Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Сухан дар дахон хуш аст

Сухан дар дахон хуш аст

Аз захми сухан захми табар бех

Статьи
Забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ӯ зиндагии фақиронае дошту ҳар рӯз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурӯхт. Аз ҳисоби фурӯши як банд ҳезум ӯ қути лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рӯзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд. Марди ҳезумкаш як рӯз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ӯ вомехӯрад. Марди ҳезумкаш дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ӯ барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кӯмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷои як банд ҳезум ду банд оварда мефурӯхт. Як рӯз марди ҳезумкаш бо нишони