Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Садриддин Айни асосгузори адабиёти советии тоҷик

Дар саргаҳи пайдоишу инкишофи адабиёти революционии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ донишмандони забардаст қарор доранд, ки бо талабу дархостҳои замон вориди саҳнаи таърих гардидаандСадриддин Айни асосгузори адабиёти советии тоҷик

Дар саргаҳи пайдоишу инкишофи адабиёти революционии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ донишмандони забардаст қарор доранд, ки бо талабу дархостҳои замон вориди саҳнаи таърих гардидаанд. Устод Айни аз қабили ҳамин гуна нобиғаҳои барҷастаи маданияти кишвари мо ба шумор меравад, ки ба воситаи маҳсули эҷодиёти хеш хазинаи адабиёти Шӯравии тоҷикро бою рангин гардонидааст. Дар хусуси роҳи эҷодӣ ва асарҳои ҷудогонаи устод Айнӣ дар адабиётшиносии тоҷик ва баъзе халқҳои бародари мамлакати паҳновар мақоми зиёде дорад. Маҳорати устодонаи нависанда ҳамаҷониба омӯхта шудаст. С Айни чун асосгузори адабиёти Шӯравии тоҷик ба анъаноҳои пешқадами адабиёти даҳонакӣ ва классикии форсу тоҷик инчунин, ба таҷрибаҳои революционии адабиёти русу дигар халқҳои бародар такъя карда ба адабиёти нави тоҷик мазмуни тозаи инқилобӣ ворид сохта нахустин ҷорикунандаи методи реализми социалистӣ гардид. Аввалин бор дар саҳифаҳои осори С. Айнӣ одамони оддии меҳнаткаш ва муборизаи синфии онҳо ҳамчун қаҳрамони ҳаёти навин инъикос гардидаанд. Коргару деҳқон ,ки ба шарофати инқилоби Октябр аз зери зулму асорат наҷот ёфтаанд, дар саҳифаҳои повесту романҳои устод Айнӣ худро ҳамчун дигаргунсозандагони ҷамъияти дарк кардаанд.Айнӣ ҳамчун устоди калони бадеъ на ин ки худ барои наслиҳои оянда мероси ғании адаби боқи гузошт, балки чун мураббӣ як зумра нависандаю шоир ва адабиётшиносонро низ тарбия ва ба камол расонид. Аввалин повест, аввалин романи тоҷик ва аввалин китобҳои адабиётшиносӣ ба қалами ин адиби забардасти дардошнои мумтоз ва фарзанди соддиқи тоҷик тааллуқ дорад. Ба қалами устод Айнӣ аввалин сурудҳои революционии тоҷик низ мансуб мебошад. «Марши ҳуррият» ном таронаи оташниҳоди хешро бо оҳанги «Марселеза» навишта, халқи ситамгарро баҳри мубориза даъват мекард. Дар ин суруд садои интиқому адовати халқ ба оҳанги шодию умеди революсионии вай ифода меёбад:

То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат,
Баъд аз ин шодмонӣ намо!
Бас ҷафо, бас ситам! Эй адолат!
Дар ҷаҳон ҳукумронӣ намо.

Ҷаҳонбинии устод Айнӣ дар зери таъсири ғояҳои партия таҷрибаи мукаммали зиндагӣ ва муҳити Шӯравӣ торафт тағйир меёбад. Устод Айнӣ дар воқеъ аввалин шоир, нависанда, адабиётшинос ва муаррихи Шӯравии тоҷик мебошад. Ҳамчунин, пойдевори насри муосири моро бо асарҳои: «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхӯр», «Ятим», «Аҳмади девбанд», «Маҳрӯй», «Мактаби кӯҳна», «Тирози ҷаҳон», «Қаҳрамони халқи тоҷик», «Темурмалик», «Ёддоштҳо», «Исёни Муқаннаъ» ва китобҳои адабиётшиносӣ: «Дар бораи Фирдавсӣ ва Шоҳнома»-и ӯ, «Шайхурраис Абӯали Ибни Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Алишери Навоӣ», « Восифӣ ва хулосаи « Бадоеъулвақоеъ» мустаҳкам кардааст. Устод Айнӣ ба таълифи луғати тафсирии тоҷикӣ камари ҳиммат баста, дар асоси «Ғиёсуллуғат», «Бурҳони қотеъ» ва забони зиндаи халқ ин фарҳанги худро сари вақт таълиф намуда буд, ки мутаассифона бисёр дер (соли 1976) ба дасти хонандагон расид.
Чуноне ки мебинем, повести «Одина»-ро ба мисли асарҳои бадеи устод Айнӣ дар асоси воқеаҳои ҳақиқи ба вуқуъ пайвастаи таърихи офаридааст.Дар повести мазкур ҳақиқатро ба тамоми тобишҳои он ба қалами тасвир дода,образҳои типӣ ва характерҳои ҷоннаку ҳаракаткунандае ба вуҷуд овардааст.Сюжети асар тараққиёти таърихи ҷамъъият ва ҳаёти тоқатфарсои халқи заҳматкашидаи тоҷик дар замони истибдоди амирӣ ва ба шарофати Инқилоби Октябр озод гардидани заҳматкашони тоҷикро фаро мегира.Албатта нақли сюжети ин аввалин повест ва аввалин роман (Дохунда) ва дигари асарҳои насрии устод Айнӣ тасвироти бисёр рангину ҷавззобро фаро гирифтаанд,ки сухани зиёдие дар ин бора гуфтан мумкин аст. Вале мо танҳо барои далели нависандаи бузург будани Айнӣ чанд образи мушаххаси ӯро зикр мекунем:

