Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Рузе подшохе барои пуст кандани мева корди тезе талаб кард…

Рузе подшохе барои пуст кандани мева корди тезе талаб кард…

Подшох ва вазир

Рассказы
Рӯзе подшоҳе барои пӯст кандани мева корди тезе талаб кард, аммо дар вақти буридани мева ангӯшташро бурид, вазир, ки дар онҷо буд гуфт: Нигарон набошед тамоми чизҳое, ки рух медиҳад дар ҷиҳати хайр ва салоҳи шумост. Подшоҳ аз ин сухани вазир барошӯфт ва аз рафтори ӯ дар баробари ин иттифоқ озурдахотир шуд ва дастури зиндонӣ кардани вазирро дод. Чанд рӯз баъд подшоҳ бо мулозимонаш барои шикор ба наздикии ҷангале рафтанд. Подшоҳ, дар ҳоле, ки машғули аспсаворӣ роҳро гум кард ва вориди ҷангали анбӯҳе шуд ва аз мулозимони худ дур афтод. Дар ҳоле, ки подшоҳ ба дунболи роҳи бозгашт буд ба маҳали сукунати қабилае расид, ки мардуми он дар ҳоли омодагии маросими қурбонӣ барои худоёнашон буданд, замоне ки мардум подшоҳи хушсиморо диданд хушҳол шуданд, зеро тасаввур карданд вай беҳтарин қурбонӣ барои