Четверг, Октябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Метка: “Вобаста ба” бояд навишт ё “вобаста аз”?

“Вобаста ба” бояд навишт ё “вобаста аз”?

Таджикский язык
Хирадро кору боре чун сухан нест, Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест... Гаҳе лабро нишоти ханда орад, Гаҳе аз дида нами андӯҳ борад. Оре, ҳақ ба ҷониби гуфтаҳои ин шоири борикбину нуктасанҷ аст. Як сухани ғалат ё бад метавонад дунёро чаппа кунад, чеҳраҳои хандонро ба ғам мубаддал созад ва ё як сухан метавонад боиси хушнудии гӯянда гардад, дилҳоро тасхир намояд. Бесабаб нест, ки дар мардум гӯянд: як сухан 365 паҳлӯ дорад. Сухандонону сухансанҷони каломи бадеъ беҷо нагуфтаанд: “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад". Яъне ҳар сухан ҷо ва мавриди корбасти худро дорад. Чунин суханонро инҷо зикр кадан ба маврид аст: сухан гаронбаҳотарин сарвати фарзанди одам аст, ки сухандонон бад - он дар таърихи инсоният номашонро сабт намудаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки забон низ мисли дигар мавҷудоти