Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ АШЪОРИ ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ

Пайрав, ки яке аз шоири шӯроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт.
Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин,
Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Пайрав, ки яке аз шоири шӯроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи миён рафт.
Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин,
Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Пайрав Сулаймонӣ шоири барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XX монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ӯ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш таккони бузурге ба адабиёт ворид кард. Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ 15- уми апрели соли 1899 дар кӯчаи Рашиди шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Отаҷон аз айёми кӯдакиаш ба таҳсил шавқу равнақи зиёд дошт. Ӯ дар мадрасаҳои гуногуни Бухоро ва Когон таҳсил намуда, забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва тоториро хуб омӯхтааст.
Фаъолияти эҷодии Пайрав кам давом карда бошад, ҳам аз шоир мероси гаронбаҳо ёдгор мондааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир ба номи \”Бародари ҷонӣ\” эҷод гардида, ба духтари чех Йозеф Аул бахшида шудааст. Дар давраи ҳаётии шоир ду маҷмӯаи ӯ бо номҳои \”Шукуфаи адабиёт\”, \”Шеърҳо\” ва достони \”Тахти хунин\” ба табъ расидаанд. Баъди вафоти Пайрав маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои \”Қадам ба панҷсолаи дуюм\”,\”Маҷмӯаи шеърҳо\”, \”Ба зарбдор\”, \”Асарҳои Мунтахаб\”, \”Маҷмӯаи осор\”, Девон чоп гардидаанд. Соли 2006 Куллиёти Пайрав Сулаймонӣ ба табъ расид, ки эҷодиёти адибро ба таври мукаммал фаро гирифта, 122 шеър, 3 достон, намунаҳои наср, номаҳо ва тарҷумаҳои адибро муттаҳид месозад.
Ашъори Пайрав Сулаймониро ба ду давраи ҷудо намудан ба мақсад мувофиқ аст. Давраи аввал шеърҳои шоирро то соли 1924 дар бар мегирад. Ашъори ин давраи суханвар ба жанрҳои суннатии ғазал, қасида, мустазод ва қитъа таалуқ дошта, асосан ба мавзӯъи ишқ бахшида шудааст.
Оҳу фиғон кашидаму гуфтам, ки дӯстон,
Ҳастам асири духтари Чингизи хунхор.
Фарёд аз он ду наргиси ҷодуи дилфиреб,
Эй вой аз он карашмаи чашмони пурхумор!
Абрӯйи теғдораш бар қалб ҷойгир,
Мижгони обдораг бар сина ҷойдор.
Пайрав чашмони ёрашро ба ду наргиси ҷодуи дилфиреб монанд мекунад, абрӯйи дилдорро теғдору мижгони ӯро обдор меномад ва хеле муболиғаомез қувваи сеҳрноки нигоҳи маҳбубаро васф менамояд. Чунин тавсифҳои дилнишину мафтункунанда дар дигар шеърҳои давраи аввалин эҷодиёти шоир фаровон ба назар мерасанд.
Давраи дуюми эҷодиёти Пайрав ба солҳои 1925 ва минбаъда тааллуқ дорад. Дар ин давра дар мавзӯъ, мундариҷа ва услуби баёни шеърҳо комилан тайғир меёбад. Дар ин давраи эҷодиёти шоир мавзӯъҳои вобаста ба талаботи замон танқиди замони амирӣ, озодии занон, байналхалқӣ, муносибати иҷтимоии ҷомеа, табиати нафиси Ватан бештар ба назар мерасанд. Масалан, шеърҳои \”Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ\”, \”Ба шарафи қиёмати занони Шарқ\”,\”Асира ё худ исён\” ба занон ва мавқеъи иҷтимоии онҳо бахшида шудаанд. Дар ин шеър як лавҳаи фоҷиавии занону духтарони тоҷик дар даврони амирӣ ба воситаи оҳангу задаҳои мантиқӣ, ифоданокии таркибҳои забонӣ, нидоҳои хитобию саволӣ ва пасту баланд шудани овоз манзури хонанда мегардад:
Раъша дар ҷисму пайкарам афтод…
Аҷабо!
Ин ин саҳнаи мудҳиш?
Чист афтода?
Духтаре мадҳуш…
Ҳамла оварда кист, ҳон?
Эй дод!!!
Дев!
Ифрит!
Ваҳшии хунхор!..
Чунин навпардозӣ ва тозакориҳо дар дигар навъҳои ашъори шоир ҳам бармало мушоҳида мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.