ОДИНА КИСТ?
Одина,ки ятими Арбоб Камол буд, аз дасти ӯ фирор карда дар заводи пахтаи Андиҷон кор мекунад ва ниҳоят аз касалии вазнин олами пур аз ҷабру шиканҷаро тарк мекунад.
Қиссаи ишқи номуроди Одина ва Гулбибӣ дар маркази ин повест меистад.Устод Айнӣ Одинаро то як дараҷа беҳаракат нишон медиҳад,ки ин тасаддуфи нест,зеро дар зарфи асрҳои зиёд итоаткорӣ ва фармонбардори аз ҷониби тағибгарони қонуну қоидаҳои феодалии ҷаҳнишини асри миёнагӣ ба шуури камбағалон маҷбуран ворид мешуд.Одина образи типии мазлумони пеш аз революциони тоҷик мебошад,ки роҳи халосиро танҳо дар фикр мебинад.Образи Гулбибӣ яке аз образҳои асоси повестро ташкил мекунад.Айнӣ дар образи ӯ зани муштипари давраи пешаз инқилобро ба таври ҳақиқонӣ типӣ нишон медиҳад.Ёдгор образи типии меҳнаткашони тоҷик дар ду давраи таърихи давраи феодал ива замони социалисти ба вуқуъ мепайвандад.Нависанда дар саргузашту ӯ воқеаҳои асоси ҳаёти мардуми Моро аз нуқтаи назари талаботи инқилобии замони совети ҷамъбаст намудааст.Устод Айнӣ ин образро бо пешрафт ва инкишофи революциониаш тасвир намудааст.Зимни равиши воқеаҳо Ёдгор аз он ҷавонисоддаю гумроҳ ба дараҷаи як инсони нав – бинокори фаъоли социалисти сабзида мерасад. Образи Ёдгор давоми мантиқии образи Одина буда,нависанда дар симои ӯ хислатҳои фардии муборизаро ба дидаи хирад ҷамъбаст намудааст. Устод Айнӣ дарр чеҳраи софу беғаши худгоҳи Гулнор занону духтарони арафаи Инқилоби Октябрро дар сарзамини кӯҳансоли тоҷик тасвир мекунад.Чунин зано ба туфайли Революцияи Октябр бедор шуда, занҷири итоатро пора мекарданд.Бо номи Гулнор якуминбор дар таърихи адабиёти мо саҳифаи тозаву рангин кушода мешавад.
Хулоса барои он устод Айниро метавонд асосгузори адабиёти советии тоҷик намуд,ки ба қалами ӯ тамоми навъу намудҳои адабиёти навинамон вобастаастюАсарҳои ӯ саршори муҳаббати халқ ба партияву давлат мебошад.Аз ин ҷиҳат сабаби ба камоли маънавӣ расидани мардумон мегардад.

АШЪОРИ ИНҚИЛОБИИ С.АЙНӢ.

Дар пойдевори баруманди таърихи пайдоишу инкишофи ҳар як миллат донишмандони заковатманд алоқа кардаан, ки ба талабу дархости замон ва руйдоди вақт ба саҳнаи таърих ворид гардидаанд. Устод С.Айнӣ аз қабили он ходимони барҷаставу воломақоми маданияти халқамон ба шумор меравад, ки ба маҳсули ҷавидонаи адабиву фарҳангияш хазинаи адабиёти муосири тоҷикро бою ғанӣ гардонида, пойдевори онро гузоштааст. Дар бораи заҳмати эҷодӣ ва асарҳои ҷудогонаи усод Айнӣ дар адабиётшиноси тоҷик ва баъзе халқҳои бародарӣ китобҳо ва мақолаҳаи хеле зиёде эҷод гардидаанд. С.Айнӣ чун асосгузори адабиёти муосири тоҷик ба анъанаҳои пешқадами адабиёти даҳонакӣ ва классики форсу тоҷик, инчунин ба тачрибаҳои революционии адабиёти русу дигар халқҳои бародар такъя карда, ба адабиёти нави тоҷик мазмуни тозаву ҷадиди инқилоби ворид гардонида, нахустин поягузори методи реализми социалисти гардид. Аввалин бор дар саҳифаҳои осори устод Айнӣ одамони оддӣ, меҳнаткаш ва муборизони асилу сиддиқи ранҷбар ҳамчун қаҳрамони ҳаёт инъикос гардидаанд. Коргару деҳқонон, ки бо шарофати Инқилоби Октябр аз зери асорат наҷот ёфтаанд, дар саҳифаҳои повесту романҳои усод Айнӣ нахустин бор худро чун дигаргунсозандагони тарзи навини зиндагӣ ба дарк додаанд. Чӣ хеле ки маълум аст, Айнӣ ба тариқи расмӣ аз сини 18 солагиаш ба шеъргӯӣ сар кардааст. Авалин шеъре, ки боиси ба сафи шоирони замон дохил шудани ӯ мегардад, шеъри «Гули сурх» мебошад. Баъд аз ин дар солҳои 1897-1920 Айнӣ дар мавзӯъҳои мухталиф зумраи ашъори хешро эҷод менамояд.
Устод Айнӣ инқилобро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, тамоми ҳаёти бошууронаашро барои ҳаёти пурсаодати халқи меҳнаткаш сарф менамояд. Чӣ хеле ки худи ӯ таъкид мекунад: «Ман арафаи Октябрро дар 40 солагиам пешвоз гирфтам, шогирди чиҳилсолаи Октябр шуда ба ин мактаб қадам гузоштам. Мактаби ӣнқилоби Октябр, ки маро дар пиронсолагиам ба шогирдии худ қабул намуд дар айни замон моро ҷавон ҳам сохт».
Шеърҳои инқилобии устод Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик мазмуни воломақому босазое доранд. С. Айнӣ ҳамчун аввалин эҷодкунандаи тоҷик «Марселеза» навишта, халқи ситамкашро бар зидди ситамгарон даъват мекард. Дар ин суруд садои интиқому адовати халқ ва оҳанги шодию умеди инқилобии вай ифода меёбад:

