Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Аҳамияти илмӣ ва адабии «Баҳористон»-и Ҷомӣ

Ҷомӣ ғайр аз «Ҳафт авранг», ки писанди ҳама гаштааст, боз як қатор асарҳои насрию назмӣ таълиф намудааст. Дар эҷодиёти ӯ «Баҳористон» мавқеи хос дорад. Ҷомӣ ин асарро соли 1487 дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навиштааст. «Баҳористон» аз 8 боб иборат аст ва ҳар боб ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаастАҳамияти илмӣ ва адабии «Баҳористон»- и Ҷомӣ

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз намоёнтарин шахсиятҳои адабии халқҳои форсу тоҷик буда, дар байни мардум чун шоир ва насрнависи забардаст, олим ва мутафаккири бузург ном баровардааст.
Ҷомӣ ғайр аз «Ҳафт авранг», ки писанди ҳама гаштааст, боз як қатор асарҳои насрию назмӣ таълиф намудааст. Дар эҷодиёти ӯ «Баҳористон» мавқеи хос дорад. Ҷомӣ ин асарро соли 1487 дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навиштааст. «Баҳористон» аз 8 боб иборат аст ва ҳар боб ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудааст. Шоир дар оғози китоб хонандаро ба тамошои ин баҳористони пур аз гулу райҳон, яъне ба хондани ин китоб даъват карда мегӯяд:

Гузаре кун ба ин «Баҳористон»,
То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо.
Дар латофат ба ҳар гулистоне,
Руста гулҳо, дамида райҳонҳо.

Дар ҳақиқат, «Баҳористон»-и Ҷомӣ баҳори рангинеро мемонад, ки кас аз тамошои он як ҷаҳон тасаввуроти фаромӯшнашаванда мегирад. Мақсади асосии шоир аз навиштани ин асар дар роҳи ростӣ тарбия кардани фарзанди худ буд. Аз ин рӯ, дар «Баҳористон» маълумотҳои зиёди таърихиро бо ҳикояҳои зиёди аҳамияти панду ахлоқӣ дошта, меорад.
Масалан, дар боби 7-уми «Баҳористон», Ҷомӣ аз ҳаёти 39 адиб нақл карда, аз эҷодиёти онҳо намунаҳо овардааст. Маълумотҳои Ҷомӣ хеле мухтасар буда, дар онҳо соли таваллуду вафот, мероси адабӣ ва шаъну шӯҳрати ин ё он шоир зикр ёфтааст.
Ҷомӣ мехост, ки писари ягонааш дорои хислатҳои накӯи инсонӣ бошад. Бо ин мақсад, вай дар «Баҳористон» фикрҳои зиёди панду ахлоқиро баён кардааст. Пандҳои ҳакимонаи шоир барои тамоми одамон аҳамият дорад. Ҷомӣ дар ин асар одамонро ба донишомӯзӣ, некахлоқӣ, дӯстию рафоқат, раҳмдилӣ, хайрхоҳӣ ва баландҳимматӣ даъват менамояд. Вай одамонро аз рӯи дину мазҳаб ва миллату нажод ҷудо намекард. Ӯ одамонро фақат ба ду гурӯҳ- золимон ва мазлумон тақсим карда буд. Ҷомӣ мегӯяд, ки шоҳони мағрур бояд боадолат бошанд, ба зердастони худ ситамро раво набинанд, зеро оқибат халқ ба исён бармехезад:

Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

Масъалаи дигаре, ки дар «Баҳористон» бисёртар вомехӯрад, дӯстӣ ва вафодорӣ мебошад. Ҷомӣ зиндагиро бе дӯстони ғамбарор тасаввур карда наметавонад. Дӯстони ҳақиқӣ бояд дар лаҳзаи мушкили ҳаёт дастгири ҳамдигар бошанд. Он одамонеро, ки бо мақсади чизе азми дӯстӣ мекунанд, Ҷомӣ инсон намешуморад:

Нокастар аз ӯ кас набувад дар олам,
К-аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде хоҳад.

Ҷомӣ илмро ба чароғе ташбеҳ додааст, ки тамоми вуҷуди инсонро равшан мекунад. Адиб мушоҳида кардааст, ки бисёр фарзандони одамони сарватманд, бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароитҳо, аз паи донишомӯзӣ намешаванд. Онҳо ба молу мулки падар умед доранд. Ҷомӣ барои исботи фикри худ ҳикоятеро меорад, ки дар он одоби пасти фарзандони сарватманд, бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароитҳо аз паи донишомӯзӣ намешаванд. Онҳо ба молу мулки падар умед доранд. Ҷомӣ барои исботи фикри худ ҳикоятеро меорад, ки дар он одоби пасти фарзандони сарватдорон нишон дода шудааст.
Хулоса, «Баҳористон» -и Ҷомӣ саршори ақидаҳои пешқадами сиёсию иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ буда, намунаи беҳтарини асари тарбиявӣ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.