Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Вазъи хассос дар гуфтушунидхо

Вазъи хассос дар гуфтушунидхо

Бизнес ва одоби муошират

Международный бизнес
Саволи №1. Одоби муоширати корӣ; Саволи №2. Қоидаҳои рафтор; Саволи №3. Вазъи ҳассос дар гуфтушунидҳо: ҳадди имконпазири гузашткунӣ. Ҷавоб ба саволи №1. Меъёрҳову қоидаҳои рафтори баодобона дар муо­шират ба ҳампешагони худи кас, тартиботу шаклҳои муомила дар раванди бархурдҳои хидматӣ одоби муо­ширати корӣ номида мешавад. Одоби инзамонӣ ойину суннатҳои амалии қариб тамоми халқҳоро аз қадимтарин замонҳо то рўзгори мо ба мерос. гирифтааст. Қавоиди одоб асосан байналхалқӣ мебошад, зеро дар кулли кишварҳо беш ё кам як хел риоя карда мешавад. Ҳамзамон одоби муоширати ҳар як кишвар мумкин аст ҷаҳатҳои хеле муҳими ба худ хос дошта бошад, ки онро боист суннатҳову урфу одати таърихӣ, миллӣ, динӣ ва ғайра аст. Одоби муоширати корӣ қоидаҳои ба якдигар салом додану алек гирифтан, худро муаррифӣ к