Понедельник, 30 мартаВместе создадим светлое будущее!


Метка: Роххо дар хаёти давлат накши мухимро доранд

Роххо дар хаёти давлат накши мухимро доранд

Бунёди сохтмонхои азим – бунёди рушди кишвар аст

Статьи
Роҳҳо ба пеш мераванд, ба дуриҳои дур мераванд. Онҳо интиҳо надоранд. Гоҳо ба худ мисли мўйи сўхта мепечанд, гоҳе нишеб мешаванд, гоҳе рост мераванад. Роҳҳо ба пеш мераванд, шахсро ба сўйи хонаи умед раҳнамун месозанд, дилҳоро ба ҳам мепайванд, зеро гуфтаанд: «Роҳҳо пайванди дилҳо». Роҳҳо дар худ розҳои садсолаҳоро ниҳон медоранд. Бо шунидани он шахс ангушти ҳайрат мегазад, ба худ суол мекунад: «Наход роҳе, ки ба худ сабру таҳаммул пеша кардааст, чунин имтиҳони вазнини ҳаётро аз сар гузаронида бошад? Наход он шоҳиди чунин ҳодисоти бузург, наҷибу нотакрор гашта бошад? Пас барои чӣ он хомўш аст? Магар он намехоҳад ин розҳо ошкор гарданд? Пас чи сире нуҳуфта дар Роҳи бузурги абрешим? Тохту тозҳо, сўхтанҳову пухтанҳо, пайвандиҳову ободкориҳо. Бо худ чи ниҳон дорад шоҳроҳи Душанбе – Хуҷа