Воскресенье, 29 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Як оилае хонаи нав мехаранд ва ба он чо куч баста меоянд

Як оилае хонаи нав мехаранд ва ба он чо куч баста меоянд

Хикояи тамсили (10)

Аллегорические рассказы
Ҳикояи тамсилӣ №10. Як оилае хонаи нав мехаранд ва ба он ҷо кӯч баста меоянд. Саҳарӣ, зан аз хоб мехезад ва аз оина мебинад, ки зани ҳамсоя либосҳои шустаашро ба тор меовезад. Зан ба шавҳараш мегӯяд: - Инро бин, зани ҳамсоя либосҳояшро шустааст, лекин он ҳоло ҳам ифлос аст. Мард, ки оқил буд, ба суханони занаш аҳамият намедиҳад. Ҳамин тавр, ҳар вақт, ки ҳамсоя либосҳояшро меовехт, зан ҳайрон мешуд, ки чӣ қадар онҳо ифлосанд. Як саҳарӣ ба оина менигарад ва дод мезанад: - Оҳооо! Либосҳо имрӯз тоза-ку..!)) Ба фикрам, чомашӯиро ёд гирифтааст. - Не, гуфт шавҳараш, ман имрӯз барвақттар хестам ва оинаамонро тоза кардам. Ҳамин тавр, пеш аз оне, ки ба дигарон баҳо диҳем, бояд дилу нияти худро пок кунем...!