Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Поздравления
Зодрузи ту бӯи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем, Дар хонаи ту файзи фаровон бинем. Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ бирасӣ, Мо шодию бахти хеш дар он бинем. Мавлуди накӯи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеи ту бод, Ин авҷу барори умр бодо табрик. Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта, Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ. Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад, Дили шодат ба даври ғам нагардад. Дуои мо ҳамин бошад шабу руз, Ки як муй аз сари ту кам нагардад. Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегӯем, Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем. Бубини умр то яксаду ҳаштод мегӯем, Туро бо зодрузат мо муборакбод мегӯем. *     *     * Дар синаат базми тарабу сур бошад, Ҷонат зи ғами ранҷу бало дур бошад.