Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Точикистон – мекунам шукри каму бисёри ту

Точикистон – мекунам шукри каму бисёри ту

Ифтихори милли

Статьи
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Мекунам шукри каму бисёри ту. Мекунам шукрона аз озарму озори ту, Аз ту ман сарват намехоҳам. Ватан ҳастӣ, бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст. Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз давлату давлтдорӣ дорем.Тоҷикистон! Ҳар пораи сангат, ки порае аз туст, бароям азиз аст. Рўди равонат ба ман рози дил мегўяду мурғони хушилҳ