Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Камина Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки дар шиноснома номи расмиам Муҳаммад Шарифович Шукуров буда, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳои худ Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузоштам, аз рӯи расмият 30 октябри соли 1926 чашм ба дунё кушодаам. Аммо дар ҳақиқат на соли 1926, балки моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудаам
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ

Камина Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки дар шиноснома номи расмиам Муҳаммад Шарифович Шукуров буда, то моҳи майи соли 1992 дар навиштаҳои худ Муҳаммадҷон Шукуров имзо мегузоштам, аз рӯи расмият 30 октябри соли 1926 чашм ба дунё кушодаам. Аммо дар ҳақиқат на соли 1926, балки моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудаам. Ин аз он ҷо маълум мешавад, ки дар соли муш ба дунё омадаам ва ҳазрати қиблагоҳам Садри Зиё дар таваллуди ман ин рубоъиро бо моддаи таърих гуфтаанд:

Ин тоза ниҳол сабзу пурбар бодо,
Дар боғи ҳаёт тозаву тар бодо!
Дар вақти таваллудаш, ки буд ахтар саъд,
Кардем рақам, ки саъдахтар бодо.

«Саъдахтар бодо» баробари соли 1343 ҳиҷрии қамарӣ ва ба гоҳшумории мелодӣ соли 1925 аст. Аз дигар навиштаи қиблагоҳам бармеояд, ки банда моҳи феврал таваллуд ёфтаам, лекин рӯзи таваллуд қайд нашудаст.
Аз аввал зоднома надоштам. Он гоҳ ки дар зодгоҳи худ – дар Бухоро дар мактаби Куйбишев мехондам, дар санадҳо зодсоли ман 1925 навишта шуда буд. Азбаски ҳамаи мо мактаббачаҳо зоднома – ҳуҷҷати расмии таваллуд надоштем (зоднома додан ҳанӯз расм нашуда буд), чун ба шаҳрвандон пошпурт доданд, тахминан соли 1934 ё 1935 буд, ки як комиссиюни пизишкӣ таъсис карданд, ки синни талабаҳоро муайян намояд: дандон, мӯи бағал ва ғайраро дида, тахминан таъйин карданд, ки синни мо чанд аст. Ҳамин пизишкон зодсоли маро 1926 гуфтанд ва ман маҷбур будам, ки инро қабул кунам. Он рӯз, ки комиссиюни пизишкон маро дид, 30 октабр будааст. Он рӯзро зодрӯзи ман навиштанд. То он рӯз номи хонаводагии камина Шарифов буд, ки аз номи падарам Шарифҷон – махдум гирифта шудааст. Комиссиюни синну сол қарор кард, ки номи хонаводагии ман бояд аз номи бобоям домулло Абдушакури Оят гирифта шавад, яъне минбаъд ман Шукуров бошам («Шакур» дар гуфтугӯи мардуми Фарорӯд «Шукур» шуда аст, ки ғалати машҳур аст) ва номи падариам Шарифович бошад.
Ин аст, ки дар 5-10 дақиқа, ки комиссиюн маро дид, ман тамоман дигар шудам: номи хонаводагиам тағйир ёфт, соҳиби номи падарӣ бо «-вич» гардидам, зодсолам дигар шуд, зодрӯзе ҳам пайдо кардам. Фақат исмам бидуни дигаргунӣ монд. Муҳаммад Шарифов будам, Муҳаммад Шарифович Шукуров шудам. Он гоҳ мақомоти марбута ба банда зодномаи расмӣ дода буданд, ки ҳанӯз онро дар даст дорам.
Банда фарзанди Шарифҷон – махдуми Садри Зиё (1865-1932) ҳастам, ки нависандаи тоҷик буд. Ӯ худ шарҳи ҳоли худ ва падараш қозӣ Абдушакури Оятро (1816-1889) навиштааст, ки дар китобхонаҳои Бухоро, Душанбе ва Тошканд бо дигар навиштаҳои ӯ нигаҳдорӣ мешавад.
Садри Зиё то инқилоби Бухоро (1920) дар баъзе тумон ва вилоятҳои аморати Бухоро қозӣ будааст. Пас аз инқилоб чанде дар муассисаҳои Ҷумҳурияти Халқии Шӯроии Бухоро (1920-1924), масалан, дар идораи авқоф ва китобхонаи марказӣ кор кардааст ва баъди барҳам хӯрдани ҷумҳурии Бухоро хонанишин шудааст. Чун давлати шӯравӣ аз мардум тилло гирд овардан оғоз кард, падарам зиндонӣ шуд ва дар зиндон аз дунё гузашт.
