Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Убайди Зоконӣ

Шоири адабиёти классикии форсу-тоҷик Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайд ва машҳур ба Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бузургтарин ҳаҷвнавис буда, фасоди замон, иллатҳои даврон ва нуқсонҳои табақаи ҳокимӣ ҷамъиятӣ феодалиро ҳаҷву маҳкум менамояд. Ӯ соли 1270 дар Қаряи Зокон,ки аз тавобеи Қазвин буд, ба дунё омадаастУбайди Зоконӣ – шоири адабиёти классикии форсу-тоҷик Низомиддин Убайдуллоҳ, мутахаллис ба Убайд ва машҳур ба Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бузургтарин ҳаҷвнавис буда, фасоди замон, иллатҳои даврон ва нуқсонҳои табақаи ҳокимӣ чамъиятӣ феодалиро ҳаҷву маҳкум менамояд. Ӯ соли 1270 дар Қаряи Зокон,ки аз тавобеи Қазвин буд, ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии Убайд дар Қазвин гузашта, дониши мадрасагиро ӯ дар Шероз фаро гирифтааст. Низомиддин Убайдуллохи Зокони, ки бо тахаллусхои Убайд, Убайди Зоконӣ ва Убайдуллоҳи Зоконӣ машҳур аст, соли 1270 дар деҳаи Зокони музофоти Қазвин дар оилаи вазири собиқ ба дунё омадааст.
Таҳсили ибтидоии Убайди Зоконӣ дар зодгоҳаш ва шаҳри Қазвин сурат гирифта, дониши мадрасагиро у дар Шероз ба даст овард. Инчунин ӯ дар хат, иншо, нуҷум ва амсоли инҳо моҳир гашт, бар замми забони модарии худ дар араби хам устод буд ва туркиро низ хуб медонист.Убайди Зокони баъди ба охир расидани тахсил аз Шероз ба Казвин баргашта, кози таъин мегардад ва хамчунин дар мактаб кудаконро таълим медихад. Такрибан соли 1327 Убайдро дар Багдод мебинем, ки ба вазири Султон Абусаиди Элхони (1317-1335) Хоча Алоуддини Мухаммад дар хизмат аст. Дар хамин сол Убайд дар Багдод асари худ «Наводируламсол»-ро ба забони араби навишта, ба ин вазир такдим менамояд. Вай хангоми вуруди худ ба Багдод, яъне соли 1327, барои подшохи он кишвар Султон Абдусаид дар илми балогат бо номи илми маонию баён рисолае навишта хостааст пешкаш намояд. Мукаррабони ин подшохи мугул гуфтаанд, ки шохи мо ба чунин рисола илтифоту эхтиёч надорад. Убайд касидаи дигаре эчод намуда, мехохад, ки онро дар хузури Абусаид кироат кунад. Ба у мегуянд, ки шохи мо токати шунидани дуруги маддохони таъмакор надоранд. Ин хол Убайдро музтариб месозад. Дар ин холат у ба гуфтани алфози ракик шуруъ мекунанд. Убайди Зокони дар Багдод зиндагии гамангезу ногувореро аз сар мегузаронд. Дур аз ёру диёр, муфлису бечора, дар чанги бебизоати, нодори ва эхтиёч ба балои карз гутида, аз дасти карзхохон чои гурез надошт. Худи у мефармояд:
Маро карз хасту дигар хеч нест,
Фаровон маро харчу зар хеч нест.
Вай «Наводируламсол»-ро бо умеди он навишта буд, ки вазир Хоча Алоуддин уро ба подшох тавсия кунад, то ки тарбият бинад ва ба ин восита аз карзхо рахо шавад. Аммо вазири мазкур ин максади шоирро ба амал наоварда уро ноумед кард. Адиби хачвнигор Хоча Алоуддинро дар яке аз шеърхояш бо тахкир ёдовари кардааст:
Ин вазирак надорад мар судам,
Гу, мадех, з-у ба ман зиён нарасад.
