Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Гулханӣ

Гулханӣ зодаи деҳаи Булқоси Қаротегин буда, тақрибан солҳои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. Ў солҳои 90-уми асри XVIII ба шаҳри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишӣ шоир таҳсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдҳо бо фармони амир ба касби сипоҳигарӣ ҷалб карда мешавадГУЛХАНӢ
Адиби зуллисонайн, шоир ва нависанда Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам дар шаклҳои гуногуни назм ва ҳам дар наср мавқеи намоён дорад. Номи адиб Муҳаммадшариф ва тахаллуси адабии ӯ «Гулханӣ» буда, дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар «Маҷмӯаи шоирон» мегӯяд:
Хушо, Гулханӣ шоири пурфан аст,
Чӣ гулхан, ки зеботар аз гулшан аст.
Зи девонахӯиву оташфанӣ,
Тахаллус ниҳода ба худ «Гулханӣ»
Ғазалҳо навишта латифу равон,
Ба дастури алфози кӯҳистон.
Ки буданд аҷдоди ӯ дар диёр,
Писандидаи мардуми кӯҳсор.

Гулханӣ зодаи деҳаи Булқоси Қаротегин буда, тақрибан солҳои 70-уми асри XVIII ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 90-уми асри XVIII ба шаҳри Намангон меравад. Аз сабаби тангии маишӣ шоир таҳсилро пурра фаро гирифта наметавонад. Баъдҳо бо фармони амир ба касби сипоҳигарӣ ҷалб карда мешавад. Сипоҳигарӣ барои Гулханӣ ҳамчун мактаби ҳаётӣ бисёр масъалаҳои гуногуни рӯзгору зиндагиро ёд медиҳад ва шоир аз ин мактаби ҳаётӣ баҳраҳо бардоштааст. Пас аз чанде Гулханӣ ба дарбори Умархон роҳ меёбад ва ба доираи адабии Қӯқанд мепайвандад. Ӯ тадриҷан ба амир Умар таваҷҷӯҳ пайдо намуда, ин ҳокимро одил ва саховатпеша ном мебарад ва мадҳ мекунад. Вале бо мурури вақт мебинад, ки пиндораш хатост, зеро ба меҳнати шоир ба назари хайрхоҳона нигоҳ намекунад:

Ҳунар ҳарчанд ин ҷо метаровад аз ҳар ангуштам,
Зи бахти норасо коре надорад бо зар ангуштам.

Муҳаммадшариф ба шеър таваҷҷӯҳи зиёд дошта, хеле барвақт ба эҷоди он майл кардааст. Ӯ дар ибтидо «Гулханӣ» тахаллус интихоб карда будааст. Сарчашмаҳо инчунин таъкид менамоянд, ки ӯ баъдҳо ба худ тахаллуси «Ҷуръат»-ро муносиб медонад ва бо ин тахаллус эҷод мекунад. Фазлии Намангонӣ («Маҷмӯаи шоирон») оид ба тахассули аввалини Муҳаммадшариф ва шахсияти ӯ баҳс ба миён оварда мегӯяд:

Зи мулки кӯҳистон бувад Гулханӣ,
Кунад паҳлавонӣ зи нерӯманӣ.
Ба даргоҳи султони гетипаноҳ
Ҳавохоҳ ҳам шоиру ҳам сипоҳ.

Умуман зиндагии шоир чандон мувофиқи мақсад набуда, дар ашъори маҳфузмондааш низ доир ба ин ҷиҳат ишораҳои фаровони худи адиб ва сарчашманигорон ба мушоҳида мерасад. Масалан баъзе ишораҳои Фазлӣ низ бисёр лаҳзаҳои зиндагии иҷтимоии Муҳаммадшарифро равшан месозад:

Сипоҳигарӣ кард, роҳат надид,
Ки осоиш аз ранҷу меҳнат надид.
Мурувват накардӣ ба ҳолаш амир,
Басе бенавоӣ кашид он фақир.
Ки аз тангдастӣ ба ҷон омадӣ,
Зи бемоягӣ дар фигон омадӣ.