Банда дар бораи ҳазрати қиблагоҳам китобе ба номи «Садри Бухоро» (Душанбе, Деваштич, 2005) ба чоп расонидам.
Модарам Мусаббиҳа Шукурова низ бо падарам зиндонӣ ва дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, баъди расидан ба озодӣ, пас аз як соли даргузашти падарам, яъне соли 1933 вафот кард. Он гоҳ ман дар синфи якум мехондам. Даргузашти модарам ҳангоми таътили зимистонии мактаби ман, яъне дар моҳи январ буд. Модарам ҳамагӣ 37 сол умр дошт.
Ман чанде дар хонаи тағоии худ Ҳабибуллоҳ – махдуми Авҳадии шоир (1900-1937) зиндагӣ доштам. Номи Авҳадӣ дар китоби Садриддини Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926, саҳ. 222-226 ва 597) зикр шудааст. Дар санадҳои расмии шӯравӣ номаш Ҳабибуллоҳ Ибодуллоҳов буда, падари ӯ Ибодуллоҳ – махдум (яъне бобои модарии банда) фарзанди Абулфазли Сирати Балхӣ буда, дар Бухоро ба шоирӣ ва фазлу камол шӯҳрат доштааст.
Авҳадӣ дар Бухоро, дар китобхонаи машҳури Ибни Сино кор мекард. Шеъраш гоҳ-гоҳ дар рӯзномаи Бухоро чоп мешуд. Азбаски Авҳадӣ дар ҷавонӣ аз ҷадидони Бухоро буд ва бисёр ҷадидон оқибат инқилобкор шуданд, аз шӯравиён чандон хавф надошт ва бо бародаронаш ба Афғонистон нагурехт. Бо вуҷуди ин, соли 1937 Авҳадӣ зиндонӣ ва ба Сибир бадарға шуд ва он ҷо ба ҳалокат расид.
Тағоиям васии банда буд ва пас аз зиндонӣ шудани ӯ аз васоят ҳам бенасиб мондам. Чанде пеш аз зиндонӣ шудани ӯ ман ба хонаи аммаам Иқболхон, ки танҳо монда буд, гузаштам. Лекин аммаам аз паси фарзандаш Асолатхон ба Сталинобод – имрӯза шаҳри Душанбе рафт. Ман дар Бухоро бекасу танҳо мондам. Дар як ҳавлии вайрона мезистам, ки моли бародарам Зариф буд ва Зариф дар як деҳи Ғиҷдувон муаллимӣ мекард. Соли 1939 аммабачаам Асолатхон ва ҳамсари Ҷалоли Икромӣ – Саодатхон, ки бо коре аз Душанбе омада буданд, маро бо худ ба Душанбе оварданд.
Асолатхон дар Душанбе муаллим буда, Саодатхон дар китобхонаи Фирдавсӣ кор мекард. Ҷалоли Икромӣ чанде пеш аз он аз зиндони шӯравӣ баромада ва бемор буд ва ман намедонистам, ки дар куҷо кор мекунад. Ман ба хонаи Асолатхон фуромадам ва ӯ имкон фароҳам овард, ки бо ягона фарзандаш, ки низ Муҳаммадҷон ном дорад (Муҳаммадҷон Раҳмонов), таҳсилоти миёна ва олиро ба поён расонам.
Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омӯзишгоҳи педагогӣ (омӯзгорӣ) таҳсил кардам. Соли 1941 ба охирин синфи омӯзишгоҳ гузашта будам, ки ҷанги фашисти Олмон оғоз ёфт ва омӯзишгоҳро бастанд. Агарчи охирин синфи омӯзишгоҳро ба поён нарасонида будам, маро ба Институти педагогӣ – ҳозира Донишгоҳи омӯзгории Душанбе (факултети забону адабиёти тоҷикӣ) қабул карданд. Қабул карданашон ин тавр шуд, ки чун ҷанг оғоз ёфт ва ҷавонон ба сафи Артиши Сурх даъват гардиданд, дар донишгоҳи омӯзгорӣ донишҷӯ кам монда буд ва аз ин рӯ ман ва амманабераам Муҳаммадҷон Раҳмонов, ки синнамон ҳанӯз ба сини хидмати ҳарбӣ нарасида буд, бидуни дипломи мактаби миёна ва бидуни имтиҳони қабул ба мактаби олӣ даромадем. Таҳсили ман дар Донишгоҳи омӯзгорӣ аз соли якуми ҷанг, яъне аз 1941 сар шуда то 1945 идома дошт, яъне бо поён ёфтани ҷанг ба охир расид.
