Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Сухани бечою бемаврид…

Сухани бечою бемаврид…

Одоби сухангуи

Статьи, Этика и эстетика
Бо сухан мардум омадааст падид, Бо сухан ҷони ӯ расад ба ҷинон. Сухан ганҷинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва ҷилобахши шунавандаро ба худ ҷалб менамояд. Хоҳ ҷолиб бошад, хоҳ не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон ҷастан метавонад касеро ё чизеро ҳалок созад. Сухан нӯшдорӯеро мемонад, ки беморонро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерӯю ҷон ва солимонро ақлу ҳуш ва заковату ибрат мебахшад. Беҳуда нагуфтаанд: Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст. Сухан аст, ки ҳаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас ҳушдор аст. Сухан аст, ки аблаҳонро оқилу оқилонро аллома мегардонад. Сухан ҷавҳари хираду сирати гӯяндаро таҷассумгар аст, зеро тавассути сухангӯии кас доираи васеи фикронии гӯянда маълум мегардад. Пайдост, ки