Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Тарбия дар эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ

Дар солҳои Ҳукумати Шуравӣ ба барномаҳо маводи таълимӣ ба таври субъективӣ дохил карда мешуданд. Робитаи байни мавзӯъҳо ба назар гирифта намешуданд

Тарбия
дар эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ

Таҳиякунанда: Зиёзода Дустмуроди Саид

Душанбе – 2012
Муқаддима
Бо вуҷуди душвориҳои ҷанги дохилӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар Ҷумҳурӣ чандин ҳуҷҷатҳо аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (1994), «Консепсияи мактаби миллии Точикистон» (1995), «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии олии касбии (мактаби олии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996), Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) ва боз чандин ҳуҷҷатҳои дигар қабул гардиданд, ки дар онҳо роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас масъалаҳои муҳимро ба миён гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Қонун «Дар бораи маориф» оид ба тарбияи насли чавон омадааст, ки «Вазифаи таълим ва тарбия ҳамчун чузъи таркибии маориф дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз он иборат аст, ки шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорат, малакаи касбӣ тайёр намояд, ки онҳо ба ғояҳои сулҳдустӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи инсонпарварӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд»
Вале натаҷаи омӯзиш ва ташхиси дастовардҳои муассисаҳои маориф оиди таълиму тарбия бисёр костагиву норасоиҳоро равшан намуд, ки дар солҳои тулонӣ маориф ва таълиму тарбия дар ҷумҳурии мо дур аз тафаккуру ниёзмандии мардум ва дур аз заминаи миллӣ гардида буд. Мардуми мо дар гузашта аз фарҳанг ва забони ғанию қадима бархӯрдор буд, бо шеъру суханони волою сеҳрангези А. Рудакию А. Фирдавсӣ, Ибни Синою Закариёи Розӣ, Саноиву Аттор, Мавлавию Саъдӣ, Чомӣ ва ғайра таълиму тарбия гирифта буданд. Аммо солҳои ахир мо босаводию илму донишро танҳо дар «хондану навиштан» донистем, қариб аз аксарияти анъанаҳои миллию динӣ, осори гузаштагон ва чизи «кӯҳна» бидуни ташхису огоҳии комил ба якборагӣ ва ба тамом рӯ гардонидем. Ҳол он, ки ҷомеаи пешраву ҷадид ҳамеша бо афроди пурдону хирадманд ва моявар аз илму адаб ниёз дорад ва калиди кулли комёбиҳо ҳам дар ашхоси боилму ҳушманд ва некахлоқ аст. Ин навъи маърифат ба мактаб, муаллим, китобу барномаҳои таълиму тарбия ва шинохту дарки масъулияти падару модар, ҷомеа ва амсоли ин вобаста аст. Барои хамин моро лозим аст, ки анъанаҳои таълимию тарбиявии пешини халқамонро аз нав эҳё созем. Чунки канда шудани робитаи мустақим бо анъанаҳои тарбиявии гузаштаҳои дуру наздикамон, гусаста шудани пайванди наслҳо дар корҳои тарбиявӣ мушкилоти зиёдеро ба миён овард. Таълиму тарбия ҳамчун маҳсули хиради инсонӣ моҳияташро аз даст дод ва ба василаи бозиҳои мафкуравию дидактикӣ, табақотӣ ва идеологӣ табдил ефт.
Дар солҳои Ҳукумати Шуравӣ ба барномаҳо маводи таълимӣ ба таври субъективӣ дохил карда мешуданд. Робитаи байни мавзӯъҳо ба назар гирифта намешуданд. Осори тарбиявии насри аз қабили «Маснавии Маънавӣ», «Абумуслимнома», «Доробнома», «Самаки айёр», «Калилаву Димна», «Тутинома» ва ғайра ба барномаҳои таълимию тарбиявӣ дохил намегардид, чунки дар онҳо тарбия дар асоси дини Ислом пеш бурда мешуд ва хонандагону донишҷӯёнро бо роҳу усулҳои гуногун аз дин дур месохтанд, дар ҳоле, ки асосива сарчашмаи тарбияро дин ташкил медиҳад, мутассифона донишҷӯёну талабагон дар бораи онҳо тасаввуроти дуруст надоштанд. Ҳол он, ки ба гуфти олими шинохтаи точик профессор М.Лутфуллоев «Перомуни афкори педагогӣ ё дидактикаи намояндагони бузурги халқи тоҷик метавон садҳо рисолаҳои алоҳида навишт ва ё тадқиқотҳо гузаронд. Беш аз ин дар хазинаи арзишҳои маънавии авлоди башар ҳиссаи намояндагон ва умуман халқи мо зиёдтар аст. Дар ҳамон арзишҳои умумибашарӣ (замин, ватан, оила, инсон, маданият, сулҳ, меҳнат, илм, дониш), ки то имрӯз эътироф шудаанд, симо, сират, хусусият- менталитети халқи мо бештар ба чашм мерасад».
