Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш

Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш, ки дар маънавиёти он замон ҷараёни тараққипарварона ва пешқадам ҳисоб меёфтанд, дар натиҷаи шиносоии ӯ бо Россия ташаккул ёфта буданд. Аҳмади Дониш баъди сафарҳои худ ба Петербург пасмондагӣ ва ҷаҳолати сохти иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти маданию илмии кишвари худро фаҳмидАқидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш

Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш, ки дар маънавиёти он замон ҷараёни тараққипарварона ва пешқадам ҳисоб меёфтанд, дар натиҷаи шиносоии ӯ бо Россия ташаккул ёфта буданд. Аҳмади Дониш баъди сафарҳои худ ба Петербург пасмондагӣ ва ҷаҳолати сохти иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти маданию илмии кишвари худро фаҳмид. Аҳмади Дониш низ мефаҳмид, ки барои он ки аҳли пешқадами илму адаб ва умуман оммаи васеи халқ пасмондагии кишвари худро фаҳманд, пеш аз ҳама, чашми одамонро ба сӯи мамлакати тараққикардаи Россия кушодан лозим аст. Аз ин сабаб, дар асарҳои ӯ масъалаи тарғиб ва ташвиқи ҳаёти иҷтимоӣ ва илмию мадании рус мавқеи калон дорад. Аҳмади Дониш дар ду бобби «Наводир-ул-вақоеъ» ду сафари ба Россия кардаи худро (яке сафари солҳои 1868-1870, дигаре сафари 1873-1874) хеле батафсил нақл мекунад. Дар ин ҷо вай аз санъати мусиқию театрии халқи рус, корхонаҳои илмию саноатӣ, аз сохтмони киштиҳои уқёнусгард ва купрӯкҳои дарёи Нева, аз тарзи зиндагӣ, расму одоби мардуми рус бо ҳусни таваҷҷӯҳу ҳиссиёти гарму ҷӯшон ҳикоят кардааст. Аҳмади Дониш баъдтар ҳикоят мекунад, ки чӣ тавр илму ҳунари ӯро дида, вазири русҳо – Стремоухов ба ӯ глобус, яъне кураи замину осмонро тӯҳфа карда будааст. Аҳмади Дониш ба воситаи тарғиби маданият ва илму маърифати рус мехост, ки дар ҳаёти маънавию илмии аморати Бухоро тарзи нав, усули нави русию аврупоӣ дохил гардад. Як ҷиҳати барҷастаи афкор ва ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар он буд, ки вай нисбат ба сохти пусидаи феодалӣ ва тартиботи давлатдории ин сохт нафрат дошт. Вай дар асарҳояш нуқсонҳои тартиботи аморатро сахт танқид мекард ва намояндагони табақаҳои ҳукмронро бо ҳаҷви ҷонсӯзаш дар назари аҳли ҷамъият фош менамуд.
Аҳмади Дониш шарти аввалини салтанатро дар ақл ва адл мебинад. Таъкид мекунад, ки султон бояд тамоми корҳоро аз рӯи ақл анҷом диҳад. «Адл аз камоли ақл хезад. {ар ки оқил нест, одил нест». Барои ин Аҳмади Дониш талаб мекунад, ки дар сари ҳокимият бояд ҳамеша шахси олиму маърифатнок нишинад, ки аз рӯи ақл кор кунад. Аҳмади Дониш системаи вазоратдориро (парламентро) ба миён мегузорад. Дар ин ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъият иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машваратӣ ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба кор дарояд. Ин фикри Аҳмади Дониш дар он замон ниҳоят пешқадамона буд. Ӯ дар «Наводир-ул-вақоеъ», дар «Рисолаи таърихӣ» ва асарҳои дигараш манфиатҳои халқи меҳнаткаш, махсусан табақаи деҳқонро бо дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ ҳимоят намудааст.
Аҳмади Дониш таклиф мекунад, ки ба одамони пир ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум накардаанд, бояд аз тарафи давлат ёрии моддӣ расонида шавад. Дар асарҳои Аҳмади Дониш мавзӯи тарғиби илму маърифат, омӯхтани илму фанҳои табиию дунёвӣ, аз худ намудани касбу ҳунар мавқеи калоне дорад. Бо ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш масъалаи бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъият вобаста намудани илму фанро ба миён гузошт. Ӯ мехост, ки дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илмҳои техникию табиӣ ва физикаю химиявие, ки дар мамлакатҳои тараққикарда омӯхта мешуд, ҷорӣ гардад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.