Баъди тахти Шерозро сохиб шудан ва дар караму чавонмарди ба тарбияи суханварону донишмандон ном баровардани Шайх Абуисхок Убайди Зокони такрибан соли 1346 аз Багдод рохи Шерозро пеш гирифта, ба хизмати вазири Абуисхок (1341-1357) Амидулмулк камар баст ва дар ин вазифа 10-12 сол хизмат кардааст. Убайд соли 1350 маснавии «Ушокнома»-ро барои Абуисхок навишта, дар ашъори дигараш хам ин амиру вазирро ба неки ёд мекунад. Соли 1357 амири Кирмон Муборизиддин Шерозро истило намуда, Абуисхокро ба катл расонд. Мухити адабии Шероз пароканда шуд. Ва шоир ночор Шерозро тарк намуда, боз рохи Багдодро пеш гирифт.
Рафтам аз хиттаи Шерозу ба чон дар хатарам,
Вах, к-аз ин рафтани ночор чи хунин чигарам!
Мувофики навиштаи Давлатшохи Самарканди (асри ХV) Салмон, ки дар дарбори Султон Увайс эътибор ва обруи калон дошт, бо сабабе аз Убайди Зокони ранчида, уро хачв, балки тахкир мекунад:
Чаханнамию хичогу Убайди Зокони,
Мукаррар аст ба бедавлатию бедини!
Агарчи нест зи Казвину рустозод аст,
Валек мешавад андар хадис казвини!
Ин китъа ба гуши Убайд расида буд. Дар Багдод мулокоти нахустини Убайд ва Салмон дар канори Дачла вокеъ гардидааст. Салмон он чо дар ихотаи наздикони худ фарогат дошт. Мачлиси ахли завкро дида, Убайд он чо дохил мешавад. Салмон аз Убайд пурсид, ки аз кучост.Убайд гуфт: Аз Казвин .Салмон боз пурсид: Номи Салмон оё дар Казвин маъруф ва аз ашъораш чизе машхур аст ё на? Убайд гуфт: Китъае аз ашъори у бисёр машхур аст ва ин бихонд:
Ман хароботияму бодапараст,
Дар хароботи мугон ошики маст.
Мекашандам чу сабу душ ба душ,
Мебарандам чу кадах даст ба даст!
Он гох гуфт: Агарчи Салмон марди фозил аст ва метавон ин китъаро ба вай нисбат дод, аммо гумони голиби ман он аст, ки ин китъа аз зани у бошад. Албатта, ин китъа дар назираи рубоии машхури Салмон эчод гардидааст, ки ин аст:
Дидам санаме харобу маст афтода,
Дар дасти мугони майпараст афтода.
Аз май чу сурохи шуда афтону хазон,
В-он гах чу кадах даст ба даст афтода.
Салмон аз хозирчавоби, зарофат аз лутфи сухани гуянда пай бурд, ки назди у Убайд аст, макдамашро ганимат шумурд ва узри хичои вай бихост. Убайд гуфт: Эй Салмон бахтат ёвари кард, ки зуд ба эътироз икдом намуди ва аз шарри забонам расти. Дар ин миён писарони амир Муборизиддин-Шох Шучоъ ва Шох Махмуд бар алайхи падари худ исён бардошта, падар аз тахт дур карда, ба чашмонаш мил кашиданд. Шох Шучоъ, ки то ин вакт хокими Кирмон ва Абаркух буд, соли 1358/59 ба тахти салтанати Шероз нишаста ва то соли 1383 хукумат ронд . Убайди Зокони хабари маъзул шудани Муборизиддин ва чулуси Шох Шучоъро шунида, такрибан соли 1360 ба Шеъроз баргашт ва дар хакки Шох Шучоъ касида гуфт. Охири умри Убайди Зокони дар хидмати Шох Шучоъ дар Шероз ва Кирмон гузаштааст.Соли 1365 Шох Шучоъ аз дасти бародараш шикаст хурда, ба Кирмон гурехт. У Убайдро низ хамрохи худ бурд. Убайд дар ишора ба ин вокеа менависад:
Ба юмни давлату икболи шохи банданавоз
Маро ба чониби Кирмон кашида бахт инон.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.