Вобаста ба ин имрӯз бояд тамоми низоми таълиму тарбия ва бахусус тарбияи ахлоқии кӯдакону ҷавонон дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои истиқлолияти давлат, самтҳои пешрафти ҷомеа, арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад. Чунки Шарқи асримиёнагӣ ба мо мероси тарбиявии пурғановат боқӣ гузоштааст. Асари фалсафӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ё динии асримиёнагии Шарқи Наздик ва Миёнаро пайдо кардан душвор аст, ки дар он масъалаҳои дарки табиати инсон ва тарбияи он ба миён гузошта нашуда бошанд.
Аҳамияти омӯзиши осори тарбиявии гузаштагони бузургамон аз он иборат аст, ки осори онҳо аз қабили «Пандномаи Бузургмеҳр», «Дарахти ассурик», «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ёри дониш»-и Абулфазл Ибни Муборак, «Синдбоднома», «Тутинома», «Носеҳ», «Туҳфат-ул-мулук», «Рисолаи воридот», «Анис-ул-муридин», «Манозир-ус-соирин»-и Абдуллоҳи Ансорӣ, «Бустон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо асарҳои ахлоқии дигар дар тули асрҳо миллионҳо одамонро чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар Ғap6 дар руҳияи адлу инсоф, некию инсондустй ва ватандустй тарбия кардаанд.
Имрӯз вобаста ба осори тарбиявии гузаштагонамон мо бояд кудакону ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, бузургдошти забон ва мероси фарҳанги тарбия намоем, ки дар онҳо симои миллат, суннатҳои давлатдории миллӣ ва расму оинҳои ачдодӣ ҳарчӣ бештар ташаккул ёбанд.
Яке аз бузургтарин мардони тамаддуни гузаштаи мо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо таълифи «Шоҳнома» дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун хамосасарои беназир шуҳрат ёфтааст. Абулқосим Фирдавсӣ бо офаридани асари безаволи худ «Шоҳнома» машҳуру мақбули халқҳои эронинажод ва ҷаҳон гардидааст. Мазмуну мундариҷаи «Шоҳнома» аз масоили сулҳ, дустӣ, хирад, ватанпарастӣ ва ғайра иборат аст. Вале мағз андар мағзу ҷавҳари он ва идеяи марказии онро масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияи шахс, муттаҳидиву ягонагӣ, ростӣ, ватандӯстию адолатхоҳӣ ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам, боиси ифтихори мост, ки Фирдавсӣ ба қатори бузургмардони илму фарҳанги ҷахонӣ дохил шуда, устоди маънавии шоирону мутафаккирони зиёди Шарқу Ғарб маҳсуб мегардад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ асарест, ки дар он ақидаҳои таълиму тарбиявӣ, панду ахлоқӣ ва фалсафӣ таҷассум ёфтаанд. Шоири инсондӯст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири воқеа ва ҳодисаҳо дар достонҳояш бисёр фикрҳои пешқадами таълиму тарбиявӣ ва ахлоқиро тарғиб намудааст, ки ҳоло ҳам дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калон доранд.
Оиди таъсири Фирдавсӣ ба хамосаҳои адабиёти Шарқ, ба хусус форс-точик ҳанӯз дар аввали садаи нӯздаҳ шарқшиноси фаронсавӣ Жюл Мол андешаҳои ҷолиб иброз дошта буд. Ба гуфти ӯ, «Гаршоспнома»-и Асадии Тусӣ, «Сомнома», «Ҷаҳонгирнома», «Фаромӯзднома», «Беҳрӯзнома», «Баҳманнома» ба мактаби Фирдавсӣ тааллуқ доранд. Ин фикрро шарқшиносони асри гузашта Е.Э.Бертельс ва И.С.Брагинский низ пурра дастгирӣ намудаанд ва имрӯз ҳам бисёр адабиётшиносони ватанию хориҷӣ бар ин ақидаанд, ки Фирдавсӣ падари достони қаҳрамонию ахлоқии Шарқ буда, «Шоҳнома» сарчашмаи илҳом ва манбаи пайравии бархе аз хамосасароёни Машриқу Мағриб гаштааст.
Мавзуҳои ватандӯстию инсондӯстии «Шоҳнома» ба афкори ахлоқии бисёр халқҳо таъсири амиқ расонидаанд. Чунончи, афкори ахлоқии «Шоҳнома» ба шоири гурҷӣ Шота Руставели таъсир расонидааст ва ӯ таҳти таъсири ин афкор асари «Паҳлавони пусти палангпӯш»-ро эҷод намуд, ки идеяи асосиашро мавзӯъҳои ватандӯстию ахлоқӣ ташкил медиҳанд.
Аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва аз хазинаи бойи ахлоқию маънавии он бояд дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас ба таври васеъ истифода барем ва кӯшиш намоем, ки савияи донишомӯзӣ, хунару зебоишиносии хонанадагону донишҷӯёнро боло бардорем, ба онҳо сурату сирати некию некухоҳӣ ва худшинсӣ, хешогохӣ, адлу адолат ва покию ростиро биомӯзем.
Корнамоиҳои қаҳрамонони ин шоҳасар нишон медиҳанд, ки онҳо барои ҳифзи Ватан корнамоиҳои беҳамто нишон додаанд. Барои ҳамин хондан, омӯхтан ва тадқиқу татбиқи ақидаҳои педагогии «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ дар замони имрӯза аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Фирдавси на танҳо хамосасаро, балки ҳакиме омӯзгор, муаллиме ғамхор ва устоде дар мақоми баланди устодӣ мебошад. Дар бораи аҳамияти тарбиявии «Шоҳнома» худи халқ беҳуда нагуфтааст:
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Дар асоси фикрҳои пурқимати ахлоқии «Шоҳнома» асрҳои аср боз наслҳои ҷавони халқҳои эронинажод тарбия гирифтаанд ва тарбия гирифта истодаанд.

Омӯзиш ва аҳамияти тарбиявии «Шоҳнома»
Пеш аз он ки ақидаҳои педагогии «Шоҳнома»-ро баррасӣ ва таҳлил намоем, бояд дар бораи «Шоҳнома» ва пешгузаштагони Фирдавсӣ маълумот бидиҳем. Чунки бе донистани таърих, сарчашмаҳо ва пешгузаштагони Фирдавсӣ доир ба ақидаҳои педагогии «Шоҳнома» ва аҳамияти тарбиявии он қазоват намудан кори душвор аст.
Қаблан Дақиқӣ ба навиштани «Шоҳнома»-и худ cap карда буд, вале марги фоҷиавии вай дар аснои зиёфат аз дасти ғуломе корро катъ намуд. Танҳо ҳазор байти онро Фирдавсӣ ба «Шоҳнома»-и худ дохил намуд, ки то замони мо омада расидаанд. Тавре ки аз мазмуни мухтасари «Шоҳнома»- и Дақиқӣ дида мешавад, он пурра ба тарбияи ватандустӣ ва ҳимояи марзу бум бахшида шуда, моҳияти тарбиявӣ ва панду ахлоқӣ дорад.
«Шоҳнома» маънои «Китоби шоҳон»-ро дорад. Вай тибқи давраҳои шоҳаншоҳии панчоҳ тан шоҳони ривоятӣ ва таърихии Эрон тартиб дода шуда, аз се кисмати нобаробар иборат аст: 1) қисмати асотирӣ (мифологӣ), ки дар бораи даҳ тан шоҳони аввалин маълумот медиҳад; 2) қисмати пахлавонӣ, ки асосан ба корнамоиҳои Рустам бахшида шудааст; 3) қисмати таърихӣ, ки аз лаҳзаҳои гуногуни шоҳаншоҳии шоҳони ҳаққиқӣ – Сосониҳо иборат аст.
Пеш аз ҳама Фирдавсӣ асоси тарбияи ҷомеаро дар пайравии дин ва аз бар намудани донишҳои динию дунявӣ ва пайравии ашхоси муътабар, к ибо сабаби дар роҳи ҳақ буданашон растагорӣ ёфтаанд, медонад:
Туро донишу дин раҳонад дуруст,
Раҳи растагорон бубояд-т ҷуст.
Фирдавсӣ ба мавзӯи илм ва аҳамияти илмомӯзӣ диққати махсус додаст ва ӯ ҷони одамиро зинда ба илм медонад.
Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,
Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.
Вай гаштаю баргашта таъкид менамояд, ки ҳатто як лаҳза хам аз омӯхтан осуда будан нашояд ва агар фарзанд дошта бошӣ, уро илму фарҳанг омӯзон ва барои бозӣ ба ӯ вақти кам ҷудо кун. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳамчун педагог Фирдавсӣ зидди бозии беҳуда ва аз меъёр зиёди кудакон буда, вақти зиёд дар бозӣ гузаронидани кудаконро мазаммат менамояд:
Ҳама гӯш доред панди маро,
Сухан гуфтани судманди маро.
Замоне маёсой аз омӯхтан,
Агар ҷон ҳамехоҳӣ афрӯхтан,
Чу фарзанд бошад ба фарҳанг дор,
Замона зи бозӣ бад-у танг дор.
Фирдавсӣ дар масъалаи ҷорӣ намудану риоя кардани реҷаи рӯз барои кӯдакон изҳори ақида кардааст.
Фирдавсӣ хирадро бо обу донишро ба замин ташбеҳ дода мегуяд, ки онҳо бо ҳам алоқаманд буда, ҷудонопазиранд:
Дилат дор зинда ба фархангухуш,
Ба бад дар чахон то тавонй макуш.
Хирад хамчу об асту дониш замин,
Бидон, к-ин чудо в-он чудо нест аз ин.