Поёни умри Муҳаммадшарифи Гулханӣ дар Қӯқанд гузашта, ба даврони ҳукмронии Муҳаммадалихон (1822-1842) рост омадааст. Ин амири бетадбир ба қатли Гулханӣ фармон додааст. Вафоти шоир ба ҳамин тариқ, солҳои 1826-1827 иттифоқ афтодааст. Мероси адабии Гулханӣ Чунон ки қаблан таъкид шуд, Гулханӣ бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, дар ду навъи адабӣ: назм ва наср аз худ андак бошад ҳам, мероси адабии пурмӯҳтаво ба ёдгор гузоштааст. Ҳоло аз ин адиб чанд ғазалу як қасида ва як қиссаи тамсилӣ бо номи «Зарбулмасал» ба забони ӯзбекӣ маълум аст. Яъне аниқтараш 12 ғазалу як қасида ва аз 12 ғазал 7-то ба забони тоҷикӣ ва 5 то ба забони ӯзбекӣ эҷод гардидааст: Фаъолияти адабии Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳангоми таҳсил ва сипоҳигарӣ бо эҷоди шеърҳои лирикӣ оғоз гардидааст. Муҳаммадшариф бо тахаллусҳои «Гулханӣ» ва «Ҷуръат» эҷод кардааст. Мавзӯи ғазалиёти Гулханӣ суннатӣ буда, ишқу исёнҳои ботинии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, нозу ифтихори ӯ, садоқати ошиқу бемеҳрии маъшуқа, барди ҳиҷрону сӯзи фироқ ва ғайра мебошад. Яке аз мавзӯъҳои дӯстоштаву марказии ашъори шоир ҳаҷву истеҳзо, тамасхуру танқид аст. Вале дар ҳар сурат дар ғазалҳои шоир ишқу масоили дигари иҷтимоӣ бештар мавқеъ дорад. Чунончи:

Ай бути ширинлабу симинтану рангинқабо,
Пой то сар ҷилваи макру фану нозукадо.
Мазҳари ҷавру ҷафову зулм, ҳам бедоду кин
Дар сипеҳри дилрабоӣ моҳи бемеҳру вафо.
Мубталои холу зулфу оразу чашми ту буд,
Ҳиндуву кашмирию римиву туркони Хито.
З-оташи шамъи рухат парвона бесабру шикеб
Ҳусн – саркаш, ишқ – ғолиб, ман – забун, дил – бенаво.
Гар набошад ёди мижгонат ба дасти ӯ асо.
Аз тапиданҳои дил дар гӯш меояд садо.
Зиндагиҳо ба рағми даҳр то кай Гулханӣ
Чанд гӯӣ ёр бераҳму фалак ноошно.

Ғазали мазкур аз рӯи мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтаво ишқӣ, иҷтимоӣ, шиквоӣ буда, бемеҳриву бераҳмиии маҳбуба, маккориву ҷафопешагии ӯ ба тасвир омадааст. Аз нигоҳи ҳунари эҷод низ ғазали боло хуб аст. Шоир аз санъати таносуби сухан, тавсиф, ташбеҳ, муболиға, тазод, истиора, киноя, маҷоз, ҷамъу тақсим, нидо ва ғайра нисбатан хуб кор гирифта шудааст. Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазал нисбатан ҷолиб эҷод гардидааст. Шоир дар ин ғазал радифро ба кор набурда, дар он калимаҳои рангинқабо, нозукадо, вафо, хито, бенаво, асо, садо, ноошно ҳамқофия шудаанд. Аз нигоҳи навъҳои қофия, калимаҳои қофияшуда бо равӣ «о» тамом шудаан ва аз ин рӯ, шакли қофия муқайяд аст. Ғазал дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо гардидааст, ки афоъили он чунин мебошад: – v – – / – v – – / – v – – / – v – (ё худ: – v ~) яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон. Муҳаммадшарифи Гулханӣ умуман дар ҳунари ғазалсароӣ чандон бад нест, зеро эҷодиёти ин шоир низ дар заминаи суннати ниёӣ зуҳур кардааст. Аз ғазалҳои маҳфузмондаи тоҷикии ӯ маълум мешавад, ки шоир ғазалҳои ишқии худро бо оҳангҳои бисёр қавии иҷтимоӣ дар омехтагӣ эҷод намудааст:
Гудозу сӯзу дарду доғ з-инсон бар ман аст имшаб,
Чу шамъ эғозу анҷоми ман аз худ рафтан аст имшаб.
Зи ман уммеди нақди дину дил дигар бувад нодир,
Чароғи корвонам гӯӣ чашми раҳзан аст имшаб.
Баёзи гардани соқӣ таҷаллигоҳи маҳфил шуд,
Гилеми тӯри моро гӯӣ водӣ Эман аст имшаб.
Зи поям барфикандӣ, по ба поят ман сарафкандам,
Барафкан парда аз рухсор, афкан-афкан аст имшаб.
Кулаҳ бишкаст соқи, мӯҳтасиб паймонаи майро,
Ту бишкан фарқи он бадхӯй, бишкан-биштан аст имшаб.
Ба имшаб-имшаб додӣ навиди васл дере шуд,
Ҳанӯзам гӯш дар роҳи ту чашми равзан.

