Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Аз дўсти нодон душмани доно беҳтар аст

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
(М. Турсунзода)

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
(М. Турсунзода)

Оре, дӯст беҳтарин, наздиктарин ва азизтарин касест, ки инсонро дар зиндагӣ роҳбалад аст. Дӯст касест, ки ҳамчун оина айбатро рӯ ба рӯ гуфта, ҳамеша мекӯшад, маслиҳатчии наздик бошад. Дӯстон бояд дар ҳамаи мавридҳо мададрасон, ёвар ва ислоҳкунандаи ҳама гуна хатогиву нуқсонҳо бошанд.

Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На ин ки чун шона бо ҳазор забон,
Аз ҷафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.

Дӯст аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм ва хонаободанд. Дӯстонанд, ки беморон дардро, ғамдорон ғамро ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд. Наметавон худ камбудиву афзалияти хешро донист.

Чун инсон зиндагӣ мекунад, кору фаъолият мебарад, ба чизе, ба касе, ба тарбияе, ба дилгармие ниёз дорад, хоса ба дӯст. Дӯст афзунии ҳар шодиву дармони ҳар дарду норасоиву нуқсони ҳаёти касро мекушояд, ҳамдард мегардад, зеро дона танҳо хирман намегардад, нони танҳо файзи дастурхон намешавад, шукуфтани муғҷае бе ҷамоли офтобу боди субҳ сурат намегирад. Инсон ҳам бе дӯсти наздик буда наметавонад.

To абад бо дӯстон осӯдагист,
Марг ҳам бе дӯстон осон нашуд.

Гуфтаанд, ки ҳақ бар ҷониби ишоракунандаи ин маънии бузург аст. Дар урфият иборае ҳаст, ки дӯстон се навъанд. Забониву нониву ҷонӣ.

Дӯстон ҳақиқатан дар ҳамин се навъ буда метавонанд. Асоситаринашон дӯстони ҷонӣ онҳое, ки дар ҳамаи мавридҳо дар ғаму шодии кас ҳозиранд.

Ба ибораи шоир:

Дӯст машмор он ки дap неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.