Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Исмҳои сохта дар ашъори Хоҷаи Шероз

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи машҳуртарин адибону мутафаккирони оламшумули тоҷику форс аст, ки осори гаронбаҳояш кайҳо инҷониб зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида, худаш ҳамчун яке аз бузургтарин шоирони лириканавис шинохта шудаастХоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи машҳуртарин адибону мутафаккирони оламшумули тоҷику форс аст, ки осори гаронбаҳояш кайҳо инҷониб зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардида, худаш ҳамчун яке аз бузургтарин шоирони лириканавис шинохта шудааст. Ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз аз замони зиндагияш то имрўз диққату таваҷҷўҳи аҳли завқро на танҳо дар Эрону Тоҷикистону Афғонистон, балки дар саросари ҷаҳон ба худ ҷалб намудааст. Дар дарозои таърихи забон ва адабиётамон дар заминаи ашъори ноби ў садҳо таҳқиқоти адабиётшиносӣ ба анҷом расидаанд. Аммо вижагиҳои забонии ғазалҳои ширадори Ҳофиз аз тарафи забоншиносон камтар мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифтаанд, хоса доир ба роҳҳои калимасозии шоир (аз ҷумла, дар доираи исм).

Калимасозӣ воситаи асосии бойшавии таркиби луғавии забон мебошад. Бо ин роҳ таркиби луғавӣ бо калимаҳои нав пурра мешавад. Тағйирот ва инкишофу такомули калимасозӣ мувофиқи талаботу қонунияти дохилии забон ба амал меояд.

Забон барои пурра ва бо нозукиҳояш ифода намудани фикр ва ҳаматарафа қонеъ гардонидани талаботи мубодилаи афкор аз ҳамаи воситаҳо истифода мекунад. Чунин талаботи забон барои инкишофи калимасозӣ восита ва омили муҳим мебошад.

Дар калимасозии исм пешванд ва пасвандҳо мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Пасвандҳои исмсози забони тоҷикӣ хеле бисёр ва гуногунвазифа мебошанд, аммо танҳо як пешванди “-ҳам” аст, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷик дар калимасозии исм иштирок мекунад. Пешвандҳои дигари қадимӣ бо асосҳо як шуда рафтаанд ва алҳол ҳамчун морфемаи алоҳида аз асосҳояшон ҷудо карда намешаванд. Чунончи, дар калимаҳои овоз о-, пайкар пай-, подшоҳ под-, фармон фар- аслан пешванд бошанд ҳам, бо асосашон як шудаанд ва пешванду асос дар якҷоягӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик калимаи содда ба шумор мераванд.

Забоншинос Ш. Рустамов дар асари худ “Исм” қайд мекунад, ки Халилов пешванди “ҳам”-ро бо ҳиссачаи “ҳам” як шуморидааст, ки хатост. Пешванди ҳам- мисли ҳиссача ба калима тобиш ва ё мафҳуми иловагӣ намебахшад. Вай унсури калимасоз буда, аз калимаҳои гуногун воҳиди нави луғавӣ месозад. Масалан, аз исмҳои конкрет ва абстракти роҳ ва сўҳбат исми шахси ҳамроҳ ва ҳамсўҳбат сохтааст.

Пешванди ҳам- бо исмҳо омада, ҳамроҳӣ, шарокат ва алоқаи тарафайни шахсҳо ва предметҳоро мефаҳмонад. Пешванди мазкур дар ашъори Ҳофиз 47 маротиба бо калимаҳои зерин омадааст: дам, дард, раҳ, нафас, роз, висоқ, дарс, сўҳбат, даст, кор ва зону.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.