Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Зебуниссо Рустамова

Зебинисо Рустамова – ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл – 1 августи соли 1976, Монреал).

Зиндагинома

Зебинисо Сангиновна Рустамова, 29 январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Имрӯз шаҳрванди ду давлати мустақил Тоҷикистон ва Русия мебошад.
Зебинисо Рустамова – ифтихори варзиши тоҷик аз рӯи тирпаронӣ аз камон, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ (17 июл – 1 августи соли 1976, Монреал).

Зиндагинома

Зебинисо Сангиновна Рустамова, 29 январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Имрӯз шаҳрванди ду давлати мустақил Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Зебуниссо дар варзиш

Аз бародари худ Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир Зебуниссо фаҳмид, ки дар майдони «Динамо» шӯъбаи нави варзиши – тирпарони аз камон ифтитоҳ ёфтааст. Духтар қарор дод, ки қувваи худро санҷад, зеро тамошои он дар майдони футбол, ки дар он беҳтарин аз беҳтаринҳои ҷумҳури машқ мекарданд, мафтун сохта буд. Нишонаҳои равшан, ки ба он тирҳои тез мехалиданд, диққати ӯро ҷалб намуданд.

Мусобиқаҳои аввалин дар шаҳри Тула гузашта, ба рӯи Зебинисо дар варзиши калон роҳ кушод. Баҳор дар мусобиқаҳои умумииттифоқии тирпаронони ҷамъияти «Динамо», ки дар Сухуми баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи мамлакат, ки дар Кишинёв аз рӯи тирпарони аз камон мегузашт, дар масофаи 50 метр Зебинисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи тирҳои ӯ ба маркази доира расиданд. Дар машқи М-2 ӯ 2233 хол гирифт, шумораи холҳо аз меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ болотар рафт.

Ширкат дар Бозиҳои XXI олимпӣ дар соли 1976 дар Монреал (Канада) ба ӯ ҷоизаи биринҷиро дод. Ҳоло ӯ таблиғотчии фаъоли на танҳо варзиш, балки ҳаракати олимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.