Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Достони «Мардистон »-и Лоҳутӣ

Устод Абулқосими Лоҳутӣ яке аз он шоирони хушсоликаву дардошнои адабиёти муосри тоҷик ба шумор меравад, ки ба воситаи эҷодиёти хеш хазинаи адабиёти оламро бою ғанӣ ва рангину ҷаззоб гардонидааст. Асорҳои ӯ чи аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун воло мақому дилангезанд. Эҷодиёти А. Лоҳутӣ аз соли 1903 оғоз меёбадДостони «Мардистон »-и Лоҳутӣ

Устод Абулқосими Лоҳутӣ яке аз он шоирони хушсоликаву дардошнои адабиёти муосри тоҷик ба шумор меравад, ки ба воситаи эҷодиёти хеш хазинаи адабиёти оламро бою ғанӣ ва рангину ҷаззоб гардонидааст. Асорҳои ӯ чи аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун воло мақому дилангезанд. Эҷодиёти А. Лоҳутӣ аз соли 1903 оғоз меёбад. Роҳи ташаккули эҷодии ӯро ба ду давраи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст. Эҷодиёти ӯ то соли 1922 (дар Эрон ва Туркия ) ва аз соли 1922 то охири умраш дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Устод Лоҳутӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари ашъори ватандӯстона ва ахлоқиву иҷтимоии хеш дар васфу тараннуми қаҳрамонии одамони шуравӣ, ки бар алайҳи адуҳи хунхор ҷангидаанд, достонҳо офарид. Зумраи достонҳои Лоҳутӣ аз қабили достони «Мадристон» достони «Ғалабаи Таня» мебошанд, ки ин асарҳоро достони ҷангномаи адабиёти муосири тоҷик пазируфтан мумкин аст.
Шоири инқилобии тоҷик А. Л. дар достони «Мардистон» асосан ҳодисаи таърихӣ-қаҳрамонии 21 нафар гвардиёчиёни дивизияи Панфилов, ки то нафаси охир ҷангиданду ба Москва душманро роҳ надодаанд, тасвир кардаамт. А.Лоҳутӣ деҳаеро тасвир мекунад, ки тамоми мардҳояш бар алайҳи душман ҷангида, ҳар кадом қаҳрамонии бемислу монанд мекунанд ва ҳамагонӣ ҳалок мегарданд. Унвон ёфтани «Мардистон» аз ҳамин гуна ҷонисорӣ ва қаҳрамонии мардони деҳа ба вуқӯъ пайваста аст. Занони ин деҳаи мардхез дар тан либосҳои тозаву озода доранд, гӯё ки онҳо ба базме равонаанд. Вале дар миёни ҷамии занон як зан либоси мотамии сиёҳ дошта афсурдахотиру мазлум менамояд. Тарзи либоси фақирона пӯшидану озодона бо сари баланду рӯи сурх вонамуд гардидани занон орзую омоли мардони қаҳрамони деҳаро нишон медиҳад. Пас, ҳарчанд ки ин мардони қаҳрамон ҷисман вафот карда бошанд ҳам рӯҳан миёни авлодону фарзандон зиндаву ҷовиданд. Сиёҳ пӯшидани зани лоғарандом низ рамзест, ки шавҳари тарсую ноодами ӯ аз майдони муҳориба, аз набарду корзор сар печида, беномусона роҳи гурезро пеш гирифта аст. Ин зан сиёҳпӯшу мотам гирифтанаш маҳз ба хотири барбод додани номус аз дасти шавҳари беномусаш аст.

Номи он зиндамарди шарманда,
«Мурда» шуд, номи дигарон «Зинда».

Дар деҳаи «Мардистон» занҳоро танҳо бо номи шавҳарҳояшон ёд меоранд, масалан: зани Анвар, зани Шариф, зани Латиф. Ба назари мо устод Лоҳутӣ анъанаи гузаштагони мардумамонро ҳарчанд ки дар перояи сужети ҳикоямонанде офаридааст, вале ин воқеяти тарзи зиндагии хонадони тоҷикро ба деҳаи «Мардистон» ба қалами тасвир кашидааст, ки мегӯяд:
Номи мо номи шӯи мо гардид,
Номи шӯ обрӯи мо гардад.
Деҳи мо низ аз ҳамон даврон,
Ёфт аз халқ номи «Мардистон».