Ғазали боло дорои шаш байт буда, аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ишқӣ- иҷтимоӣ нест. Зеро шамъ барин сӯхтаму аз худ гузаштан ва фурӯравӣ ба хотири таҷаллии маҳфил ифодаҳои сӯфиёна мебошад. Ҷанбаи ҳунарии ғазал низ чандон бад нест. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, ташбеҳ, маҷоз, киноя, истиора, муболиға, тазод, тавсиф, талмеҳ ва ғайра хуб кор гирифтааст. Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали зикршуда ҷолиб аст: Ғазал мураддаф буда, калимаҳои «аст имшаб» радиф аст, зеро аз оғоз то анҷом такрор мешавад. Радифи мазкур мураккаб мебошад, зеро аз ду калима иборат аст. Калимаҳои радифшуда бори ғоявии шеърро бар ӯҳда гирифтаанд. Дар ғазали зикршуда калимаҳои ман, рафтан, раҳзан, Эман, афкан, ишкан, равзан ҳамқофия шудаанд. Аз сабаби он ки қофияшавандаҳо бо ҳарфи равӣ «н» ба охир мерасанд, ин навъи қофияро қофияи муқайяд мегӯянд. Аз нигоҳи вазн, ғазали зикршуда дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст: v – – – / v – – – / v – – – / v – – – яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун, мафоъӣлун. Дар ашъори Муҳаммадшарифи Гулханӣ ҳаҷву истеҳзо, мазаммату танқид низ мақоми махсус дорад. Ин ҷанбаъ ҳам дар назм ва ҳам дар наср ба хубӣ мушоҳида карда мешавад. Масалан, шоир бо радифи бидеҳ ғазале дорад, ки қофияву радиф дар он на танҳо вазифаи хушоҳангиву хотирмонӣ, равонию дилнишинӣ, ҷолибию ҷаззобӣ дорад, балки беш аз он бори ғоявию маъноӣ мекашад. Чунончи:
Ҳазратам, аз гушнагӣ мурдам, ба ман нунам бидеҳ,
Кофирам, гӯям агар инам бидеҳ, унам бидеҳ.
Гандуму мошу биринҷам деҳ, ки даркорӣ ҳамӯст.
Ман намегӯям ақиқу лаълу марҷунам бидеҳ,
Бар танам як лоғ дору ишкамам пур кун зи нун,
Бо ту, биллаҳ, ман намегӯям, ки имунам бидеҳ.
Аз тиҳидастӣ агар нӯкор мурад ҳайф аст, ҳайф,
Ай, табиби ҳозиқи нӯкар, ту дармунам диҳед.
Ҷума деҳу нун, зи ранҷу фоқа мегардон халос,
Кай туро гуфтам, ки бар ман ганҷи Қорунам бидеҳ.
Аз тағуёни дарат кас нест чун ман беасос,
Ҳавливу боғу сарову қасру айвунам бидеҳ.
Гулханиро ай қатури баччамардон кам мадон,
Футтаву шофам бидеҳ, аспам бидеҳ, тунам бидеҳ.

