Воскресенье, 29 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Тарзи навиштани ариза (заявление)

Тарзи навиштани ариза (заявление)

Ариза (заявление)

Документация
Ариза калимаи арабӣ буда, маънои арз, баён ва изҳорро дорад. Ариза мазмуни дархостӣ ва арзу шикоятӣ дошта, аз ҷониби як ё якчанд нафар ба унвони сардори муассисаву корхона ва мақомоти расмӣ навишта мешавад. Ариза аз ҷузъҳои зерин иборат аст: 1. Унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ному насаби роҳбари муассиса; 2. Вазифа ва ному насаби аризадиҳанда; 3. Номи ҳуҷҷат; 4. Матн (сабаб ва мақсади иншои ариза); 5. Имзои муаллиф; 6. Таърихи навишта шудани ариза. Аризаро дар варақи А4 аз боло 2 см, аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1 ё 0,5 см ҳошия гузошта, ба даст менависанд, ё дар компютер чоп мекунанд. Навишти қисми ариза, ки дар он вазифа, унвон, ному насаби роҳбари корхона(муассиса) ва вазифаву ному насаби аризадиҳанда сабт мегардад, аз мобайни варақ, бе сархат(абзатс) оғоз меёбад. Дар ҷойи