Занони деҳа баҳорон мавриди рустани сабзаву себарга ва гулҳои атрогини наргису гулоб ба ҷангалзори назди деҳа мераванд. Ба лабони муҷасамаҳои шавҳарони қаҳрамони хеш дар ин маврид бӯса мезаданду айшу комронӣ мекунанд. Тасвири ин қисмати достони «Мардистон» хусусияти эпикиву романтикиро бо ҳам омезиш дода, намунаи бисёр хубу гуворо ва қаҳрамонофаринии шеъри тоҷик гардидааст. Дар ин асари қаҳрамонӣ ҳар ҷо порчаҳое зикр гардидаанд, ки манзараҳои ҳайёти воқеиро ҷилвагар кардаанд. Аз ҷумла, зиёрати оромгоҳи шавҳарон, ки аз тарафи занон сурат гирифта аст, ҷазобу хонданист:

Ҳар як аз он занони ғолиямӯй.
Буса мезад ба рӯи ҳайкали шӯй,
Менишаст ӯ ба пеши он пайкар.
Ҳамчуноне ки бо худи шавҳар,
Аз ҳама кори деҳ ва хонаи худ.
Писару духтару дугонаи худ,
Дарди дилҳо барои шӯ мекард.
Гӯё ки бо зинда гуфтугӯ мекард.

Мазмуни ин достон бо воқеаҳои замони ҷанг то он дараҷа ҳамоҳангу муштарак аст, ки афсона будани сужети он фаромӯш гардида, мазмуни достонро воқеияти ҳаққонӣ фаро мегирад:
Кас намехост сарфиканда шавад,
Зинда монад, ба нангу бадан шавад.
З-он сабаб ҷанг кард бо душман,
Ҳар яке дар муқобили сад тан.
Кушта гаштанд як ба як мардон,
Кас вале ҷони худ надод арзон.

Мазмуну мундариҷаи ғоявии достони «Мардистон» асосан аз васфу тараннуми саодат ва ватанпарастии мардуми Шӯравӣ гирифта шуда, мардонагӣ олиҳиммати ҷасурӣ, пойдорӣ дар сари ақида ва ҷоннисорӣ барин хусусиятҳои фардии инсон мавриди тасвири шоири инқилобии тоҷик гардидаанд. Ҳар кадом шахси ба тасвир рафтаи достон – қаҳрамони мудофиавии пораҳои хоки ватананд, ки халқ ёди ин шаҳидонро поси хотир дошта, ҳакале барояшон гузошта аст. Ҳайкал худ рамзи бадеияти ҷовидона дарёфтани қаҳрамонон аст.
Аз ин рӯ, дар достони «Мардистон» қаҳрамони алоҳидаи мушаххас набуда, балки худи халқ қаҳрамони коллективонаи ин асар маҳсуб мешавад. Дар достон асосан се образ амал мекунад. Аввал, қаҳрамони майдони набард, ки ҷони хешро қурбони роҳи мудофиаи Ватан карда то охирин қатраи хуни хеш ҷангида ҳалок шуда, абадияти хешро таъмин намудаанд.
Образи шахси тарсу ва буздилу беҳаё, ки беимонона аз майдони набард гурехта аст. Ҳарчанде, ки ҷисман зинда бошад ҳам зану фарзандон ӯро мурда медонанд. Бинобар ин он зани сиёҳпӯшу мотамзада аз амали номардумона ва буздилонаву тарсончаконаи шавҳараш худро беваи зор меҳисобад. Бе шавҳр мондани он зан рамзи аз даст додани мардонагӣ ва номуси одамии шавҳараш мебошад.
Сеюм, образи марди мусофир аст, ки тавассути ӯ сужети ин достон ба нақл пайваста аст. Албатта шахсияти марди мусофир шояд ҳамон фардияти худи шоир бошад.
Дар охир бояд гуфт, ки достони «Мардистон» намунаи шоистаи махсуси эҷодиёти давраи ҷангии Лоҳутӣ буда, аз истифотаи воситаҳои тасвири бадеӣ аз қабли киноя истиора, ташбеҳ, тавсиф ва рамз бар канор намондааст. Мутолиаву омӯзиши ин асар моро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷасурӣ, нотарсӣ ва самимияту адолатхоҳи тарбият менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.