Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Зодруз муборак фарзанди азиз

Зодруз муборак фарзанди азиз

Табрикотхо ба зодрузи фарзанд

Поздравления
«Ном»-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! "Чанд?"-солагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки: Нигаҳбонат Худо бошад, Паноҳат Мустафо бошад. Ҳабибат ҷилди Қуръону, Ҳаётат босафо бошад. Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо» Қатраи шабнам ба рӯи гул чакид, Хониши булбул ба гӯши гул расид. Зодрӯзи ту муборак ҷони модар, Зодаи субҳи умеду рӯзи ид. Забони ҳақ шиори безабон бош, Нишони ворисони бенишон бош. Аламбардори рӯҳи сарбадорон, Бақоҷуи дуои модарон бош, Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош. Одамиро неъмате ширинтар аз фарзанд нест, Мисли меҳри ӯ дилу ҷонро ягон пайванд нест. Дар гиряи тифл ҳусни олам бошад, Дар хандаи тифл бахти одам бошад. Он хона ки пурр зи тифл бошад ба яқин, Он ҷо пираш чу тифл