Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Ту маънии ин хаёти мани

Ту маънии ин хаёти мани

Оиди мехру мухаббат ва дустдори

Любовь
Оре, дустат медорам девонавор! Бо гирифтани номи зебои ту, дил дар тапишу хун дар гардиш медарояд. Бо як дидани чеҳраи моҳпайкари ту, хандаи зебандаву ширини ту, ларзаи гуворое маро иҳота мекунаду мадори роҳ гаштану ва чашмамро аз ту канданро надорам. Ин қадар зебои ва ин қадар дилрабоӣ, ки бо ин роҳ гаштану табассумҳоят маро куштаву зинда мегардонӣ. Сари таъзим фуруд меорам ба он модаре, ки туро ба ин дунё овардааст. Ту маънии ин ҳаёти манӣ. Ҳар сонияи ҳаётамро бе ту тасаввур карда наметавонам. Меҳру муҳаббате, ки нисбати ту дорам, шояд замоне Лайлӣ надошта буд. Ин қадар хиссиёту ҳаяҷон маро фаро мегирад, вакте фикри туро мекунам. Ту ҳатто намедонӣ, ки ошиқи шайдое дар кунҷи кадом хонае нишаста фикри туро дорад. Ин қадар ширину гуворои барои ман. Яқин донам, ки ҳаёт бе ту вуҷуд надорад