Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷоми дар тамоми дунё машҳур гардидаастАбдураҳмони Ҷомӣ

Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.
Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст.

Тарҷумаи ҳол
Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷоми дар тамоми дунё машҳур гардидааст.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷоми 7-ноябри соли 1414 дар деҳаи Ҳаргарди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷоми мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷоми 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷоми Абдулғафури Лори чунин менависад; «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтаем».
Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайди усули забони араби, асарҳои «Мухтасарулмаони», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқанди ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочарми сабақ мегирад.
Ҷоми аз кӯдаки зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд; ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқиди, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷоми ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамои намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷоми қатъи буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон голиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷоми чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ӯҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифи нақли аҷибе овардааст, ки он «Ҳамсаи мутаҳайира» («Панчгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.
Онҳо панч нафар буданд, панч нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳучраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочарми вориди ҳучра шуд. Шогирдон-Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авч мегирифт, гоҳо шогирдон голиб мебаромаданд.
— Чи бояд кард? «Илоҷи вокеа пеш аз вуқӯъ» гирифтаанд, -андеша мекард, рох меҷуст устод.
— Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекори андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгуии шогирдон нағзтар тайёр шавам.
Мавлоно Муҳаммади Чочарми шогирдонро ба мӯҳлати 40-рӯз бо сабаби «касали» ва ба «табобат» машгул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.
Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40-рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочарми ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.
Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.
Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари бемори» хестааст ва имрӯз дарс мегуяд.
Онҳо ба дарс ҳозир шуданд.
Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт;
-Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гуям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо хеч кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.
Он чор нафар шарикдарсони Ҷоми, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷоми дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷоми чанд муддат дар назди Қозизодаи Руми аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёри мерасонд.
Ҷоми дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷоми суханро дароз намекард. Суханҳояш муҷаз ва бомаъни буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷоми ба ин пешаи эҷоди шавқи беандоза дорад.
Абдураҳмони Ҷоми соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгуи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машгул гардид. Дар ин айём Ҷоми бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошгари (ваф.1456) шиносои пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рӯҳонии худ—Саъдиддини Қошгари Ҷоми рохбари маслаки Нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомузонд. Абдулғафури Лори яке аз муридони бовафои Ҷоми ба ҳисоб мерафт.

Абдураҳмони Ҷоми дар ҳаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст.
Сафари охирин ва тулонии Ҷоми соли 1472 дар моҳи август огоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохурд, сӯҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эхтиром мекарданд. Ҷоми Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷоми дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адаби батамом машгул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд.
Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот рохбари карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.
Ҷоми дустони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷоми Алишери Навои буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дусти ҷони, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид.
Абдураҳмони Ҷоми оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифли ва хурдсоли вафот карданд.
Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷоми ашқи ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст;

Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар номад эй ҷони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Абдураҳмони Ҷоми умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адаби мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷоми миқдори асарҳои уро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷоми Камолиддини Бинои чунин мегуяд;

Ҷоми, он офтоби нурони,
Он мунаввар ба нури субҳони.
Буд аз чил зиёд таснифаш,
Рӯ дар эъҷоз кард таълифаш.

Соли 1503 қуллиёти Ҷоми аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқх, ахлоқ, мусиқи ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқи иншо шудаанд, қиммату арзиши зиёд дорад. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷоми дар бораи қоидаю қонуни забони араби ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаю мактабҳои Афгонистон, Ирок, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарси барои омӯхтани забони араби истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷоми дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳануз дар ҳамон замон шӯҳрат ва эътибори Ҷоми ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷоми ишорат карда мегуяд;

Агар ба форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гӯяд,
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»

Аз Ҷоми се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснави), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷоми фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики—ғазал, қасида, рӯбои, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавкеи асоси дорад. Масалан, дар девони аввал –«Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм –«Воситатулиқд» 493 ва дар девони сеюм—«Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онхо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегуяд;

Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдои,
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис аз шуури донои.
Зикри дунон наёби андар вай,
Кон бувад нақди умрфарсои.

Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷоми ҳачман хурд буда, аз 8 то15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзуъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафи, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Лучҷатуласрор», «Ҷилоуррӯҳ» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзуъҳои боло суруда шуда, қиммату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар қасидаи «Лучҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқи диққат дода, таъқид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдаки бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурди тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд;

Дар ҷавони саъй кун, гар бе халал хоҳи амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,

Баъдан Ҷоми дар қасида таъқид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, хеч гох гадо нест, ӯ шох аст;

Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Дар эҷодиёти Ҷоми рӯбои, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маъни ва санъати суханвари дар пояи баланд меистанд. Ҷоми дар рӯбоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзгори хеш дахл намуда, таъқид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдуст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун хезум аст;

Ҳар писар, ку аз падар лофар, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори хезум аст.

