Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Табрикоти рузи модарон (8 март)

Табрикоти рузи модарон (8 март)

Монолог ва табрикотхои рузи модарон (8-март)

Монолог ва табрикотхои рузи модарон (8-март)

Поздравления
Монолог дар мавзӯи "Модарҷонам!" Модарҷонам! Модарҷони азизам! Шуморо ба муносибати фарорасии идатон, яъне рӯзи 8-уми март, табрик намуда, бароятон аввало тани сиҳат, хонаи обод, зиндагии бардавом, рӯзгори пур аз шоду нишот, ҳавои беғубори дилкушо ва умри бобаракати Хизрриёнаро тамоно дарам. Модарҷонам, аз Худованди Муттаъол дуогӯи онам, ки сояи шуморо аз сари мо фарзандон ҳеҷ гоҳ дур накунад ва доимо соябону дуогӯи мо, фарзандон бимонед. Волидаи мушфиқам, шуморо ба шамъ монанд кардан шояд то андозае дуруст бошад. Шояд, зеро бе шумо, ҳам хона сард асту ҳам торик. Модарҷони меҳрубонам, шамъ барои он, ки ба дигарон равшани диҳад, оташе бар сари худ мегирад ва то ин ки дигарон роҳат бошанд, бо оташи ба сари худгирифта, тамоми вуҷудашро месӯзад, парвонаҳое гирди сари ӯ чарх мезананд ва ҳамчу