Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Шеърхои бехтарини оиди модар

Шеърхои бехтарини оиди модар

Модарнома-и Лоик Шерали

Статьи
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст. Шояд ҳамин бошад, ки абармандони олам, шоҳон, шоирон ва олимон машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба Замин офаридаи табиат монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст: Ту монанди Замин танҳоӣ модар, Ту монанди Замин яктоӣ модар. Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост. Устод Лоиқ тамоми ҳастии худ, нуфузу эътибор ва