Абдураҳмони Ҷоми 9-уми ноябри соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Ҳангоми вафоти Ҷоми қариб аксарияти мардуми гирду атрофии Ҳирот либоси мотам пушидааст.

Эй карда зи ҳоли ман фаромуш,
Чун ҷон ки кунад зи тан фаромуш.
Гуфтам, ки бари ту қисса гуям,
Кон гуна макун зи ман фаромуш.
Дидам рӯҳи ту зи дуру кардам,
Аз қиссаи хештан фаромӯш.
Бо ҷонканиям замона кардааст,
Аз меҳнати кӯҳкан фаромуш.
Ҳар ҷо ки мусофирест карда,
Дар кӯи ту аз ватан фаромуш.
Бо бӯи ту карда ҷони Яъкуб,
Аз Юсуфу пироҳан фаромӯш.
Карда ба ҳавои тарфи бомат,
Мурғи чаман аз чаман фаромӯш.
Ҷоми суханат шуниду бар вай,
Шуд қоидаи сухан фаромӯш.

Яке аз осори барҷаста ва пурарзиши Абдураҳмони Ҷоми «Баҳористон» мебошад, ки дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерози эҷод гаштааст.
Абдураҳмони Ҷоми «Баҳористон»-ро соли 1487 бо мақсади тарбияи фарзанди ягонааш Зиёуддин Юсуф ва барои ҳамаи толибилмон менависад. Ин асар аз ҷиҳати забон ва тарзи баён сода аст. Он намунаи барҷастаи насри асри 15 ба ҳисоб меравад.

Сафарҳои Ҷомӣ

Абдурахмони Чоми дар хаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шахрхои Самарканду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тулонии Чоми соли 1472 дар мохи август огоз ёфт. У шахрхои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Хамадон, Багдодро саёхат карда, бо арбобони илму адаби ин шахрхо вохурд, сухбатхо орост. Дар хар чо Чомиро иззату эхтиром мекарданд. Чоми Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Хирот бозмегардад. Поёни умри Чоми дар Хирот гузашт. У ба эчод кардани асархои илмиву адаби батамом машгул буд. Як дакика вакти худро бекор намегузаронд. Танхо ба мактаби адабии Хирот рохбари карда, ба шоирони чавон маслихатхои муфид медод. Чоми дустони бисёр дошт, ки бо онхо базми шеъру суруд меорост, сухбатхои дилангез мекард. Яке аз шогирдони бехтарини Чоми Алишери Навои буд. Муносибати онхо на хамчун устоду шогирд, балки мисли ду дусти чони, ду хамкору хаммаслак ба назар мерасид. Абдурахмони Чоми оилаи хуб ва фарзандони лоик дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифли ва хурдсоли вафот карданд.
Албатта, вафоти фарзандон калби адибро ба шуру галаён овард. Дар мотами фарзандон Чоми ашки гаму хасрат рехт, охи чонсуз аз дили пурсуз баровард. У дара марги фарзандон марсияхо сурудааст, ки дар онхо сузу гудози падари догдида басо муассир ифода ёфтааст.

Ғазалҳо
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо
Муаллим, гӯ, мадеҳ таълими бедод он парирӯро
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро
Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо
Дардмандам, оҷизу бемору танҳову ғариб
* * *
Чу ашки хештан ғалтам миёни хоку хун шабҳо,
Зи рашки он ки бинам ҷоми майро лаб бар он лабҳо.
Шудӣ машҳури шаҳр он сон ки ҳамчун \”Сураи Юсуф\”,
Ҳамехонанд тифлон қиссаи хуснат ба мактабҳо.
Ба хоб ар бар дарат ёбанд ҷо ҷонҳои муштоқон,
Ба бедорӣ куҷо оянд дигар сӯйи қолабҳо?!
Зи ту ҳар шаб зи бас ё раб равад, бар осмон афтад,
Малоикро ғалат дар сабҳа аз ғавғои ёрабҳо.
Танамро з-оташи дил ҳар дам афзояд табе дигар,
Худоро, эй аҷал, раҳме, ки ҷонам сӯхт з-ин табҳо!
Шудам бадбахт з-ашки худ, нашуд, оре маро ҳаргиз,
Саодатмандие рӯзӣ аз ин сайёра кавкабҳо.
Зи ҳафтоду ду миллат кард Ҷомӣ рӯ ба ишқи ту,
Бале, ошиқ надорад мазҳабе ҷуз тарки мазҳабҳо.
Бозгашт ба аввал

