Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


Пайдоиши тоҷикон

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологӣ бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагӣ кардани одамони ибтидой буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шудандПайдоиши тоҷикон

Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд. Соли 1980 дар вилояти Кӯлоб, наздикии Ховалинг ҳангоми ҳафриёти археологӣ бозёфтҳое ба даст омаданд, ки далели ҳанӯз ним миллион сол пеш дар замини Тоҷикистон зиндагӣ кардани одамони ибтидой буданд. Дар кӯҳсори Тоҷикистон ёдгориҳои давраи мезолит ва неолит ёфт шуданд. Ду қабати поёнии мадании бошишгоҳи Тутқавул, наздикии Норак (ҳазораҳои Х-VII то мелод) ба давраи мезолит мансубанд. Ҳанӯз дар асри санг маскуншавии баландкӯҳҳо, аз чумла Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқӣ дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кӯчманчӣ – Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар мағораи Шахта тасвирҳои рӯисангии мансуб ба неолити ибтидой ёфт шуданд. Дар онҳо ҳайвоноти тирхӯрда ва шикорчиён тасвир шудаанд.
Барои кӯҳсор ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон маданияти давраи неолит хос буд, ки он маданияти ҳисор номида шудааст. Намояндагони ин маданият, ба ақидаи баъзе олимон, бо чорводорию зироаткорӣ машғул буданд. Айни замон шикор дар хочагии онҳо нақши калон мебозид. Дар маҳалли биёбонии Қайроққум, шимоли Тоҷикистон боқимондаҳои сершумори қароргоҳҳои аҳди биринчӣ таҳқиқ шуданд. Аксари онҳо ба охири ҳазораи III ва аввали ҳазораи II пеш аз мелод мансубанд. Намояндагони маданияти қайроққуми аҳди биринчӣ асосан бо чорводорӣ машғул буданд, вале айни замон аз зироату кори маъдан – пӯлодгудозию кулолӣ низ огоҳӣ доштанд. Дар чануби Тоҷикистон, дар поёноби дарёи қизилсу, Вахш ва Кофарниҳон маданияти дигар, маданияти бишкентии аҳди биринчӣ бо зироаткорӣ, қароргоҳҳои мустаҳкам, дарачаи баланди истеҳсоли сафолот вусъат ёфта буд. Ин маданият ба ёдгориҳои аҳди биринчии Туркманистони чанубӣ ва Осиёи чанубу ғарбӣ наздик аст.
Дар нимаи аввали ҳазораи I то мелод ачдодони тоҷикони ҳозира – бохтариҳову суғдиён аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна – Бохтар ва Суғд буданд. Бохтар қисмҳои марказӣ, чанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (чануб ва чанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд – ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд. Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчӣ ва нимкӯчманчии сакҳо – сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё ачдодони тоҷикон буданд. Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.
Дар асри VI пеш аз мелод шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри VI пеш аз мелод онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунӣ шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ – салчуқиҳо дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар чудо мешавад. Миёнаҳои асри 11 пеш аз мелод дар натичаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тохариҳои ба Бохтар якчоя бо қабилаҳои массагетҳову сакҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд. Аз асри IV сар карда Бохтар Тохаристон номида мешуд. Тохариҳо чун чузъи асосӣ ба халқияти нав ташаккул ёфтаистодаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тохаристон якчоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривочёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқӣ, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони кӯшониён пайвастани санъати осиёмиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тохаристон қабилаҳои даштнишини ҳафтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад. Дар асрҳои V-VI раванди феодализатсия торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалӣ бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи кӯҳна, нақши калони чамоат, ғуломдорӣ ҳукмрон буданд. Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI-VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои ичтимой чудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
Баробари болоравии иқтисодиёт маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққӣ мекарданд. Панчакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабӣ, толорҳои бошукӯҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангин бо сужетҳои оиди мавзӯи эпосҳо аз дарачаи баланди маданияти бадей, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ ёфт шуданд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидой хеле мустаҳкам карда шуда буданд (масалан Қалъаи Болои шаҳри Исфара).
