Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Ғояи некию бадӣ ва адлу зулм дар повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ

Устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти советии тоҷик аз зумраи нависандагони барҷастаест, ки дар кори ба вуҷуд овардани адабиёти тоҷику ӯзбек хизмати арзанда кардааст. Вай барои пурра инъикос кардани ҳодисаҳои мураккаб ва пурҷӯшу хурӯши замон ҳаматарафа муқоиса намудани давраи гузаштаю ҳозира повести «Одина»-ро офаридаастҒояи некию бадӣ ва адлу зулм дар повести «Одина»-и Садриддин Айнӣ

Устод Айнӣ чун асосгузори адабиёти советии тоҷик аз зумраи нависандагони барҷастаест, ки дар кори ба вуҷуд овардани адабиёти тоҷику ӯзбек хизмати арзанда кардааст. Вай барои пурра инъикос кардани ҳодисаҳои мураккаб ва пурҷӯшу хурӯши замон ҳаматарафа муқоиса намудани давраи гузаштаю ҳозира повести «Одина»-ро офаридааст.
«Одина»-и Садриддин Айнӣ аввалин повести реалистии адабиёти шӯравии тоҷик аст. Дар ин асар устод Айнӣ воқеаҳои муҳимтарини рӯзгору ҳодисаҳои ҷамъиятиро ҳақиқатнигорона тасвир кардааст.
Айнӣ сарнавишти Одинаи батрак ва сонӣ коргари заводи пахтатозакуниро дар маркази диққат гузошта, азобу шиканҷаҳои ин ятим, ғариб ва меҳнати ӯ барин камбағалони кӯҳистонро хеле васеъ ба риштаи таҳлил гирифтааст. Одина бо тамоми хислатҳои шахсию синфиаш чун мардикори бағайрати тоҷик дар ҷустуҷӯи роҳи дурусти ҳаёту мубориза ҳақиқатнигарона акс ёфтааст. Ӯ дар байни коргарони заводи пахтатозакунии Фарғона ҳуқуқи инсониро аниқтар дарк мекунад. Сукуту амалиёти одинаҳо ботадриҷ аз андеша ба мубориза дохил шудани онҳо ин амали бедории синфи меҳнаткаши тоҷик аст. Дар ин муборизаи шадид Одинаи ҷавон ҳалок шуда бошад ҳам, вале вай маънан ғолиб буд. Ӯ бо сифатҳои одамию меҳнатдӯстиаш ва ба виҷдони покаш аз Арбоб Камолу Ибод, амалдорон ва намояндагони шариат баланд истода, ба кадом роҳе набошад, аз дасти онҳо халосӣ ёфтанӣ мешаванд. Одинаҳо ҳанӯз намефаҳмиданд, ки аз худсариҳои сарватмандон гурехтан наҷоти ҳақиқӣ нест. Бо вуҷуди надонистани иллати иҷтимоию сиёсии замон, рафтори одинаҳо ва гулбибиҳо маънои мусбате дошт. Вай ба дигарон роҳ нишон медод, ки онҳо низ ҳар гуна зулму тааддиро аз «тақдиру насиб» надониста, ақаллан ба гурехтан аз даргоҳи бою амалдорон эътироз баён кунанд ва ба коргарон ҳамроҳ шаванд. Одина ва Гулбибиро то як дараҷа образи беҳаракат баровардани Айнӣ тасодуфӣ нест. Ин албатта, аз тарафи бою ҳаннотон ба шуури камбағалон ҷо карда мешуд. Устод Айнӣ дар натиҷаи Инқилоби Октябр бедоршавии шуури инқилобии деҳқони камбағали тоҷикро нишон додаст. Айнӣ аввалин шуда, дар адабиёти тоҷик яке аз нахустин образҳои болшевикони тоҷик, коммунисти пинҳонкор, узви Партияи Коммунистии Бухоро – Мирзо Усмонро ба вуҷуд овард ва бори нахуст образи коргари рус – Иванро бо хислатҳои наҷибаш таҷассум кардааст.
Хулоса, дар повести «Одина» ҳаёти халқи тоҷик дар давраҳои гузашта ҳақиқатнигорона инъикос ёфтааст, ки он дорои аҳамияти тарбиявӣ буда, нафрати хонандаро нисбат ба синфҳои доро зиёд менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.