* * *
Муаллим, гӯ, мадеҳ таълими бедод он парирӯро,
Ки ҷуз хӯйи накӯ лоиқ набошад рӯйи некӯро.
Маро чашми накӯӣ буд аз он бадхӯ, чӣ донистам,
Ки хоҳад гӯш кардан дар ҳаққи ман қавли бадгӯро.
Рақибо, чун ба раҳ мебиниям афтода, раҳме кун,
Яке з-ин сӯ хиромон бигзарон он сарви дилчӯро.
Агар пои сагаш мебӯсам, эй носеҳ, мазан таъна,
Ки ман рӯзе ба кӯйи ошноӣ дидаам ӯро,
Ба ҷойи ҳар сари мӯ бар тани ман бод сад ништар,
Агар хоҳам зи дарди дӯст холӣ як сари мӯро.
Наяфтодӣ миёни хоку хун ҳардам, агар будӣ,
Ба роҳаш рӯйи афтодансиришки бераҳу рӯро.
Чунин ошуфтаву расво ба кӯйи ӯ марав, Ҷомӣ,
Мабодо, к-аз ту ор ояд сагони он саги кӯро.
Бозгашт ба аввал

* * *
Рахна кардӣ дил ба қасди ҷон мани девонаро,
Дузд, оре, баҳри коло мешикофад хонаро.
Тухми меҳри холи ӯ дар маяфган, эй рақиб,
Беш аз ин зоэъ макун дар санги хоро донаро.
Хез, гӯ, машшота, к-андар зулфи мушкинат намонд,
Баски дилҳо шуд гиреҳ вақти гузаштан шонаро.
Меканам сина ба нохун карда рӯ дар кӯйи ту,
Мекушоям равзане сӯйи ту ин вайронаро.
Оқибат хоҳам зи ту бегона гаштан, чун кунам,
3-ошно пеши ту қадр афзун бувад бегонаро.
Ишқ ёкрангӣ тақозо мекунад вин равшан аст,
Варна шамъ оташ чаро зад ҳамчу худ парвонаро.
Ҷомӣ аз худ рафт, аз он бут қисса кам гӯ, эй рафиқ,
Мустамеъ дар хоб шуд, кӯтоҳ кун афсонаро.
Бозгашт ба аввал

* * *
Кори мо чуз фикри мурдан нест дур аз ёри мо,
Ваҳ, ки ёри мо нагардад ҳеҷ фикри кори мо.
Рӯй дар девори ғам шабҳо ба сар бурдан чӣ суд,
Гар на он маҳ бар занад як шаб сар аз девори мо.
Чанд худро беш қиммат мениҳӣ, эй порсо,
Худфурӯширо ривоҷе нест дар бозори мо.
Мекунад пок аз сиришки сурх рӯйи мо рақиб,
Ваз ҳасад дидан наёрад ранг бар рухсори мо.
Гарчӣ шуд сарҳалқа аҳли маърифатро шайхи шаҳр,
Сар намедорад бурун аз ҳалқаи зуннори мо.
Гӯша кун, гӯ, турраи дастори худ, зоҳид, чу шуд-
Дурдполои ҳарифон гӯшаи дастори мо.
Гуфтам аз бӯйи ту шуд боди сабо, аттор, гуфт:
– Ҷомӣ, аз анфоси худ акнун туӣ аттори мо.
Бозгашт ба аввал

* * *
Дардмандам, оҷизу бемору танҳову ғариб,
Ҳоли худ машрӯҳ гуфтам, вақти лутф аст, эй табиб.
Ҳар шифо дар ҳуққаи лаъл асту он дар дасти туст,
Ҳуққа бикшову каромат кун шифое анқариб.
Ҷӯшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст,
Гарчӣ аз бад бадтарам, ҳошо, ки монам бенасиб.
Ошиқи беморро васли ҳабиб омад илоҷ,
3-остонат чун равам, чун ҳам табибӣ, ҳам ҳабиб?
Бо ту дастовези ман танҳоиву ғурбат бас аст,
Бо ғарибон лутфу раҳмат нест аз хӯят ғариб.
Умр ширин, айш хуш аз давлати васли ту буд,
Ло бақоӣ баъдаҳу ялҷу вало айшӣ ютиб.
Банда Ҷомиро ба мискинони ин даргоҳ бахш,
Истаҷиб ҳоз-ад-дуо фӣ шаъниҳу ё мустаҷиб.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.