Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Яке дар пеши бузурге аз факирии худ шикоят мекарду сахт менолид

Яке дар пеши бузурге аз факирии худ шикоят мекарду сахт менолид

Хикояи тамсили (7)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №7. Яке дар пеши бузурге аз фақирии худ шикоят мекарду сахт менолид. Гуфт: мехоҳӣ, ки даҳ ҳазор дирҳам дошта бошию, чашм надошта бошӣ? Гуфт: албатта, ки не, ду чашми худро бо ҳамаи дунё иваз намекунам. Гуфт: ақлатро бо даҳ ҳазор дирҳам иваз мекунӣ? Гуфт: на. Гуфт: дасту поии худро чи? Гуфт: ҳаргиз. Гуфт: пас ҳам акнун Худованд, садҳо ҳазор дирҳам дар домони ту гузоштааст. Боз шикоят дорӣ ва гила мекунӣ? Балки ту ҳозир нахоҳӣ буд, ки ҳоли хешро бо ҳоли бисёре аз мардумон иваз кунӣ ва худро хуштару хушбахттар аз бисёре аз мардумони атрофи худ мебинӣ. Пас, он чӣ туро додаанд, басе бештар аз он аст, ки дигаронро додаанд ва ту ҳануз шукри ин ҳамаро ба ҷой наёварда, хоҳони неъмати бештаре ҳастӣ.