Соли 1944 синни ман ба хизмати аскарӣ расид, лекин ман ва ҳамсолонамро, ки дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекардем, ба хизмати аскарӣ даъват накарданд, чунки соли 1943 Сталин фармон баровард, ки муаллимон ва кормандони маориф аз хизмати ҳарбӣ озоданд ва ҳатто аз майдони ҷанг ба шаҳру деҳи худ баргардонида шаванд. Солҳои ҷанги зидди фашизм дар мактабҳо муаллимон кам монданд. Ҳама ба майдони ҷанг рафтанд ва дар мактаб танҳо мардони солхӯрда ва занҳо монданд. Бинобар ин, кормандони маорифро аз ҷанг озод кардан лозим омад. Азбаски мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ муаллимони оянда ҳисоб мешудем, моро низ аз хизмати ҳарбӣ озод карданд.
Дар овони донишҷӯӣ соли 1943 то 1945 дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрӯз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор кардам: навбатдори шаб будам, шабҳо бо сармуҳаррир Самади Ғанӣ саҳифа мехондем. Дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шӯъбаи Фарҳангистони улуми шӯравӣ дар Тоҷикистон) лаборант будам. Бо вуҷуди ин шабкориву рӯзкориҳо таҳсилам дар донишкада бад набуд ва стипендияи сталинӣ мегирифтам, ки 500 сӯм буд, яъне аз дигар донишҷӯён ду-се бор зиёдтар даромад доштам. Барои ин ки солҳои ҷанг чӣ арзиш доштани 500 сӯми стипендия маълум шавад, бояд гӯям, ки дар бозор нархи як нони хилеб то 400 сӯм расид. Ба донишҷӯён аз рӯи чеки хилебкарта 400 грам нон медоданд. Идораи рӯзнома ҳам каминаро ба ошхонае вобаста карда буд, ки бо чек хӯрок мегирифтам. Ба ин тариқ ба азобе рӯз ба сар мебурдам. Вале ба аммаам Иқболхон ва аммабачаам Асолатхон наметавонистам ёрӣ бидиҳам. Барои ин ки онҳо аз бори ман халос шаванд, ба хобгоҳи донишкадаи омӯзгорӣ гузаштам ва гӯё солҳои донишҷӯӣ мустақилона зиндагӣ мекардам. Аммаам соли 1943 чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Таҳсил дар донишкада ба душвориҳои зиёда муяссар мешуд. Аз ҳеч дарсе китоби дарсӣ ва ё кумакдарсӣ надоштем. Адабиёти бадеъии тоҷикӣ ва тарҷумаи адабиёти русиро, ки даҳаи сӣ ба хати лотинии тоҷикӣ чоп шуда буд, ба даст оварда наметавонистем, зеро бештари муаллифон ё тарҷумонҳо ва ё муҳаррирон ва ё ин ки нафарони дигар, ки номашон дар унвонсаҳифаи китоб зикр шудааст, дар террори соли 1937 ба зиндон афтода ва ба ин сабаб китобҳо аз фурӯш ва аз китобхонаҳо барчида ва сӯзонда шуда буданд.. Дар донишкада ба мо андак хати форсӣ ёд доданд, лекин китобҳои дастнависи кӯҳна ва чопи сангии пеш аз инқилоботи соли 1917 ва 1920 ро низ наметавонистем пайдо бикунем, чунки чунин китобҳо китоби динӣ ба шумор меомаданд ва онҳоро низ ҳар ҷо бинанд, мусодира ва нобуд мекарданд. Дар китобхонаи донишкада китоби русӣ бисёр буд, вале азбаски ҳанӯз чандон русӣ намедонистам, бисёр мехондаму кам мефаҳмидам. Хуллас ки китобхонӣ кам буд. Фақат аз дарси устодон дониш меҷустем. Бандаро саодате даст дод, ки ба дасти устодоне чун Лутфуллоҳи Бузургзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Аббос Алиев, Шарифҷони Ҳусайнзода, Носирҷони Маъсумӣ, Икром Хоҷаев, Муҳаммадӣ Исматуллоҳов таҳсил дидаам. Аз инҳо Лутфуллоҳи Бузургзода ба ҷанг рафт ва дигар барнагашт. Абдулғанӣ Мирзоев ва Алоуддин Баҳоуддинов аз роҳи хидмати ҳарбӣ ба Эрон фиристода шуданд ва мо аз дарси онҳо маҳрум мондем. Дигарон дар шароити душвори замони ҷанг, ки худ ба азобе мезистанд, фидокорона кор карда, моро ақлу ҳуш меомӯхтанд.