Аз нимаи дуюми асри VII суғдиёну тохариҳо чун халқҳои Осиёи Миёна муқобили ғосибони араб мубориза мебурданд. Вале ханӯз то миёнаҳои асри VIII арабҳо Осиёи Миёнаро истило намуда, ба ҳайати хилофат дохил карданд. Халқҳои Осиёи Миёна ба зӯран чорӣ карда шудани дини ислом, забони арабӣ сахт муқобилият нишон медоданд, бар зидди ҳокимони араб исён мебардоштанд. Алалхус шӯриш таҳти роҳбарии Муқаннаъ (солҳои 770-780) хеле тӯлонӣ буд. Истилогарон ёдгориҳои маданиро несту нобуд мекарданд, шаҳрҳоро харобу валангор месохтанд, аз аҳолӣ андозҳои сершумори беинсофона ситонида, ба корҳои ичборӣ чалб мекарданд.
Асрҳои IX-X сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Сомониён дохил буд, ки он вилоятҳои калони таърихию маданӣ – Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Ому ва Сир) ва Хуросонро (сарзамини чанубу ғарбии дарёи Ому) ташкил мекард.
Дар ин давра Самарқанду Бухоро марказҳои калонтарини касбу ҳунар ва савдо, ҳамчунин илм, адабиёт ва санъат буданд. Дар доираи давлати Сомониён раванди ташаккулёбии халқияти тоҷик анчом ёфта, дар он паҳншавии забони тоҷикии ғарби эронии то ин замон бавучудомада нақши муҳим мебозид. Он ба тадрич забонҳои маҳаллии шарқи эрониро танг карда мебаровард ва дар аҳди Сомониён забони ҳукмрон гардид. Маданият, илм, адабиёт ва санъат бо ҳамин забон нашъунамо меёфт.
Дар вилоятҳои назди Помир равандҳои этникӣ андаке бо роҳи дигар пеш мерафтанд. Бинобар чудоии чуғрофӣ ва як қатор сабабҳои ичтимоиву иқтисодӣ ин вилоятҳо то асри Х дар гӯшаю канори ташаккули этникии тоҷикон боқӣ монданд. Аз ҳамин сабаб дар инчо халқиятҳои мустақили дорои забони худ ба вучуд омаданд, ки он аз забони тоҷикии шарқи эронӣ фарқият дошт. Дар маданияти хосаи аҳолии Помири ғарбӣ таъсиру нуфузи Тохаристон, алалхусус маданияти давраи кӯшониён хеле назаррас аст. Маскуншавии водиҳои душворгузари Панчи боло дар шакли як қатор мавчҳои мухочиратӣ ба амал меомад, ки он аз чониби ғарб, аз қаламрави Афғонистони ҳозира, Эрон ва ноҳияҳои чанубии Тоҷикистон паҳн мегардид.
Асрҳои Х-Х111 сарзамине, ки тоҷикон сукунат доштанд, ба ҳайати чандин давлатҳои Осиёи Миёна, мисли ғазнавиҳо, қарохониҳо, ғуриҳо, қарохитоиҳо дохил буд. Ҳучуми қӯшунҳои Чингизхон дар асри Х111 ба муқобилияти сахти ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна дучор омад. Истилогарон шаҳру деҳот, иншоотҳои обёрикуниро ба харобазор табдил дода, аҳолиро қир мекарданд. Сарзамини Тоҷикистон ба улуси Чағатои давлати муғулҳо дохил карда шуд.
Аз охири асри Х111 ба доираи аҳолии муқимии тоҷикон то андозае гурӯҳҳои этникии туркҳо ва турку муғулҳо сар медароранд. Дар баъзе ноҳияҳо ин ҳолат боиси туркгардонии тоҷикони водинишин мешавад. Дар манотиқи кӯҳӣ ва шаҳрҳо ин раванди туркгардонӣ камтар зуҳур меёфт.
