Воскресенье, 5 апреляВместе создадим светлое будущее!


Метка: Рубоиёти Умари Хайём барои ошикон

Рубоиёти Умари Хайём барои ошикон

Рубоиёти Умари Хайём (текст+mp3)

Любовь
Хуршеди сипеҳри безаволи ишқ аст, Мурғи чамани хуҷастафоли ишқ аст. Ишқ он набувад, ки ҳамчун булбул нолӣ, Ҳар гаҳ, ки бимириву нанолӣ ишқ аст. Дил ошиқи чашми масти турконаи туст, Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст. Ҷону дили мо ошиқи девонаи туст, Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст. Гар як нафасат зӣ зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад. Ҳуш дор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон, Умр асту чунонаш гузаронӣ гузарад. Гар бода хури ту бо хирадмандон хур, Ё бо санами лоларухи хандон хур. Бисёр махур, вирд макун, фош масоз, Андак хуру, гаҳ-гаҳ хуру, пинҳон хур. То битвонӣ ранҷа магардон касро, Бар оташи хашми хеш маншон касро. Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ, Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро. Шоҳи талабӣ, бирав гадои ҳама бош, Бегона зи хешу ошнои ҳама бош. Хоҳӣ, к