Солҳои ҷанги Олмон аз Украина ва Русия, аз шаҳрҳои зери ишғоли фашистҳо бисёр устодони донишгоҳҳо ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Бештарини онҳо дар донишкадаи омӯзгории мо муаллим шуданд. Онҳо ба русӣ дарс мегуфтанд. Мо ба дарси онҳо монанди сурати девор менишастем ва хеле кам мефаҳмидем ё тамоман намефаҳмидем. Тарҷумоне гуфтаҳои эшонро ёддошт мекард ва пас аз дарс тарҷумаи онро ба мо мегуфт.
Ба ҳамин минвол чаҳор соли таҳсил дар донишкадаи омӯзгорӣ паси сар шуд.
Баҳорони соли 1945, ки ҷанг поён ёфт, мо донишҷӯён саргарми омодагӣ ба имтиҳонҳои давлатӣ будем. Аз ҳар идора омада, моро ба кор даъват мекарданд. Бандаро ба рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор таклиф карданд, вазорати маориф даъват намуд, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ иштирок бикунам, вазорати корҳои хориҷӣ хост, ки барои таҳсил ба мактаби дипломатии Маскав бифиристад, то пас аз хатми он мактаб ба кори дипломатӣ машғул шавам, Институти таърих, забон ва адабиёт низ ба кор даъват кард. Аз устодонам домулло Н. Маъсумӣ маро дар донишкадаи омӯзгории худамон ба кор гирифтанд. Лекин моҳи августи соли 1945 дар Кӯлоб Донишкадаи муаллимии дусола таъсис шуд ва вазорати маориф бандаро ба он ҷо фиристод. Дар Кӯлоб як сол дарс гуфтам. Баъд бемор шудаму бо тавсияи пизишкон, бо кумаки Абдулғанӣ Мирзоев ва фармоиши Бобоҷон Ғафуров, ки котиби Кумитаи Марказӣ буд, имкон ёфтам, ки боз ба Душанбе баргардам. Ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор даромадам. Ин ҷо солҳои 1945-1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши ифоданок (хониши матн), равиш (методика)-и омӯзиши забону адабиёт дарс гуфтам.
Солҳои 1948-1951 дар аспирантураи ин институт таҳсил доштам. Устоди ман дар аспирантура Холиқи Мирзозода буданд. Бо тавсияи эшон дар давраи аспирантура «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» мавзӯъи таҳқиқоти ман шуд. Чанде дар бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбе, Самарқанд, Тошканд ва Маскав ҷусторҳо карда, рисолаи дифоъӣ (диссертатсия) навиштам. Рисоларо аз кафедра гузаронида, фишурдаи он – авторефератро ба русӣ тарҷума кунонида, ба ҳимоя омода шуда будам, ки домулло Абдулғанӣ Мирзоев иддао карданд, ки Аҷзиро на равшангару маорифпарвар, балки аз ҷадидон ва миллатгароёни буржуазӣ бояд донист. Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии банда бархост, лекин пас ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ шуд. Дар натиҷа Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри соли 1952 дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ кард. Баррасӣ аз соати 7-и бегоҳ то 3-и саҳар идома дошт. Мубоҳисаи тӯлонӣ шуд, вале ба ҷуз банда, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқи Мирзозодаи адабиётшинос, ки раҳбари илмии банда буд, касе ҷуръат накард, ки хилофи фикри котиби Кумитаи Марказии ҳизб Алиқул Имомов, ки раиси он маҷлис буд, чизе бигӯяд. Оқибат маҷлис тасмим гирифт, Аҷзиро шоири иртиҷоъӣ ба шумор бояд овард. Бо ин қарор рисолаи ман рад шуд ва заҳмати сесолаам сӯхт. Хавфе пеш омад, ки Холиқи Мирзозода ва маро низ миллатгаро бигӯянд, аммо ба овози баланд нагуфтанд ва ман ошкоро таъқиб надидам. Агар дар дигар ҷумҳурии шӯравӣ мебудем, Х. Мирзозода ва маро ҳабс мекарданд. Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёъиёнро ба ҳабс бигиранд.