Дар ҷои дигар таъкид менамояд, ки хар он касе, ки донишро фаромуш кунад, монанди он аст, ки забонашро аз гуфтор хомуш мекунад:
Ҳар он кас, ки дониш фаромуш кунад,
Забонро зи гуфтор хомуш кунад.
Аҳамияти дониш дар зиндагӣ аз он иборат аст, ки ба дили мардум руҳ ва фурӯғу фараҳмандӣ бахшида ӯро аз дурӯғгӯйӣ ва дигар сифатҳои бади ахлоқӣ нигоҳ медорад:
Ба дониш бувад ҷону дилро фурӯг,
Нигар, то нагардӣ ба гирди дурӯғ.
Сухангӯй чун баркушояд сухун,
Бимон, то бигуяд, ту тундӣ макун,
Зи гуфтори доно тавоно шавӣ,
Бигуй бар ин сон, к-аз у бишнавӣ.
Фирдавсӣ насли ҷавонро ба омӯзиши илму дониш даъват намуда, одамони нодонро мазаммат намуда, мегуяд, ки шахси нодон, беилму фарҳанг ҳамеша хор аст. Ин як роҳи ташаккули сифатхои ахлоқӣ ва тарбияи инсони комил буд:
Тани мурда чун марди бедониш аст,
Ки нодон бар ҳар ҷой беромиш аст.
Аз ин хотир шоир ба наврасону ҷавонон маслиҳат медиҳад, ки ҳамеша панди доноёнро гуш кунанд ва ба омӯзиши илму дониш камар банданд:
Чунондон, ки нодонтарин кас туӣ,
Агар панди донандагон нашнавӣ.
Вале зиндагӣ роҳи тахту ҳамвор нест. Баъзан ҳамин тавр мешавад, ки шахсони доно дар хизмати нодонанд ва барои як бурда нон дар назди сарватмандону амалдорон хор мегарданд:
Замоне биёяд, ки дарвеши зор,
Шавад хор бар чашми динордор.

Ба бечорагӣ гирди дорои чиз,
Ҳаме гардаду чиз надҳанд низ.
Дар ҷои дигар маъноии болоиро ба тарики зайл додааст:
Замоне биёяд, к-аз он сон бувад,
Ки доно парастори нодон бувад.
Дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ масъалаи омӯхтани касбу ҳунар мавқеи калонро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ аз худ намудани касбу ҳунар сарчашмаи хушбахтии одамон аст. Бинобар ин ӯ ба ҷавонон муроҷиат карда гуфтааст:
Ҳунар ҷӯю бо марди доно нишин,
Чу мо хоҳӣ ки ёбӣ зи бахт офарин.
Фирдавсӣ коҳилӣ ва танпарвариро маҳкум намуда, одамонро ба меҳнату меҳнатдӯстӣ даъват намудааст:
Касеро, ки коҳил бувад ганҷ нест,
Ки андар ҷон суд беранҷ нест.
Ҳама коҳилии мардум аз баддилист,
Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.
Коҳилию таносоӣ ва бекориву беамалӣ хусусанн дар ҷавонӣ, ки фасли ко рва саъю талош, дониш ва ҳунар аст, хеле зарарнок ва бадфарҷом хоҳад буд:
Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Меъёрҳои одобу ахлоқ тасаввурот ва идеалҳои ба амиқтарин механизмҳои психологии рафтори инсон таъсир бахшида одамонро ба зоҳир намудани ғайрату ташаббус ва часорату мардонагӣ водор менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ аз нахустин қадамхои қаёти бошууронаи инсон хеле барвақт cap мешавад, ки вай ба фаҳми ҳамон ҳақиқате рафта метавонад, ки ин қуллаи маданияти ахлоқии инсоният мебошад.
Ахлоқ ҳамчун шакли шуури чамъиятӣ таҷрибаи чандинасраи муноси-батҳои одамонро ҷамъбаст мекунад. Вай на танҳо муносибатҳои одамонро батартиб медарорад, балки дар ташаккулёбии шахсияти одамон хам иштирок намуда, ба ҳама ҷихатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Барои ҳамин ҳам диққати классикони адабиёти тонику форс, аз ҷумла Фирдавсиро ин масъалаи ҳаётӣ ба худ ҷалб кардааст.
Фирдавсӣ тарбияи хусусиятҳои ахлоқиро дар кӯдакону ҷавонон кори савоб ҳисоб намуда, дар баробари ин сифатҳои пасти ахлоқиро аз қабили бадӣ, ситамкорӣ, чизпарастӣ, пурхурӣ, айбҷӯйӣ, пургӯйӣ, бешармӣ, таънакорӣ, бахилӣ, суханчинӣ ва ғайраро ба зери тозиёнаи танқид гирифта мазаммат кардааст. Масалан, шоир пурхуриро ҳамчун хусусияти бад мазаммат намуда, чунин мешуморад, ки шахси пурхур ҳеч гоҳ саломату тансиҳат нест:
Бад-ӯ гуфт: \”Ҳар кас, ки афзун х(в)арад,
Чу бар хон нишинад хуриш нашмарад.
