Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Вакт мегузарад умр мегузарад…

Вакт мегузарад умр мегузарад…

Вактро ганимат дон

Статьи
Ақраби соат тик-тик мезад. Ченаки вақтро нишон медод. Инсон бехабар аз он ки умри ӯ мегузарад чашм ба ақрабаки соат медӯзад. Вақт мегузарад, умр мегузарад. Гоҳе босамар, гоҳе беса­мар. Мисли дар­ёст, ки ба оқиб барнагардад, мисли оби аз кӯза рехта, ки ҳаргиз бар­дошта наша­вад, мисли тири аз ка­мон ҷаста, ки баргар­донида наме­шавад, мисли косаи шикаста, ки ба ҳам пай­ванд нагардад. Вақтро бояд ғанимат донист, онро сарфи корҳои хуб кард. Онро тавре истифода бояд бурд, ки дар оянда аз он пушаймон нашавӣ, онро тавре истифода бояд бурд, ки муфид бо­шад, онро тавре исти­фода бурд, ки аз он нишон боқӣ монад, нишоне, ки аз вақти гузашта дарак диҳад, аз ҳамон вақте ки онро ба фоидаи худ истифода кардӣ. Вақти гузашта мисли он пи­рамарди қоматхамида аст, ки ҷавонии худро дубора мекобад, он ҷавоние,