Хусусан бори ғоявию мавзӯӣ ва маъноиву мундариҷавӣ бар душ доштани радиф дар ғазали боло, аз он ҳам маълум мегардад, ки дар мисраи интиҳоии ғазал, калимаи радифшуда бидеҳ се дафъа таъкид карда мешавад. Яъне мақсади шоир аз зикри ашёи зарурӣ ҳамин аст, ки бо он эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, ин калима, ки эҳтиёҷи қаҳрамони лирикиро қонеъ мегардонад. Аз нигоҳи ҳунарӣ, албатта, ин ҷолиб аст. Аз тарафи дигар, ҷанбаҳои дигари ҳунарии шеър, масалан, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ҳам хеле писандида мебошад. Шоир аз санъатҳои бадеии таносуби сухан, нидо, тазод, муболиға, маҷозу киноя, тавсиф, ташбеҳу истиора ва ғайра хуб истифода кардааст. Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хеле ҷолиб аст. Шеър мураддаф буда, чунон ки ишора кардем, калимаи бидеҳ қофия қарор дода шудааст. Ин калима эҷодиёти номбаркардаи адибро фаро мегирад. Аз ин рӯ, бори ҳадафӣ низ бар ӯҳда дорад. Радифи содда аст. Қофияҳои ғазали мазкур: нунам, унам, марҷуам, им унам, дармунам, қорунам, айвунам ва ғайра мебошад. Аз нигоҳи сохтор қофияҳои интихобшуда мутлақ буда, пас аз равӣ «н» унсурҳои дигар низ ҳаст: Вазни ғазал низ ҷолиб аст. Он дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст. Аз нигоҳи афоъил он чунин аст: – v – – / – v – – / – v – – / – v – (ё – v ~) яъне: мафоъилун, фоъилотун, фоъилотун ё ин ки – v ~ мебошад. Умуман, лирикаи Гулханӣ аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва мавзӯъи ишқӣ, иҷтиомӣ ва ҳаҷвӣ буда, дар он унсурҳои шеваи гуфтугӯии мардумони кӯҳистони тоҷик хеле мавқеъ дорад. «Зарбулмасал»: мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтавои он. Ҳаҷву истеҳзо ва танқид яке аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёти бадеист. Ин суннати адабӣ дар адабиёти охири асри XVIII ва оғози асри XIX буд. Маҳз чунин талаботи ҳаёт дар он рӯзгор «Зарбулмасал»-и Гулханӣ барин асарҳои ҷавобгӯи даврро ба миён овардааст. «Зарбулмасал»-и «Гулханӣ асари насрат-тамсилӣ буда, ҳадафи нависанда аз эҷоди асар бе восита танқиди салтанати амир Умархон набудааст. Ин асари мансури Гулханӣ ба забони ӯзбекӣ таълиф шудааст. Муаллиф асосан аз ҳикоёти «Калила ва Димна» хеле хуб истифода бошад ҳам, бунёди хати сужаи асар бар як ҳикоят «Махзан-ул-асрор» гузошта шудааст. Дар ҳикояи Низомӣ саҷараи ду бумро мушоҳида намудани Анӯшервон тасвир карда мешавад. Яъне дар вайронае ду бум ба ҳам саҷара мекарданд. Зеро буме ба назди буми дигаре бо мақсади хостгорӣ омадааст. Мехоҳед барои писари худ духтари буми дигарро хостгорӣ кунад. Ба ҳамин тариқ, дар ҳамин ҳолат аз назди ҳамон макони вайрона Анӯшервон бо вазири донишманди худ Бузургмеҳри Бахтакон мегу зоштанд. Анӯшервон саҷараи бумҳоро мушоҳида намуда аз вазираш мепурсад, ки гӯш кун, то он ду парранда дар бораи чӣ сӯҳбат доранд? Бузургмеҳр лаҳзае ба саҷараи бумҳо гӯш дода, аз мақсади онҳо бохабар гардида, ба Анӯшервони одил мегӯяд, ки онҳо фарзандони худро хонадор кардан мехоҳанд. Бум барои ширбаҳои духтараш панҷоҳ ҳазор деҳи вайрона талаб карда