Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Рузе баъди шом ба хона омадам…

Рузе баъди шом ба хона омадам…

Як руз аз кор барвакттар биёед

Рассказы
Рӯзе баъди шом ба хона омадам. Духтарчаи чор солаам маро пешвоз гирифта, пурсид: -Падарҷон, Шумо дар як рӯзи кориатон чӣ қадар маблағ мегиред? Ман, ки аз кор монда шуда омада будам, асабӣ шуда ба ӯ гуфтам: -Корат чӣ? -Не, ҳамту пурсидам падарҷон. -Хайр бахшиш каме мондаам барои ҳамин зуд асабӣ шудам, дар як рӯзи кориам ман - 100 сомонӣ маблағ мегирам - ҷавоб додам. Боз духтарчаам аз ман пурсид: -Падарҷон ба ман 60 сомонӣ намедиҳед? Аз ин суханаш боз асабӣ шуда ба сараш баланд дод зада гуфтам: -Ҳар чизе, ки хостаи ба ту харида додаам, боз пулро чӣ кор мекунӣ? Рав, зуд хоб кун. Духтарчаам сар хам карда хапу хомӯш ба утоқи худаш даромад. Ба хона даромадам ва баъди 20 дақиқа, ки ором шудам, фикр кардам, ки мумкин ба ӯ ягон чизи дигар лозим аст, шояд беҳуда ба сараш баланд овоз баровардам. Хайр