Среда, 1 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Шунидам ки Хотами Той аспе дошт бодпо…

Шунидам ки Хотами Той аспе дошт бодпо…

Саховати Хотами Той

Рассказы
Шунидам, ки Ҳотами Той аспе дошт бодпо. Субҳгоҳ ҳамин, ки бо шитоб роҳ мерафт, мисли раъд бонг мезад, шиҳа мекашид ва дар суръати рафтор бар тундар пешӣ мегирифт. Дар мусобақаҳо дар кӯҳу дашт бо рехтани арақи мисли ҷола ончунон медавид, ки ту гумон мекардӣ абри найсон гузар дорад. Аҷаб селрафтор ва саҳронавард буд, ки бод ҳам мисли гард аз вай ақиб мемонд ва изҳори аҷзу нотавонӣ мекард. Ҳамон гуна ки маълум аст, васфу таърифи Ҳотам дар саховат забонзади хоссу ом шуда ва то гӯши султони Рум расида буд. Мегуфтанд, ки дар караму бахшиш мардеро ҳамтои ӯ намешавад пайдо кард ва аспаш низ дар тезравӣ ҳамтое надорад, ки ҳеҷ аспе ба гарди пойи вай наметавонад бирасад. Аспи ӯ биёбоннавард аст ва дар об мисли киштӣ аст ва агар сайр кунад аз болои вай уқоб ҳам наметавонад парвоз кунад. Султони Рум ба