Он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигаре Холиқи Мирзозода ва севумӣ Шарифҷони Ҳусайнзода. Хости замон ин буд, ки онҳо чун ҳама нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология аз якдигар айби сиёсӣ биҷӯянд ва айби якдигар бигӯянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷӯии сиёсӣ дар миён буду бас.
Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст.
Ҳамин тавр банда нокому ночор мондам. Хушбахтона, зуд ба худ омадам ва соли 1953 мавзӯи илмии дигаре гирифтам, ки «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» ном дошт. Маслиҳати устодон ин шуд, ки барои анҷом додани ин мавзӯъ ба Маскав биравам ва он ҷо ба осудагӣ кор бикунам. Ҳамшаҳрии ман Иброҳимҷон Раҳматов, ки сармуҳаррири нашриёти давлатии Тоҷикистон буд, тарҷумаи китоби Павел Лукнитский «Тоҷикистон»-ро ба ман супурд. Банда ин корро зуд анҷом дода, ҳаққи қаламро қисман ба аҳли хонаводаи худ – ҳамсарам ва ду писарам гузошта ва қисман бо худ гирифта, аввалҳои соли 1954 Маскав рафтам. Дар Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ як сол истодам. Ва бо раҳнамоии устодам профессор Иосиф Самуйлович Брагинский тахминан дар ҳафт моҳ таълифи рисолаи дифоъиро анҷом додам. То мошиннавис шудани рисола ва аз баррасии пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ гузаштани он бо чанд кори дигар машғул шудам, чунончи фишурдаи рисолаи доктории И.С.Брагинскийро барои маҷаллаи «Шарқи сурх» тарҷума кардам, тарҷумаи романи И.С.Тургенев «Рудин»-ро ба охир расонидам ва ҳаққи қалам, ки аз ин тарҷума гирифтам, барои хонаводаи мо мадади маош шуд.
Мунтаҳо 28 феврали соли 1958 дар ҳамон пажӯҳишгоҳи Маскав рисоларо ба дифоъ гузоштам ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт намудам.
Баргаштам ба Душанбе. Дар Душанбе аз августи 1951 дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1951 таъсис шуда буд, ба пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, таъсиси он низ ҳамон сол аст, ба кор гузашта будам. Лекин то соли 1953 дар Донишкадаи омӯзгорӣ ҳам ним баст кор мекардам.
Кори ман дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ аз соли 1951 то 1989 давом кард. Аввал корманди илмӣ, аз соли 1959 мудири шӯъбаи адабиёти шӯравии тоҷикӣ будам.
Дар Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ асосан дар риштаи нақди адабӣ ва таҳқиқи таърихи адабиёти муосири тоҷикӣ машғулият доштам. Дар таълиф ва таҳрири «Очерки (таърихчаи) адабиёти советии тоҷикӣ», иштирок кардам, ки иборат аз ду ҷилд солҳои 1956-1957 ба тоҷикӣ чоп шуд ва мухтасари он дар як ҷилд ба русӣ дар Маскав соли 1961 ба табъ расид.
Дар охирҳои даҳаи панҷоҳуми қарни бистум дар байни аҳли адаби Тоҷикистон ақидае пайдо шуд, ки гӯё адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз аввал то садаи бист иборат аз шеър буд ва наср надошт. Ин ақида бештар ба он маънӣ пеш ронда шуд, ки бигӯянд: чун мо худ дар гузашта наср надоштем, имрӯз аз насри реалистии русӣ бояд сабақ омӯзем. Албатта аз анъанаҳои реалистии насри русӣ истифода кардан лозим буд, лекин он ақида, ки мо наср надоштем, нодуруст буд.
Чун соли 1957 дар Маскав Даҳаи адабиёти тоҷикӣ баргузор шуд, банда бо зиндаёд Александр Эделман дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ суханронӣ (маъруза) кардем ва аз ин ки адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои гузашта насри бузурге дошт ва аз бархе вежагиҳои ин наср сухан оғоз кардем ва ба аҳамияти имрӯзии он ишора кардем.
