Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ваколатнома чист?

Ваколатнома чист?

Ваколатнома (Боварнома, Доверенность)

Документация
Ваколатнома ҳуҷҷатест, ки тавассути он корхона (муассиса, ширкат ва ғайра) ба касе ҳуқуқи иҷрои ин ё он кореро, амалиётеро медиҳад. Шахси ваколатгиранда аз номи шахси ваколатдиҳанда кореро иҷро менамояд. Ваколатномаеро, ки корхона ё муассиса медиҳад, ваколатномаи расмӣ меноманд. Ваколатномаи расмӣ ҳуҷҷатест, ки дар асоси он муносибатҳои ташкиливу молиявӣ байни муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ваколатномаи расмӣ маълумоти зерин бояд сабт гарданд: 1. Санаи эътибори ваколатнома; 2. Ному нишонии корхона (муассиса) - и истифодабаранда; 3. Ному нишонии муассисаи пардохткунанда; 4. Номи ҳуҷҷат; 5. Санаи дода шудани ҳуҷҷат; 6. Насаб, ном, номи падар, мушаххасоти Шиносномаи шахси ваколатгиранда; 7. Ном, рақам ва санаи ҳуҷҷате, ки мутобиқи он мавод гирифта мешавад