Дар асри XIV Тоҷикистон ба ҳайати давлати бузурги Темур ва дар асри XV ба қаламрави ворисони ӯ – темуриён меафтад, ки он аз Ҳинд то Волга ва аз Сурия то Хитой доман паҳн карда буд. Болоравии маданияти давлати темуриён бо фаъолияти набераи Темур – Улуғбек вобаста аст, ки дар нимаи аввали асри XV хукмронӣ мекард. Нашъунамои илм, алалхусус астрономия, эчодиёти олимон, адибону рассомони машҳур, ки дар Самарқанду Ҳирот зиндагӣ мекарданд, ба ҳамин давра мансуб аст. Ва дере нагузашта маркази давлат ба ончо, яъне ба Самарқанд гузаронида мешавад.
Дар асри XVI қаламрави Тоҷикистон ба давлати ӯзбекони шайбонӣ бо пойтахташ Бухоро дохил мешавад. Дар ин давра хонигарии Бухорою Хива ва дертар, дар асри XVIII хонигарии Қӯқанд ташкил меёбанд. Дар онҳо хонҳои сулолаҳои ӯзбекӣ ҳукмронӣ мекарданд. Тоҷикон асосан дар хонигариҳои Бухорою Қӯқанд зиндагӣ менамуданд. Барои хонигариҳои осиёмиёнагии асрҳои XVI-XVIII парокандагии феодалӣ, чангу низоъҳои тӯлонӣ хос буданд. Чангҳои дохиливу хоричӣ боиси харобшавии системаҳои обёрикунӣ, пастравии зироаткорӣ гардида, баъзан вилоятҳо батамом ғорат мешуданд. Ба синфҳо чудошавии чамъият пурзӯр мегардид, деҳқонону косибони истисморшаванда ба заминдорони феодал, хону амалдорони онҳо, низомиёну рӯҳониён муқобилият нишон медоданд. Деҳқонон – тоҷикону ӯзбекҳо, ки дар заминҳои давлативу хусусӣ заҳмат мекашиданд, ба амалдорону бойҳо андозу хирочҳои миёншикани ҳархела месупориданд, доимо қарздор буда, торафт бештар хонасалоту қашшоқ мешуданд. Корҳои мухталифи ичборӣ: сохтмони қасрҳо, системаи обёрикунӣ, роҳсозӣ маъмул буданд.
Рентаи феодалӣ махлут буд: бегорӣ, коркардадиҳӣ ва пулӣ. Вазъияти деҳқонони чоряккор, ки барои қисми ночизи ҳосил дар замини бойҳо кор мекарданд, алалхусус вазнин буд. Ғуломдорӣ низ чой дошта, он танҳо баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудан бекор мегардад. Зулму ситами бераҳмона, андозҳои вазнин боиси шӯришу исёнҳо (соли 1758 дар Бухоро, аввали асри Х1Х дар /ротеппа, Хӯчанд ва дигар чойҳо) мегардиданд.
Таъсири пурзӯри рӯҳониёни иртичоъпараст ба ҳамаи чабҳаҳои ҳаёти халқ ба инкишофу тараққии илму санъат таъсири манфӣ мерасонд, маданияти ин давра рӯ ба таназзул оварда буд.
Рақобати Англияву Русия барои вусъату ривоқ додани бозори фурӯш ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро тезонид. Соли 1868 мувофиқи шартномаи байни Русияву Бухоро қисми зиёди қаламрави аморат ба ҳайати генерал – губернатории Туркистон дохил карда шуд. Амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо давлатҳои хоричӣ маҳрум гардид.
