Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Як марди хаким тамоми умр хушбахт буд…

Як марди хаким тамоми умр хушбахт буд…

Хушбахти

Рассказы
Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд ва дар бистари марг мехобид, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт: -Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад? Пирамард дар ҷавоб гуфт: -Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам худи ҳамин гапро аз устодам пурсида будам. Устоди ман пир буд, ӯ ҳафтод сол дошт ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки ӯ бе ягон сабаб механдад. Он гоҳ ӯ ба ман гуфта буд: "Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Нохост фикре ба сарам омад: ин интихоби ман астку, ҳаёти ман! Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам". Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ вақте бедор шавам, аз худ суол мекунам