Среда, 8 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Шеърхои бехтарин барои зодруз

Шеърхои бехтарин барои зодруз

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 1) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 1) ба зодруз муборак

Поздравления
Имдоди Худоӣ бод ёрат, Иқболи замона дар канорат. Чашме нарасад ба эътиборат, Ҳифзи яздони бувад нигорат. *     *     * Намехоҳам сарат хамгашта бошад, Намехоҳам дилат ғамгашта бошад. Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан, Дилат шоду лабат пурханда бошад. *     *     * Хоҳамат ишқ ишқи яктое, Ки ба дарё чунин омузад. Хоҳамат бахт-бахти яктое, Ки дили зиндагӣ барафрузад. *     *     * Забони ҳақ шиори безабон бош, Нишони ворисони бенишон бош, Алам бардори руҳи сарбадорон, Бақоҷуи дуои модарон бош, Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош. *     *     * "Ном" орзумандем, ки шоҳбайти ғазал бошӣ, Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ. *     *     * Ё раб ка
Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 2) ба зодруз муборак

Поздравления
Зодрузи ту бӯи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем, Дар хонаи ту файзи фаровон бинем. Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ бирасӣ, Мо шодию бахти хеш дар он бинем. Мавлуди накӯи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеи ту бод, Ин авҷу барори умр бодо табрик. Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта, Сад сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ. Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад, Дили шодат ба даври ғам нагардад. Дуои мо ҳамин бошад шабу руз, Ки як муй аз сари ту кам нагардад. Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегӯем, Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем. Бубини умр то яксаду ҳаштод мегӯем, Туро бо зодрузат мо муборакбод мегӯем. *     *     * Дар синаат базми тарабу сур бошад, Ҷонат зи ғами ранҷу бало дур бошад.

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 3) ба зодруз муборак

Поздравления
Си баҳори пурсафоро дар задӣ, Ту гули садбарги тар бар сар задӣ. Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо, Зинда бош эй хонаи уммеди мо. *     *     * Шавед садсолаю дарде набинед, Зи умри хушгузар гарде набинед. Зи умри хушгузар эй гул ба домон, Ба сад соли дигар гарде набинед. *     *     * Қади сарват илоҳо хам набинад, Дили шодат илоҳо ғам нагардад. Илоҳо бошию садсола бошӣ, Ба болои сари мо соя бошӣ. *     *     * Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур, Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур. Ёрон ба канору зодрузат хушруз, Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур. *     *     * Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ, Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу бошӣ. *     *

Табрикотхо бо шеърхо (кисми 4) ба зодруз муборак

Поздравления
Рухат хуршедсон пурнур бодо, Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо. *     *     * Туро ҳусни накӯву дилнишин бод, Хушиву некрузиҳо қарин бод. Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад, Ҳаётат мисли номат нозанин бод. *     *     * Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад, Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад. Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад, Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад. *     *     * Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ, Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ. Туро орзу дорем давлату ганҷ, Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ. *     *     * Аз бахт хандонат бинам, Чун лаъл рахшонат бинам. Дар ҳар баҳори умри худ, Доим гулафшонат бинам. *