Понедельник, 6 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Тарзи гузаронидани чашни Навруз

Тарзи гузаронидани чашни Навруз

Сенария оиди чашни Навруз

Сценарии
Эй навбаҳори гулфишон, шод омадӣ, шод омадӣ, Бар покмарзи тоҷикон, шод омадӣ, шод омадӣ. Дар шеърҳои Рӯдакӣ бошад ҳувайдо ҳусни ту, Илҳомбахши шоирон, шод омадӣ, шод омадӣ. Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, меҳмонони олиқадр. Дуруд бар ҳамаи оламиёну одамиён, ба ҳамаи шумоён хайру мақдам гуфта, ба даргоҳи Худованди ҷонофарин ҳазор бор шукр мекунем, ки ба ин рӯзҳои хотирмону пурфайз сиҳату саломат расидем. Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ! Инак ба диёри нозанини мо боз баҳори оламафрӯз қадам мегузорад, боз чаҳ-чаҳи булбул ва шилдироси ҷӯйбор ба гӯш навои дилнишине мерасонад. Ба ин муносибат мо барномае мураттаб сохтем, ки он аз тантанаҳои айёми бедоршавии табиат - баҳори зиндагӣ, баҳори дилкушо ба шумо шодмонӣ мебахшад. Инак, барномаи тайёрнамудаи мо дар пешкаши Шумо. Марҳабо ба ҷашн