истодааст. Буми дигар ба шумо ишора намуда гуфт, ки: -Агар ҳамаи шахс шоҳ бошад, сад ҳазор деҳаи хароб хоҳам дод. -Анӯшервони ҷавоби бузургмеҳрро шунида хеле мутаассир мешавад, ки ҳоло ҳам дар сиёсати пешгирифтаи ман усули мамлакатдории ман, нуксонҳо зиёд будаанд. Бояд аз паи ислоҳи нуқсонҳо шуд… Гулханӣ дар ҳамин заминга сӯҳбати ду кабутари қудошавандаро зикр намуда, ба ин восита амир Умархонро одилу адолатпарвар нишон медиҳад. Образҳои амалкунандаи асари Гулханӣ намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъият буда, нависанда нуқсонҳои онҳоро хеле соддаву оддӣ фош месозад. Қаҳрамонҳои асар ҷонварҳои гуногун ва бештар паррандаҳо мебошанд. Образҳои тансилии асар: Бойӯғлӣ, Япалоққӯш, Қӯрқуш, Маликшоҳин, Худҳуд, Шӯрнӯл ва ғайра буда, ҳар кадом хислату характер, рафтору кирдор, муносибату гуфтори ба худ хос доранд. Дар маркази асар амалиёти қудогии Япалоққуш ва писари ӯ Қуланкир султон ва инчунин Бӯйӯғлӣ ва духтари зебои вай Гунашбону меистанд. Муаллиф писарӯ падарро, ки аҳли меҳнатанд, ҷонибдорӣ мекунад. Маликшоҳин аз хизматҳои Қуланкир хуб розӣ аст. Вале Бойӯғлӣ марди мағрур, худписанд, ҳавобаланд ва инчунин мумсик аст. Аз ин ҷост, ки ӯ япалоққушу писари ӯро писанд намекунад. Ҳатто Япалоқ куҷову ман куҷо? – мегӯяд. Агар сухан дар бораи шахсиятҳои сиёсии давр, рӯҳониён, амалдорони муосираш равад, адиб ба образҳои тамсилӣ: паррандаҳо, ҷонварҳои дигарро ба кор мегирад. Агар сухан дар бораи табақаҳои дигари иҷмоӣ: савдогаро, муфтиҳо, баққолон, судхӯрдҳо равад, Гулханӣ номи ҳақиқии онҳоро ба кор мебарад. Чунончи Саид Азимҷони Сӯфӣ, Муҳаммад Қосим – даллоли рангфурӯш, Муҳаммад Аминхӯҷаи Муфтӣ ва дигарон, ки ҳар кадом бо ному касбу пешаашон зикр шудаанд. Усули корбурди ҳикояҳо ва ҳикоясозӣ дар асари Гулханӣ ва «Калила ва Димна» монанд аст. Масалан, «Қӯрқуши хостгор дар ҳузури Бойӯғлӣ ҳикояти Муҳаммадқосими даллоли рангфурӯшро нақл мекунад: -Қӯқуш гуфт: Омади суханони ту ба Муҳаммадқосими далоли рангфурӯш монанд аст, ки як рӯз барои деворзанӣ мардикор андохтааст. Дар вақти намози аср, ҳангоми таҳорат ба мардикор нигоҳ карда истода тақияшро ба оби равон афтонда аст. Ӯ гирифта танавониста тавонашро аз мардикор гирифтанӣ шудааст. Баъд аз кор мардикор музд талаб кардааст. Муҳаммадқосим тоқии ман се танга буд, тоқии ту базӯр як танга аст. Бо як тангаи музди корат ду танга мешавад. Ҳаққи як тангаи ман дар гардани туст. Зеро ман ба ту нигоҳ кардам ва тоқиям ба об афтод. Акнун товони онро ту медиҳӣ. Боз як рӯзи дигар кор карда деҳ. Дар ин ҳикоя образи даллол – манфӣ аст, ки ба образи мусбат – мардикор муқобилгузорӣ шудааст. Дар асар порчаҳои шеърӣ ва ҳикояҳои хурд-хурд манзхум низ зиёданд. Аз ҷумла ҳикоёти «Сангпушт» ва Каҷдум» (насрӣ), «Маймуни наҷҷор» (манзум) мебошанд. Умуман Гулханӣ аз ҳикоёти классикони дигари таърихи адабиёт истифода кардааст: Муҳим он аст, ки асари Гулханӣ барои соддабаёнӣ ва мактаби вуқуъгӯии минбаъдаи (девори шӯравӣ) адабиёти тоҷик заминаи хуб фароҳам овард.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.