Набошад фаровонхуриш тандуруст,
Бузург он, ки ӯ тандурустӣ биҷуст.
Чизпарастӣ, ҷамъ кардани пулу мол, хасисӣ низ ба одам хушбахтӣ намеорад. Ба ин хотир харчӣ, ки имрӯз дорӣ, бихуру бипӯш:
Бихур ҳар чӣ дорӣ, манеҳ боз пас,
Туранчӣ, чаро монд бояд ба кас?!
Фирдавсӣ ба ҷавонон насиҳат мекунад, ки дар ҷавонӣ аз пайи молу чиз шуда, шахсони бегуноҳ ва беозорро ранҷ надиҳанд:
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Бе ранҷ кас хеҷ манмой ранч.
Албатта андешаҳои дидактикию ахлоқии Фирдавсӣ ҳеҷ гоҳ яктарафа нестанд. Ӯ дар баробари ситоиши хулқу атвори писандида, хислату характер ва рафтори ношоистаро низ мазаммату сарзаниш кардааст. Чунончи, инсони худписанду мағрур ва лофзану худситойро чунин тасвир кардааст:
Ҳар он кас, ки ронад сухан бар газоф,
Бувад бар сари анчуман марди лоф.
Ба гохе танхо шавад дар нухуфт,
Пушаймон шавад з-он суханхо, ки гуфт.
Фирдавсӣ худ як шахсияти бузург ва машҳур буда, ба қавли худаш доди суханро додааст. Барои ҳамин вай ба мақому нақши сухан ва сухангуӣ дар тарбияи шахсият эътибори ҷиддӣ додааст. Лекин шахсони пургуй, харзагуй ва онҳоеро, ки ба қадри сухан ва маданияти он намерасанд сахт сарзаниш мекунад. Масалан, дар хусуси пургуӣ ва пургуён менависад, ки онҳо дар назди одамон обрӯй надоранд:
Чунон дон, ки бешарму бисёргуй,
Надорад ба назди касон обруй.
Ё ки:
Чу гуфтори беҳуда бисер гашт,
Сухангуй дар анҷуман хор гашт.
Ҳар сухане, ки аз забон мебарояд, бояд дар тарозуи ақл санҷида шавад, чунки баъзе шахсон аз забони бади худ ранчу азоб мекашанд:
Бидон, к-аз забон аст мардум ба ранҷ,
Чу ранчиш нахоҳӣ, суханро бисанҷ.
Барои ҳамин шахс бояд ба қадри сухан расад, ҳамеша кӯшиш намудан лозим аст, ки суханони беҳтаринро ёд гирифт. Ба ибораи дигар бисёр омӯхтану кам гуфтан даркор аст:
Набояд, ки бошӣ фаровонсухун,
Ба рӯйи касон порсоӣ макун,
Сухан бишнавӣ беҳтарин ёд гир,
Нигар, то кадом оядат дилпазир.
Ба ақидаи Фирдавсӣ сухандонию сухангуйӣ ҳам сифати ахлоқии шахси хирадманд аст. Ва ҳар як шахси хирадманд бояд қадри сухани некро аз бад фарқ кунад, чунки аз инсон танҳо сухан бокӣ мемонад:
Ҳамон ганҷу динору кохи баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд,
Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор.
Бояд илова намуд, ки вобаста ба ҳамин мавзӯъ дурӯягию суханчиниро Фирдавсӣ аз сифатҳои бади ахлоқии инсон мешуморад ва таъкид ба он мекунад, ки аз онхо дили одамон озурда мегардад:
Суханчину дурӯя бекор мард,
Дили ҳушёрон кунад пур зи дард.
Айбҷӯӣ низ аз ҷумлаи ҳамин гуна хислатҳои бади ахлоқ аст, ки ба баъзе одамон хос аст. Бояд ин гуна одамон аз айбҷӯуи дигарон даст бикашанд:
Ту айби касон хеч гуна маҷӯй,
Ки айб оварад бар ту, бар айбгуй.
Фирдавсӣ дар масъалаи гуфтору рафтор ду чизро човид медонад. Сухану гуфтори нек ва дигаре номи нек:
Ба гетӣ ду чиз аст ҷовид бас,
Дигар харчӣ бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу гуфтори нек,
Нагардад кӯҳан то чаҳон асту лек.
Зи хуршеду аз бод в-аз обу хок,
Нагардад табаҳ ному гуфтори пок.
