Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Таърихи пайдоиши муомилоти пули дар каламрави Точикистон

Таърихи пайдоиши муомилоти пули дар каламрави Точикистон

Аз таърихи пули миллии Точикистон

Финансы и кредит
Таърихи пайдоиши муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Тангаҳои қадимтарине, ки дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидаанд, дорикҳои тиллоии хахоманишиянд (асрҳои VI - V то милод), ки дар бозёфти машҳури "Хазинаи Амударё", ки ҳанӯз соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф гардида буд, ба даст омадаанд. Сарзаминҳои Суғд ва Бохтари қадим, ки ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҷузъе аз қаламрави онҳост қисмати муҳими империяи Хахоманиширо ташкил намуда, дар меҳвари савдои қадими байналхалқии Шарқу Ғарб қарор гирифта буданд. Муомилоти пулӣ дар қаламрави Тоҷикистон минбаъд дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён (асри IV - миёнаи асри III то милод) рушд пайдо качрд. Зикри ин матлаб муҳим аст, ки дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то милод) дар Бохтар сиккахона