаванд. Шеърхои соли 30- уми шоир, ки рухи замон ва афкори мардуми захматкашро таччасум намудаанд, дар мачмуъаи «Бахори чавони» (1940) фарохам омадаанд. Шеъру манзумахои дар давраи Чанги Бузурги Ватани эчод кардаи шоир дар мачмуахои «Шеърхо ва поэмахо» (1945) ва «Даъвати Ватан» (1945) гирд омадаанд.
Дар солхои баъди чанги эчодиёти Мирсаид Миршакар аз чихати мазмуну мухтаво васеъ гардида, аз нигохи хунар такмил меёбад. Дар ин давра фаъолияти достонсароии шоир инкишоф меёбад. Баъди «Кишлоки тиллои» (1942) «Калиди Бахт» (1947) «Панчи ноором» (1949) «Ленин дар Помир» (1955) «Дашти лаванд» (1961) «Ишки духтари кухсор» (1962) «Одам офаридгор» (1962) «Варакхои мухаббат» (1975) «Осёни хирад» (1979) барин достонхои шоир пай дар пай таълиф мегарданд.
Дар эчодиёти Мирсаид Миршакар драматургия низ мавкеи калон дорад. Дар драмахои «Муаллими ишк» (1945) «Фочиаи Усмонов» (1957) «Задухурд дар биёбон» (1974) «Тухматшоев» (1953) «Тошбек ва Гулкурбон» (1946) ва гайра пахлухои мухталифи зиндагии мардуми точик бомарохат инъикос ёфтаанд.
Аз Мирсаид Миршакар кариб 40 адад маколаи адаби ва танкиди ба мерос мондааст. Мероси бою гуногунпухлуи Мирсаид Миршакар дар мачмуахои сершумори алохидаву дастчамъи дастраси хонанда гардидааст. Солхои 1970-1974 куллиёти сечилдаи адиб аз чоп баромад. Соли 2002 мунтахаби ашъори шоир бо номи «Панчи ноором» ба табъ расид. Хамчунин кисмате аз мероси адабии Мирсаид Миршакар ба забони руси ва як катор забонхои дигари хоричи тарчума ва чоп гардидаанд. Ашъори шоир асоси вокеи дошта, мухимтарин масъалахои давру замонро фаро гирифтааст.
Масалан у дар рузи дуввуми огози Чанги Бузурги Ватани шеъри «Таронаи укоби озод»-ро менависад.
Баъзе шеърхои шоир хачман кутох буда хамаги чан мисраъ мебошанд ва ягон хикмати зиндагиро талкин менамоянд. Дар шеъри «Чун укоби тезпарвон» фикр ба воситаи ташбеху тазод ифода гардидааст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.