Пургуйӣ ва бадгуйӣ ҳам монанди айбҷӯйӣ ва суханчинӣ сифатҳои бади ахлоқианд. Барои хамин Фирдавсӣ таълим медиҳад, ки одам бояд пургӯйӣ ва бадгӯйӣ накунад. Марди хақикқӣ ҳамеша бояд забони худро нигаҳдор бошад:
Забонро нигаҳдор бояд будан,
Набояд равонро ба заҳр ожадан,
Ки бар анҷуман марди бисёргӯй,
Бикоҳад зи гуфтори хеш обрӯй.
Дурӯғгӯйӣ ва шахсони дуруггӯй ҳам мисли пургӯию бадгуйӣ хилофи ахлоқ ва дину оинанд. Шахсони дурӯғгӯй бар зарари ҷомеа ва худашон кор карда, аз зиндагӣ фурӯғу роҳат намебинанд:
Агар ҷуфт гардад забон бо дурӯғ,
Нагирӣ зи тахти сипеҳрӣ фурӯғ.
Ё ин ки дар ҷои дигар:

Ҳар он кас, ки ӯ пеша гирад дурӯғ,
Ситамгорае хонамаш бефурӯғ.
Ҳатто ба гирди дурӯғ гаштанро шоир маҳкум менамояд, зеро ки дар Ҳадиси Расули Акрам (С) чунин омадаст, ки: \”Дурӯғгӯйӣ торикии имон аст\”. Шахсияти комил хатман бояд аз дурӯғгӯйӣ даст кашад:
Ба гирди дурӯғ ҳеҷ гуна магард,
Чу гардӣ, бувад бахтро руи зард.
Фирдавсӣ одамонеро, ки корашон дигару гуфторашон дигар аст сарзаниш намуда гуфтааст:
Дилат бо забон ҳеҷ ҳамсоя нест,
Равони туро аз хирад моя нест.
Фирдавсӣ бахилию тамаъро чун яке аз сифатҳои бади ахлоқ дар радифи дурӯғгӯйиву пургӯйӣ медонад:
Бахилӣ макун ҳеҷ, магар мардумӣ,
Ҳамоно зи ту кам кунад хуррамӣ.
Ё ки:
Гар ояд-т рӯзе ба чизе ниёз,
Ба дасту ба ганчи бахилон маёз.
Дили тамаъкор ҳамеша ранҷур ва моломоли дард аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахси солимфикр бояд аз тамаъкорону бахилон дур буда, бо онҳо дӯстӣ накунанд, ки оқибати хуб надорад:
Дили марди тамаъ бувад пур зи дард,
Ба гирди тамаъ то тавонӣ магард.
Барои ҳамин, инсон бояд дилкушод бошад ва ба дигарон, ки дар зиндагӣ аз рӯи меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст оварда, рӯз мегузаронанд, бахилию тамаъкорӣ накунад.
Ваҳдату иттифоқ ва дӯстию бародариро Фирдавсӣ яке аз хусусиятҳои хуби тарбияи ахлоқӣ медонад. Вай ҷавононро ба дӯстию муттаҳидӣ даъват намуда, мегӯяд, ки танҳо бо ваҳдату дустӣ дурри мақсуд ба даст меояд ва ҳар мушкиле ҳал мешавад:
Зи доно нашнидӣ ин достон,
Ки баргуяд аз гуфтаи бостон,
Ки гар ду бародар ниҳад пушт-пушт,
Тани куҳро хок монад ба муншт.
Ин даъвати Фирдавсӣ дар рӯзҳои мо ҳам аҳамияти фавқулодда калон дорад ва дар тарбияи ахлоқии хонандагону донишҷӯён ва ҳар як фарди ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Шоири бузурги инсондӯст, ситораи тобноки назми форсу точик Абулқосим Фирдавсии Тусӣ низ аз ҷумлаи он абармардоне хаст, ки дар баробари ба миён гузоштани мафҳумҳои ахлоқии инсондустӣ, ватандустӣ, некӣ, илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, халкпарварӣ ва ғайраҳо ба масъалаи эҳтироми модар аҳамияти калон дода, ҳамчун хусусияти ахлоқӣ (инсони комил) васф намудааст.
Фирдавсӣ яке аз хислатҳои неки ахлоқии инсонро дар эҳтироми падару модар дида таъкид менамояд, ки фарзанд ҳамеша иззату эҳтироми падару модарро ба ҷой оварад. Чунки падару модар аввалин шахсоне мебошанд, ки ба фарзанд дар рафти таълиму тарбия олами ниҳонро ошкор месозанд, ба қавли Фирдаси агар:
Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
Ва ба бачагон муроҷиат карда гуфтааст:
Шабу рӯз чун ҷон киромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат дар канор.
Ӯ дар масъалаи эҳтироми модар ва тарбияи зан дахл намуда, накши модарро дар тарбияи фарзанд басо бузург шуморида, насли чавонро даъват менамояд, ки ҳамеша ба панду насиҳати модар гӯш диҳанд, аз бадию бадкорӣ ва роҳи бад баргарданд:
Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,
Ба бад тез маштобу бар бад макуш!

Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Ба ақидаи шоир модар на танҳо ба синну сол, балки бо меҳру муҳаббати модарӣ ва ақлу хирад низ бузург аст, зеро ҳар касе, ки як рӯз пештар зоида мешавад, хирадмандиаш ҳам бештар аст. Аз ин рӯ бо роҳи хирад даромада, панду сухани модарро бояд гӯш кард:
Ҳар он кас, ки як рӯз зояд ба пеш,
Хирадмандӣ ӯро бувад низ беш.
Зи модар сухан дар пазиру марав,
Ба рою хирад панди модар шунав.
Шоири бузург муътакид буд, ки аз модари хирадманду окила ва порсо писари доно, далеру шуҷоъ ва боақл таваллуд мешавад. Ин фикри худро Фирдавсӣ дар боби \”Гузаштани Сиёвуш аз оташ\”-и \”Шоҳнома\” аз забони шох Кайковус чунин каламдод мекунад:
Бад-у гуфт шоҳ: \”Эй далери ҷаҳон\”,
Ки покизатухмиву равшанравон.
Чунонӣ, ки аз модари порсо,
Бизояд, шавад бар ҷаҳон подшо.
Фирдавсӣ сифатҳои ахлоқии зани оқилу доно ва порсоро васф намуда, ба ҷавонон таълим медиҳад, ки дар интихоби ҳамсари мувофиқ хато накунанд ва танҳо духтарони покдоману порсоро ба занӣ гиранд, чунки зани бад ва бадкуниш ба мард хорию азоб меорад:
Ба гетӣ ба ҷуз порсозан маҷӯй,
Зани бадкуниш хорӣ орад ба рӯй.
Ҳамин фикри худро дар ҷои дигар тақвият дода, сифатҳои зани порсоро дар он медонад, ки вай нисбати шавҳар ва фарзанд садоқат ва меҳру вафо дошта, сарчашмаи хурсандии аҳли хонавода мебошад:
Беҳини занон аз ҷаҳон он бувад,
К-аз ӯ шуй ҳамвора хандон бувад.
Масъалаи тарбияи оилавиро мавриди баррасӣ қарор дода, шоир ҳуқуқи занонро ҳимоя менамояд ва он мардонеро, ки аз оила гурехта, ғайр аз зани худ занони дигарро ба \”дом\”-и фиреб меандозанд, сахт маҳкум менамояд. Фирдавсӣ бар ақидае хаст, ки аз меҳри \”хун, яъне фарзанд дида дар дунё меҳри бузургтару амииқтаре нест. Барои ҳамин бо таваллуд ёфтани фарзанд мард бояд ғайр аз зани худ аз \”меҳр\”-и занони дигар дил барканад:
Яке достон зад бар ин раҳнамун,
Ки меҳре фузун нест аз меҳри хун.
Чу фарзанд шоиста омад падид,
Зи меҳри занон дил бубояд бурид.
Забон дигару дил-ш ҷои дигар аст,
Аз ӯ пой ёбӣ, ки ҷуйӣ ту cap
Ин гуфтаҳои шоир ба мардоне тааллуқ доранд, ки дар назди зану фарзандони худ суханбозӣ карда, дар ҷои дигар ба зани дигар дил баста, иищварзӣ мекунанд.
Ҳамин тавр Фирдавсӣ дар осори худ дар бораи тарбияи фарзанд сухан ронда, танҳо писаронро дар назар надорад, ӯ дар «Шоҳнома» образи занону духтаронеро ба вуҷуд овардааст, ки онҳо дар чолокӣ, накӯкорӣ, далерӣ, қаҳрамонӣ, ҳунар, дониш, покдоманӣ ва ғайраҳо аз мардон камӣ надоранд.
Замони зиндагии Фирдавсӣ замони авҷу рушди феодализми асримиёнагӣ буда, ҳуқуқи занону модарон поймол карда мешуд. Бисёрии шохони пешин ва замони шоир ҳарамхонаҳо доштанд ва занону духтарони зиёдеро барои хуфту хоби худ ҳамчун ғулом нигоҳ дошта, онҳоро бадбахт мекарданд. Барои ҳамин, ин чизро вай бадтарин сифати ахлоқии инсон номида, шоҳони замони худро барои ин аъмолашон \”бад\” ва \”бадкирдор\” номидааст. Дар порчаи шеърии зайл Фирдавсӣ Баҳроми Гурро ва дар шахси вай шоҳонеро, ки дар шабистонҳои худ зиёда аз сад нафар занону духтаронро нигоҳ дошта, бо онҳо хуфту хез менамуданд, \”бадкирдор\” меномад:
Наёбад ҳаме серӣ аз хуфту хез,
Шаби тира з-у ҷуфт гирад гурез.
Шабистон мар уро фузун аз сад аст.
Шаҳаншоҳ аз ин гуна бошад, бад аст.
