Четверг, 2 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Шеърхои бехтарин барои туй

Шеърхои бехтарин барои туй

Шеърхои табрикотии туй (никох) муборак

Поздравления
Хоҳам ин хона пур аз ханда шавад, Аз вафову ишқ поянда шавад. Махзани равшаниву нур шавад, Чашми бад бинад агар кур шавад. Шахси бад раҳ наёбад ба дараш, Соҳиби хона зафарёб шавад, Соҳиби бачаи бисёр шавад. Сулҳу оштӣ ҳамоҳанг шавад, Гар шавад ҷанг қадаҳҷанг шавад. *     *     * Домоду арус хона муборак бодо! Пероҳани туёна муборак бодо! Дунёи дигар паси тори чимилиқ, Шоҳонаю фарзона муборак бодо. Муборак, шодии ёрон муборак! Муборак, хонаободи муборак! Ду авлодро ба ҳам пайванд кардед, Шаби пайвастани авлод муборак! *     *     * Шаби васлу шарафмандӣ муборак, Чунин шодию хурсандӣ муборак. Дилогоҳию дилбандӣ муборак, Чу нахле гашта пайвандӣ муборак! Муборак ин шаби шодӣ муборак! Муборак хонаободӣ муборак! *     *&n