Аморати Бухоро акнун бо заминҳои маҳдудгаштааш чун мулки тобею вобастаи Русия вучуд дошт. Қисми шимолии Тоҷикистони ҳозира ба Русия дертар ҳамроҳ карда мешавад. Ҳамон вақт пас аз фурӯ нишондани шӯриши зиддифеодалии солҳои 1873-1876 дар Қӯқанд заминҳои он ба вилояти Фарғона дар ҳайати генерал – губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Соли 1886 дар Бухоро агентии сиёсии императории Русия ташкил мегардад. Соли 1895 бо муоҳидаи байни Русияву Англия сарҳади аморати Бухоро бо Афғонистон қад-қади дарёи Панч дар Бадахшон муқаррар гардид. Қисмҳои чанубу шарқӣ ва марказии Тоҷикистони ҳозира – Бухорои шарқӣ ва Помири ғарбӣ дар ҳайати аморати Бухоро боқӣ монда, соҳили чапи Дарвоз, қисмҳои соҳили чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон ба Афғонистон гузаштанд.
Ҳамроҳшавй ба Русия ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои халқҳои дигари Осиёи Миёна аҳамияти калони мусбӣ дошт, чангу низоъҳои байнихудӣ барҳам хӯрданд, раванди таназзули хочагии натуралии феодалӣ ва инкишофи унсурҳои муносибатҳои капиталистӣ оғоз ёфт. Тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсию маданӣ бо Русия ба инкишофи иттифоқи халқи заҳматкаши тоҷикон ва русҳо, ҳамчунин дигар халқҳои Русия, тавлиди синфи коргари тоҷик, шиносо шудани тоҷикон бо маданияти пешқадами инқилобию демократӣ мусоидат намуд.
Айни замон тоҷикон, чун дигар халқҳои Осиёи Миёна зери зулму истибдоди дукарата монданд. Акнун онҳоро ҳам истисморгарони худӣ ва ҳам ҳокимияти мутлақи шоҳ бо системаи истисмори ичтимоиву иқтисодии халқҳои гӯшаву канори Русия азобу шиканча медод. Инқилоб ба Бухоро якчоя бо Армияи Сурх омада, амирро сарнагун сохт ва соли 1920 Республикаи Халқии Советии Бухороро ташкил дод. Солҳои 1918-1926 чанги гражданӣ мерафт. Соли 1924 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати РСС /збекистон ташкил ёфт. Ба қаламрави республика 12 кенти кишвари Туркистон, Бухорои шарқӣ ва як қисми Помир дохил гардиданд. Маркази асосии сиёсию маданӣ – Бухоро ва Самарқанд дар дохили сарҳади /збекистони Советӣ монданд.
Республикаҳои нав ташкилёфта, аз чумла РСС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Айни замон бисёр анъанақои халқҳои мухталиф ба инобат гирифта намешуданд. Асосҳои нави саноатӣ гузошта шуданд, коллективонӣ анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 фоиз расид. Маъракаи \”Ҳучум (озодшавии занон)\” оғоз гардида, системаи советии нигаҳдории тандурустӣ инкишоф меёфт. Дар замони советӣ Тоҷикистон комилан ба комплекси умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ гардид.
Соли 1990 Тоҷикистон соҳибихтиёрии худро эълон кард. Пас аз \”табадуллот\”-и августи соли 1991 дар Москва Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи эълони мустақилияти давлатии ЧТ\” қарор қабул намуд. Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимият оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи советӣ ва коалитсияи оппозитсионии исломистҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тичоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавй табдил ёфт.
Моҳи маи соли 1992 гирдиҳамой ва гуфтушунидҳо дар Душанбе ба тақобули мусаллаҳона гузашта, баъдтар дар ноҳияҳо паҳн шуданд. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ ба вуқӯъ мепайвастанд, алалхусус дар чануби Тоҷикистон. Моҳи ноябри соли 1994 раъйпурсии оиди қабули Қонуни асосӣ (конститутсия) ва интихоби президенти нав гузаронида шуд. Пас аз се моҳ, моҳи феврали соли 1995 интихобот ба Мачлиси Олӣ (парламент) барпо гардид.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.