Дар зиндагии заношӯии байни зану шавхар бояд рашк роҳ наёбад, зеро рашк кинаву адоват ва бадбиниро ба вуҷуд меорад:

Ҳар он кас, ки дил тира дорад зи рашк,
Map он дардро дев бошад пизашк.
Ки рашк оварад озу курму ниёз,
Дижогох деве бувад кинасоз.
Фирдавсӣ он падаронеро, ки аз зоидани духтар ғамгин шуда, каҳр карда, тарки оила мекунанд, сарзаниш мекунад ва таъкид бар он мекунад, ки фарзанд хоҳ духтар бошад, хоҳ писар ба падару модар азиз аст ва ӯро гиромӣ бояд дошт:
Чу фарзанд бошад ба оину фарр,
Гиромӣ ба дил-бар чӣ мода, чӣ нар.
Фикру ақидаҳои Фирдавсӣ дар бораи зан ва тарбияи зан мухолиф ва зиддиятноканд. Дар баробари баҳои баланд додан ба нақш ва мавқеи зан, вай онҳоро накӯҳиш ҳам мекунад. Чунончи аз забони Исфандиёр оиди ин масъала чунин мегуяд:
Чунин гуфт бо модар Исфандиёр,
Ки \”Неку зад ин достон ҳушёр\”
Ки пеши занон роз ҳаргиз магӯй,
Чу туи сухан, боз ёбӣ ба куй.
Ба коре макун низ фармони зан,
Ки ҳаргиз набинӣ зани ройзан.
Сирри мард ба ақидаи Фирдавсӣ бояд нуҳуфта бошад ва ҳеҷ гоҳ ба занон рози худро ифшо намудан хуб нест:
Агар бишканӣ гардани озро,
Нагӯйӣ ба пеши занон розро.
Шоир мегӯяд, ки агар мард дар фармони зан буда, мустақил набошад, мурдани чунин мард беҳтар аст:
Касе, к-у бувад меҳтари анҷуман,
Кафан беҳтар уро зи фармони зан.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи тарбияи ҷинсӣ низ аз назари Фирдавсӣ дур намондааст. Вай Баҳроми Гурро барои хуфту хези зиёдаш бо занон сахт танқид карда мегӯяд:
Табаҳ гардад аз хуфтухези занон,
Ба зуди шавад суст чун бадтанон.
Кунад дида, торику рухсора зард,
Ба тан суст гардад, ба рух ложавард.
Дар ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ масъалаҳои некӣ ва накӯкорӣ низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ба ақидаи ӯ ҳар шахс дар зиндагӣ бояд некӣ ва накӯкориро пешаи худ намуда дар байни халқу ҷамъият аз худ номи нек боқӣ гузорад. Ӯ насли наврасро барои аз бар намудани беҳтарин сифатҳои инсонӣ даъват намуда гуфта буд, ки умри бадӣ кӯтоҳ аст, андеша бояд кард. Дар ин боб гуфтааст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Бадию бадандешӣ оқибати бад, зиён ва зарарҳои зиёде дорад, ки он зиёну зарар пеш аз ҳама ба худи кас хоҳад расид:
Ҳар он касс, ки андешаи бад кунад,
Ба фарҷом бад бар тани хвад кунад.
Умуман Фирдавсӣ дар шоҳасараш «Шоҳнома» бисёр фикрҳои панду ахлокӣ, тарбиявиро баён карда, дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, халқпарварӣ, далерӣ, накӯкорӣ, илму донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ ва монанди инҳоро бо як ҳиссиёти баланд тарғибу талқин кардааст. Одаму одамгарӣ, поквиҷдонӣ, накӯкорро беҳтарин сифатҳои инсонг донистааст. Гуфтаҳои ин мутафаккири бузург дар бобби тарбияи инсон ҳоло ҳам қимати тарбиявии худро гумм накардаанд ва инсон ҳазорҳо ҷавонон дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфта истодаанд.
Хулоса, \”Шоҳнома\”-и Фирдавсӣ дар рушду нумӯи адабиёт, санъат, маориф мавқеи ниҳоят муҳим ва арзандаро дорост ва ҳама оилаҳои фарҳангдӯст ин китобро гаштаю баргашта мехонанд, ғояҳои онро дар тарбияи насли наврас истифода мебаранд, чунки \”Шоҳнома\” худ аз оғоз то ба анҷом ҳама панду ахлоқ ва тарбия аст.

Адабиёти истифодашуда:
1. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Дар 9 ҷилд. Душанбе, 1964-1966
2. Афзалов Хайрулло, Раҳимов Баён. Таърихи педагогикаи халқи тоҷик. Душанбе: Маориф, 1994
3. Андарзномаи Фирдавсӣ (Таҳия ва тадвин аз Зоҳир Аҳрорӣ, Камол Айнӣ). Душанбе: Ирфон, 1992
4. Истифода аз сайти http://shahnameh.eu ва http://www.wikipedia.org/


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.