То ба кай ғусса хӯрдан ба ҳасрат,
Баъд аз ин шодмонӣ намо!
Бас ҷафо, бас ситам,эй адолат!
Дар ҷаҳон ҳукмронӣ намо!
Интиқом ! Интиқом! Эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!

Дар марсияи шаҳодати бародараш «Сироҷиддинхоҷа» Айнӣ дар соли 1918 ин шеъри худро ба муносибати аз тарафи амир кушта шудани бародараш Сироҷиддин эҷод кардааст. Шеъри мазкур бар зидди низому тартиботи сахти амирӣ равона шуда, дар он кинаву адовати шоир ва дар айни замон орзую нияти сиёсии ӯ баён гардидааст. Ин марсия яке аз айбнома ва ҳукмномаҳои қатъӣ бар алайҳи сохти даврони тоқатфорсои амирӣ мебошад, ки устод Айнӣ фармудааст:

Хоҳам, он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам, он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам, он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!
Хоҳам, он муфтию он қозию он шоҳу вазир
Сарногун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Дар давоми асрҳои зиёд одамони мазлуму бенаво наҷоти худро дар олами фасона меҷустанд.Онҳо мурғи ҳумо ном мурғи мӯъҷизокореро фикр карда бароварда буданд. Агар вай бар болои сари ҳар касе соя афканад, гӯё вай хушбахт мешуда бошад. Устод Айнӣ дар шеъри «Ба шарофати Инқилоби Октябр» Октябрро, ки наҷотбахши ҳақиқати меҳнаткашон мебошад, ба мурғи ҳумо шабоҳат додаст:

Эй машъали раҳмони адолат, зи куҷоӣ,
Торикии бедод зи гетӣ бизудоӣ, моно, ки зиёӣ!
Дунёи кӯҳан аз қадамот зеру забар шуд, дунёи дигар шуд.
Онҳо, ки задандӣ ҳама дам лофи ҳудоӣ, карданд гадоӣ…
Меҳнаткаши бечора пас аз дидани сад ҷабр, эй вақъаи Октябр!
Аз марҳаматат ёфт зи андӯҳ раҳоӣ, ту мурғи ҳумоӣ!

Дар шеъри дигари хеш устод Айнӣ Инқилоби Октябрро ба офтоб ташбеҳ додо, онро, нурбахши олам қаламдод менамояд:

Инқилоб офтобро монад,
Ё ки тӯфони обро монад.
Нашри анвар мекунад ба ҷаҳон,
Инқилоб офтобро монад.

Инқилоби Октябр дар баробари вуруди хеш ба устод Айнӣ чунон илҳом бахшид, ки тамоми истеъдоду иқтидори педагогӣ, нависандагӣ, олимӣ публистӣ ва ҷамоатчигии ӯ пурра зоҳир мегардад. Вай тамоми хидмати холисонаи хешро ба халқи худ, ба инкишофи маданияту ҳаёти хушбахтанаи мардум мебахшад.
Ҷаҳонбинии ӯ зериииии таъсирииии ғояҳои портие таҷрибаи зиндагӣ ва муҳити Шӯравӣ торафт тағйир меёбад ва ба камол мерасад. Натиҷаи дастовардҳои Инқилоби Октябр буд, ки халқи мо соҳиби давлати мустақил гардид. Имрӯз мустақилона ба сӯи ояндаи дурахшони фирӯз камоли хидмат баста дар худшиносии миллӣ вориди марҳилаи бисёр ҳассосу муайнкунандаи таърихи гардида, зимни идеалҳои башардӯстонаи инқилоби Октябр боз ҳам пеш меравад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.