Пас аз ин, дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рудакӣ гурӯҳе ташкил кардем, ки бо таҳқиқи насри классикии форсӣ-тоҷикӣ машғул бишавад. Роҳбари ин гурӯҳ профессор И.С.Брагинский буд ва ташкили кори он ба зиммаи банда гузошта шуд. Ин гурӯҳ чандин асари насри классикӣ ва омиёнаро, аз ҷумла «Синбоднома»-и Заҳирӣ, «Ҳотами Той», «Самаки айёр», «Шоҳнома»-и мансури қиссахонҳо, «Ҷомеъулҳикоёт» ва ғайраро ба табъ расонид. Равоншод Юсуф Салимов насри омиёнаро ба номи насри ривоятӣ таҳқиқ кард ва натиҷаи пажӯҳишҳои ӯ чоп шуд.
Нақши суннатҳои назму насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикӣ, ки дар садаи бист шакл гирифт, мавзӯи асосии пажӯҳишҳои банда қарор ёфт. Натиҷаҳои пажӯҳиши банда дар чанд мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973) баён шудааст.
Масъалаи анъана ва навоварӣ, вежагиҳои миллии насри реалистии тоҷикӣ ба хусус ба муносибати оғоз ёфтани омодагӣ барои таълифи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷикӣ. Инкишофи жанрҳо» аҳамият пайдо кард. Ин омодагӣ аз солҳои шаст сар шуд. Профессор И.С.Брагинский (ки ҳамчунон дар Маскав, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ буд) ва банда сардори кор таъйин шудем. Банда бо ҳамкории И.С.Брагинский усули илмӣ ва асосҳои назарии ин «Таърих»-ро муайян кардам ва рӯи коғаз овардам. Қарор буд ин «Таърих» дар шаш ҷилд навишта шавад. Солҳои 1978-1984 чаҳор ҷилди он ба номи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» аз чоп баромад. Дигар ду ҷилди он ба муносибати оғоз ёфтани бозсозии М.Горбачов аз чоп монд, зеро бо бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар ҷомиаи шӯравӣ ақидаҳо бо суръат дигар шуд ва таълифоти чанд соли пеш дигар ба кор намеомад. Аз ин рӯ, он ҷилдҳоро аз чоп нигоҳ доштем (ва дастнависи он ҷилдҳо шояд ҳанӯз дар нашриёти «Дониш» бошад).
Муаллифони ин чор ҷилди «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» Холиқи Мирзозода, Атахон Сайфуллоҳов, Абдураҳмон Абдуманнонов, Лариса Демидчик, Раҷаб Амонов ва банда будам.
Аз шаш ҷилд мухтасаре ба ду ҷилд ба забони русӣ омода карда будем, ки дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон (Маскав, Фарҳангистони улуми шӯравӣ) чун намунаи тозаи таърихнигорӣ хуш пазируфта шуд. Таърихномаи адабиёт, ки поя бар таҳаввули жанру сабк дошта бошад, то он солҳо дар адабиётшиносии шӯравӣ вуҷуд надошт ва «Таърих»-и мо таҷрибаи якум буд. Аз ин рӯ дар пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон дуҷилдаи русии моро ба шавқи тамом аз назар гузарониданд ва ба чоп тавсия карданд. Аммо ин ду ҷилд ҳам ба сабаби зуҳури М.Горбачов чоп нашуд.
Солҳои шасту ҳафтод банда инчунин кӯшидам, ки дар нақди адабии насри муосири тоҷикӣ фаъол бошам.
Солҳои шасту ҳафтод инчунин бо масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, ба хусус бо масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррӯзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомиашиносӣ дошт, низ машғул шудам. Баррасии забони матбуоти ҷорӣ, радиову телевизион, навиштаҳои илмӣ ва ғайра дар Тоҷикистон «маданияти сухан» ном гирифт ва «фарҳанги сухан» (аз ибораи русии «культура речи») низ номида мешавад. Натиҷаҳои ин пажӯҳиши банда китобест ба номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки соли 1964 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (имрӯза «Садои Шарқ») ва соли 1968 ба шакли китоб ба чоп расид. Чопи дувуми он соли 1986 ва нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.
Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ бо ин мақсад, ки қисме аз андӯхтаҳои гаронбаҳои забони форсиро ба дастраси мардум гузошта бошад, ба омода сохтани луғатномае ба унвони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» пардохт ва ба ин кор як гурӯҳ донишмандони забон, аз ҷумла Раҳим Ҳошим, Тӯрақули Зеҳнӣ, Вадуди Маҳмудӣ, Ҳ.Мӯҳсинзодаро, ки пас аз вафоти Сталин аз табъид ва зиндонҳои шӯравӣ озод шуда буданд, ҷалб намуд. Дар солҳои шастум бо иштироки Раҳими Ҳошим, Владимир Капранов, Носирҷони Маъсумӣ ва банда таҳрири фарҳанг анҷом ёфт. Ширкати банда дар таҳрири ин «Фарҳанг» нӯҳ сол идома дошт. «Фарҳанг» дар ду ҷилд дар Маскав соли 1969 аз чоп баромад. Банда таърихи тадвини ин китоби муҳимро дар пешгуфтори нашри форсии он – «Фарҳанги форсии тоҷикӣ» (Теҳрон, Фарҳанги муосир, 2006) ҳамчунин дар рисолаи худ «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» (нашри дувум, Душанбе, Деваштич, 2005, ба хатти форсӣ) ҳикоят кардаам.
Солҳои 1969-1970 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон (ки бахше аз Фарҳангистони улуми шӯравӣ дар Маскав буд) ба номи «Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ» китобе навиштам ва соли 1971 онро ба Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Маскав (ки низ як бахши Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ буд) барои дифоъ пешниҳод кардам ва ба дарёфти унвони доктори илми суханшиносӣ мушарраф гардидам. Баъд ин рисола ҷилди чаҳоруми «Таърихи адбиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»-ро ташкил кард (Душанбе, Дониш, 1980).
Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастам ва узви Иттифоқи нависандагон Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб мешудам. Соли 1973 ба узвияти Иттиҳодияи байналмилалии мунаққидони адабиёт (Порис) пазируфта шудам (вале пас аз се-чор сол ин иттиҳодия барҳам хӯрд). Аз соли 1968 то 1991 дар Иттиҳодияи нависандагони шӯравӣ узви Шӯрои танқид ва адабиётшиносӣ будам ва дар ҷаласаҳои он (чи дар Маскав ва чи дар дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ) фаъолона ширкат мекардам. Ҳамчунин дар ҳама конфаронсҳои илмии Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон ширкат кардам. Дар ин маҷлисҳо дар бораи адабиёти шӯравӣ, ба вежа адабиёти шӯравии тоҷикӣ суханронӣ доштам, дар нашрияҳои Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ мақола ба чоп расонидам.
Соли 1981 бо пешниҳоди Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (бо номаи Георгий Иосифович Ломидзе, ки муовини раиси Шӯъбаи адабиёту забон буд) банда узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикситон интихоб гардидам. Соли 1987 узви пайваста (академик)-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шудам. Соли 1989 ба муддати панҷ сол узви Риёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон будам. Аз соли 1996 (=1376ҳ.ш.) узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) мебошам.
Мояи ифтихори банда аст, ки соли 1988 муборизаи пуршиддате дар роҳи устувор кардани пояҳои забони форсии тоҷикӣ аз ҷумла бо он мақолаҳои банда шурӯъ шуд, ки ба азобе дар Маскав ва Тоҷикистон чоп кардам. Нахустини ин мақолаҳо дар Маскав, дар «Литературная газета» («Рӯзномаи адабиёт») 14 декабри 1988 ба номи «Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад» («Кто беспомощен в собственном языке») чоп шуд ва дар миёни мақолаҳои ин нашрия барандаи ҷоизаи Мақолаи сол гардид. Хабари ин ҷоиза дар «Литературная газета» 28 декабри 1988 (№52) омадааст. Нашриёти «Художественная литература»-и Маскав ин мақоларо дар маҷмуаи «Говоря откровенно… Заметки писателей о межнациональных отношениях» («Агар ошкоро бигӯем… Қайдҳои нависандагон дар бораи муносибати байни миллатҳо») (Маскав, 1989) чоп кард. Мақолаи банда дар ин китоб ба радифи навиштаҳои машҳуртарин шахсиятҳои адабии кишвари шӯравӣ чун академик Д. С. Лихачов, Чингиз Айтматов, Васил Биков омадааст ва ба ин сабаб қувваи таъсири сухани банда яке бар чанд афзуд. Ба ин тарз ҳам доираҳои демократии Маскав муборизаи фарҳангиёни Тоҷикистон (ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ)-ро дастгирӣ карданд ва қувват доданд.
Ин мақола ба забони тоҷикӣ андак муфассалтар дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» 25 ноябри 1988 ба унвони «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст» ба табъ расид.
