Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Стихотворение Сузи ишк для влюбленных (mp3)

Стихотворение Сузи ишк для влюбленных (mp3)

Шеъри ошикии сузи ишк (текст+mp3)

Любовь
Марав аз ман, кӣ бо ту меравад дунёи рангинам, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад ғамҳои ширинам. Агар бо ман гули руят набошад хор хоҳам шуд, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад айёми гулчинам. Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад меҳроби оинам. Чӣ оромист, оромии оби мурдаи соҳил, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад орому таскнинам. Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишқ, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад тумору зарринам. Ту эй дилхоҳи деринам, ту эй тадбиру тамкинам, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад табрику таҳсинам. Ту бо ман то ҷавон ҳастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, Марав аз ман, кӣ бо ту меравад ишқи нахустинам. Агар тир ҳам ба сар борад, туро ман дуст медорам, Агар чархам биёзорад, туро ман дуст медорам. Ту яктоӣ манӣ эй гул, тасаллои манӣ эй гул, А