Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ АШЪОРИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

Дубайтӣ, меҳри ту дар мағзи дилҳост,
Ба ҳар давру замон қадри ту волост.
Чу ширин аст умри кӯтаҳи мо.
Ду байти кӯтаҳи ту ҳам гуворост.
МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ АШЪОРИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ
Дубайтӣ, меҳри ту дар мағзи дилҳост,
Ба ҳар давру замон қадри ту волост.
Чу ширин аст умри кӯтаҳи мо.
Ду байти кӯтаҳи ту ҳам гуворост.
Гулназар Келдӣ яке аз намоёнтарин шахсиятҳои халқи тоҷик буда, дар байни мардум чун шоири забардаст ва мутафаққири бузург ном баровардааст. Ӯ ҳамчун муаллифи суруди миллии Тоҷикистон маъруфи тамоми кишвар гардидааст. Ӯ соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ аз давраи хурдсолиаш ба донишазхудкунӣ рағбати беандоза доштааст. Ин рағбат боис гардид, ки ӯ мактаби миёнаро бо медали милло хатм намояд. Баъд факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло ба итмом расонидааст.Ӯ қисми бештари ҳаёти худро ба фаъолият дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун бахшидааст.
Аввалин шеърҳои Гулназар айёми таҳсил дар мактаби миёна чоп шудааст. Китоби нахустинаш \”Расми сарбозӣ\” соли 1969 ба табъ расидааст. Баъдтар маҷмӯаҳои \”Дастархон\”, \”Дардбон\”, \”Ағба\”, \”Паҳно\”, \”Лангар\”, \”Табхола\”, \”Шакарнам\”, маҷмӯъаи бачагонаи \”Аз барои Гулъизор\”, \”Чашми нигин\”, \”Се кулчаи танурӣ\” ва дигарон ба чоп гардидаанд. Гулназар Келдӣ асарҳои насрӣ, драмавӣ, публитсистӣ ва илмӣ низ таълиф намудааст, ки китобу мақолаҳои \”Лоиқе чун Лоиқе\”, \”Таъми тути балхӣ\”, \”Мансури Ҳаллоҷ ва Имом Ғазолӣ\”, \”Хотираи муаллиф\”, \”Баҳори Вахш\”, \”Тарона ва замона\” намунаи онҳо мебошанд.
Гулназар як қатор асарҳои адибони машҳурро тарҷума кардааст. Ҳамчунин ашъори Гулназар Келдӣ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, қирғизӣ, чехӣ, латишӣ, немисӣ, булғорӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд.
Гулназар ҳам дар жанрҳои суннатӣ ва ҳам дар шаклҳои нави шеърӣ асарҳо офаридааст. Достонҳои \”Савдои зиндагӣ\” ва \”Пайи дарё\” ба масъалаи зиндагии халқи тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои аввалин баълиҷангӣ бахшида шудаанд.
Аз шаклҳои суннатии шеърӣ Гулназар ба рубоӣ ва дубайтӣ таваҷҷӯҳи бештар дорад.
Як субҳ пур аз тараннуми наврӯзист,
Як чашми пур аз такаллуми наврӯзист.
Аз шодии зиндагӣ ғунча шукуфт,
Як пушта пур аз табассуми наврӯзист.
Устод аз шаклҳои нави шеърӣ бештар ба бандҳои чаҳормисраъгӣ майл дорад. Ва дар шеъри озод низ кӯтоҳбаёниро меписандад. Мавзӯъҳои ашъори лирикии Гулназар васеъ ва густарда мебошанд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои ватану ватандорӣ, ишқу муҳаббат, сулҳу дӯстӣ, кӯшишу кор, баҳору ҷавонӣ сар то сари ашъори Гулназарро фаро гирифтаанд. Шоир кӯшидааст, ки ҳар мавзӯъро бо ҷилои тоза манзури хонанда намояд. Гулназар ҳанӯз дар синни 18- солагӣ деҳаи кӯҳии хешро бо суханҳои самимӣ ва хотирмоне васф кардааст, ки хонандаро ба ваҷд меорад:
Деҳаам дар домани кӯҳпораест
Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.
Кӯҳ гӯйи дар каф онро дошта,
Марҳамат гӯяд ба ҳар раҳгузар.
Деҳа ба лаълии пур аз шаҳду шакар монанд шудааст ва кӯҳ чун инсони саховатпеша тасаввур гардидааст, ки ин лаълиро ба каф гирифта, ҳосили ранҷи худро ба раҳгузарон пешкаш менамояд.
Каҳрамони лирикии ашъори Гулназар шахси бедордил, зирак ва таҷрибадида мебошад. Ӯ аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошта, ба зиндагӣ ба дидаи ибрат менигарад. Ин аст, ки дар шеърҳои Гулназар фикрҳои панду ахлоқӣ фаровон истифода шудаанд. Шоир аз рустани сабза дар рӯйи қабри инсон маъни бардошта, ғанимат шуморидани умрро таъкид мекунад:
Ба саҳро рав, ки ин саҳро ғанимат,
Чароғи хандаи гулҳо ғанимат.
Замоне зери пойи сабза монӣ,
Туро ин сабза зери по ғанимат.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.