Бар асари чунин мақолаҳо ва бо пешниҳоди як конфаронси ҷумҳурии забоншиносон, ки моҳи декабри соли 1988 Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ баргузор кард, Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи январи соли 1989 як комисиюни забон таъсиси кард. Ин комисиюн пешнависи санадро, ки Қонуни забон ном гирифт, ба камина супурд, ки низ мояи ифтихори банда аст. Ин пешнавис пас аз вироиши гурӯҳе аз донишмандон ва ҳуқуқшиносон ба баррасии халқ пешкаш гардид ва баъд боз такмил шуда, 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба тасдиқ расид. Бо ин санад забони форсии тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикиситон эълом гардид, то ки дар чор девори хона маҳдуд намонад ва ҳама вазифаҳои иҷтимоъии худро комилан иҷро намояд. Ин амали ҳамаҷониба пояҳои забонро дар ҷомиа устувор ва бақои умри онро таъмин хоҳад кард.
Пас аз қабул шудани Қонуни забон ҳамон соли 1989 Кумитаи истилоҳот, ки чанд сол боз кораш қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид ва банда раиси он таъйин гардидам. Лозим буд, ки кори идораҳо ба забони тоҷикӣ гузарад ва Кумитаи истилоҳоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо тартиб додани истилоҳоти коргузорӣ машғул шуд. Банда дар ин кор ширкат доштам. Инчунин ба баррасии усул (пиринсипҳо)-и илмии истилоҳоти миллӣ ишғол доштам ва кӯшидам, ки анвоъи қолабҳои вайрони калимасозиро, ки дар истилоҳоти тоҷикӣ дар садаи бист хеле бисёр шуд, муайян бикунам. Нахустин натиҷаҳои ин баррасӣ дар мақолаи «Истилоҳот ва забони миллӣ» омадааст.
Даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки соли 1991 фаро расид, ошкор кард, ки шуури иҷтимоъӣ дар ҷомиа паст аст ва шуури музофотӣ қувват мегирад. Асосан ба ҳамин сабаб буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуда, аз соли 1992 то 1997 идома ёфт ва меҳан хароб шуд.
Банда дар ин шароит бо масъалаи худшиносии миллӣ машғул шудам, ки як натиҷаи ин машғулият китоби «Хуросон аст ин ҷо» (ба хатти форсӣ 1996, ба хатти русии тоҷикӣ 1997) ва натиҷаи дигари он китоби «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоъиву маънавӣ» (1999) буд.
Хостам аз дидгоҳи худшиносӣ вазъи забони миллиро аз назар гузаронам ва барои ба вуҷуд овардани барномаи ислоҳи мактаб ва инсонгароии омӯзишу парвариш кумаке бикунам. Хулосаи ин бозҷустҳо дар китоби «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» (2002, ба хатти форсӣ ва криллӣ) омадааст.
Вазъи забони тоҷикӣ, як навъ ҷамъбасти резатаҳқиқоти мушаххас, ки дар китоби банда «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» омада буд, дар рисолаи «Сарнавишти форси тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист» (2003 ба хатти криллӣ ва 2005 ба хатти форсӣ) баён гардид.
Дар даврони истиқлол (пас аз соли 1991) дар бораи адабиёти тоҷикии садаи бист чанд таҳқиқ анҷом додам, ки дар китоби «Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист» (2006) ҷамъ омадааст. Ба ҷуз ин дар даҳаи навад чанд асари падарам Садри Зиё – «Наводири зиёъия», «Тазкори ашъор», «Рӯзнома»-ро ба чоп омода кардам, ки дар Эрон ва тарҷумаи инглисии «Рӯзнома» ба қалами нури чашмам Рустам Шукуров дар Ҳуланд (Брилл) ба табъ расид. Китоби «Садри Бухоро» (2005) низ шаммае аз ҳамин пажӯҳишҳост.
Аз нухустин рӯзҳои соли 2000 Кумитаи истилоҳоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро тарк гуфтам ва боз ба Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ (ки низ бахше аз Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст) гузаштам ва он ҷо мушовири адабиётшиносӣ ҳастам.
Дар аҳди шӯравӣ ба нишони «Дӯстии халқҳо», дар даврони истиқлол аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони «Дӯстӣ» сарфароз гардидаам ва боре ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ мушарраф шуда будам. Соли 2005 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба радифи «Чеҳраҳои мондагор» баргузида шудам.
Ҳосили умрам 44 китоб ва бештар аз 500 мақола аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.