Пятница, 10 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Шеърхои Абуабдуллохи Рудаки

Шеърхои Абуабдуллохи Рудаки

Шеър аз Абуабдуллохи Рудаки

Стихи персидских и таджикских поэтов
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост, Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост. Бӯйи ҷигари сухта олам бигирифт, Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост. *     *     * Бо он ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст, Шодӣ зи ғами туам зи ғам афзун аст! Андеша кунам ҳар шабу гӯям, ё раб, Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст? *     *     * Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст, Он ҷо ду ҳазор найза болои хун аст. Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд, Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст! *     *     * Дил хаставу бастаи мусалсалмӯйест, Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест. Суде накунад насиҳатат, эй воиз, Ин хонахароб турфа якпаҳлуест. *     *     * Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт, Бар ҳусну ҷаво